Ҷамшед Нурмаҳмадзода, раиси Бонки миллӣ ва Ҷамолиддин Нуралиев, ноиби аввали раиси Бонки миллии Тоҷикистон

Рекорди ҷаҳиши қурби доллару коҳиши рубл: Бонки миллӣ тасдиқ карду шарҳ дод

2654
(Таҷдидшуда 15:58 20.03.2020)
Бонки миллии Тоҷикистон расман дар бозори нақди кишвар то ба 10,4 сомонӣ расидани нархи як долларро тасдиқ карда, бо шарҳи вазъият қурби расмиро бозбинӣ кардааст

ДУШАНБЕ, 20 мар – Sputnik. Бонки миллии Тоҷикистон тасдиқ кард, ки қурби фурӯши доллари нақд дар бозори ғайрибонкӣ 6,2 фоиз баланд шуда, аз 9,79 сомонӣ дар аввали сол то ба 10,40 сомонӣ дар санаи 19 март расид. Ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 5,3 фоиз зиёд мебошад, зикр кард БМТ.

“Яке аз сабабҳои асосии баланд шудани қурби фурӯши доллари нақди ИМА дар бозори дохилии асъор ва зиёд шудани талабот ба он, ин афзоиш ёфтани тавозуни манфии савдои кишвар, коҳишёбии вуруди интиқолҳои пулӣ дар ин давра ва вобаста ба ин кам шудани пешниҳоди асъори хориҷӣ дар бозор ва ғайраҳо, мебошад”, - шарҳ додаст Бонки миллӣ.

Зуҳури пандемияи коронавирус ва коҳиши нархи нафт аз далелҳои дигари номуътадилӣ дар бозори асъор арзёбӣ шудааст.

Ин ниҳод таъкид кард, фарқияти аз меъёр зиёди қурби расмӣ ва қурби фурӯши доллари нақди ИМА дар бозори ғайрибонкӣ зиёд гардида истодааст, ки барои ба танзим даровардани он амалӣ намудани як қатор чораҳои иловагии фаврӣ зарур мебошанд.

“Бинобар ин, Бонки миллии Тоҷикистон барои коҳиш додани фишорҳои қурбӣ, таъсири хавфҳои асъории ҷойдошта ва таъмини риояи меъёри фарқияти то ба 2 фоизаи байни қурби расмӣ ва қурби фурӯши доллари нақди ИМА ва аз байн бурдани фарқият дар бозори ғайрибонкӣ, тасҳеҳи (коррексияи) якдафъаинаи қурби расмии доллари ИМА-ро ба андозаи то 5,0 фоиз амалӣ менамояд”, - изҳор дошт Бонки миллӣ дар шарҳи то ба 10,20 сомонӣ муайян кардани қурби расмии 1 доллар. Барои бори нахуст аст, ки дар Тоҷикистон расман қурби доллар марзи 10 сомониро убур кард.

Бонки миллӣ аз ҳаннотон гуфт

Ба иттилои Бонки миллӣ, ин имкон медиҳад, ки воридот ва интиқоли маблағҳо тавассути низоми бонкии кишвар бештар гардида, манфиати иниқолдиҳандагони маблағҳо аз хориҷи кишвар ҳимоя гардад, шаффофияти амалиётҳо бо мизоҷон таъмин карда шавад ва фаъолияти ҳаннотон дар бозорҳои ғайрибонкии нақдӣ маҳдуд гардад.

Зикри Бонки миллӣ аз ҳаннотон дар ҳолест, ки ба гуфтаи корафтодагон ба далели камбуди доллар тайи рӯзҳои охир бархе миёнаравҳо ғайриқонунӣ долларро то ба 10,5 – 11 сомонӣ мефурӯхтанд.

Дар ҳамин ҳол Бонки миллӣ дар нархномаи таҷдидшуда қурби як рублро 0,128 сомонӣ муайян намудаст. Ин нишондиҳанда субҳи имрӯз 0,122 сомонӣ буд.

Ин ниҳод афзудааст, ки бо назардошти вазъи номуътадили иқтисоди ҷаҳонӣ, қурби расмии асъори миллии аксари кишварҳои шарикони асосии тиҷоратии Тоҷикистон низ, ноустувор гаштааст. Аз ҷумла, қурби рубли Федератсияи Русия – 24,7 фоиз, рубли Беларус – 15,8 фоиз, тангаи Қазоқистон – 14,8 фоиз, лираи Туркия – 8,6 фоиз, соми Қирғизистон – 4,7 фоиз, нисбат ба доллари ИМА коҳиш ёфтаанд, мисол овардаст БМТ.

2654
Барчаспҳо:
рубл, қурби доллар, Тоҷикистон
Монеты, архивное фото

Суҳбати раиси нахустин бонки исломии Тоҷикистон: аз бартарият то мушкилот

410
Шералӣ Зардов, раиси нахустин бонки исломии Тоҷикистон, “Тавҳидбонк” дар бораи бартарияти бонкдории исломӣ ва мушкилоти роҳандозии ин низом дар кишвар суҳбат кард

ДУШАНБЕ, 21 октябр - Sputnik. Шералӣ Зардов гуфт, ки бартарии бонкдории исломӣ нисбат ба бонкҳои анъанавӣ дар он аст, ки роҳбарият ва кормандони он аз ҳама гуна фаъолияти спекулятивӣ дурӣ меҷӯянд.

Национальный банк Таджикистана
© Фото : Пресс-служба президента Таджикистана

Раиси “Тавҳидбонк” бо истиқбол аз қабули қонун “Дар бораи фаъолияти бонкии исломӣ” инчунин зарур хондааст, ки бархе корҳои дигар низ анҷом дода шаванд.

“Бе ворид намудани тағйирот ба қонунҳои амалкунанда, такмили санадҳои дахлдори Бонки миллии Тоҷикистон ва дигар мақомоти давлатӣ, дар сатҳи зарурӣ татбиқ намудани қонуни мазкур ғайриимкон аст. Алалхусус, мутобиқ намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фаъолияти бонкии исломӣ” ба Кодекси андоз (вобаста ба андоз­бандии маҳсулоти бонкии исломӣ), қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи бозори қоғазҳои қиматнок”, “Дар бораи иҷораи молиявӣ (лизинг)” ва ғайра ҳатмист”, - изҳор дошт Зардов дар суҳбат бо нашрияи парлумонии “Садои мардум”.

Ӯ афзудааст, ки дар раванди табдилдиҳии бонк аз анъанавӣ ба исломӣ бо норасоии мутахассисони ин соҳа, нобоварии аксари кормандони бонк барои ноил шудан ба комёбӣ, ноогоҳии масъулини мақомот аз моҳияти фаъолият, мушкилоти техникӣ ва ғайра мувоҷеҳ шудаанд.

“Бонки анъанавиро ба исломӣ табдил додан осонтар аз он буд, ки тафаккури кормандон, соҳибкорон ва масъулини мақомоти назоратиро мутобиқ намоем”, - изҳор доштаст мусоҳиб.

Шайх Абдулло ба БМТ: бо сармоягузорони Қатар бонки исломӣ бисозед

Зардов тавзеҳ додааст, ки дар адабиёти илмии марбут ба иқтисод ва бонкдории исломӣ зиёда аз 100 фарқи низоми бонкии исломӣ аз низоми бонкии анъанавӣ муайян шудааст.

Аммо фарқи асосӣ дар нагирифтани фоиз зоҳир мегардад. Ба гуфтаи ӯ, ташкилоти қарзии исломӣ дар қиёс ба ташкилоти қарзии анъанавӣ ба ҷои гирифтани фоиз аз амалиёти қарзӣ дар татбиқи лоиҳаҳо иштирок намуда, фоидаю зарарро бо мизоҷон тақсим менамояд.

Инчунин ин қабил ташкилоти молиявӣ наметавонанд маблағгузории фаъолиятеро, ки ба истеҳсол ва савдои тамоку, маҳсулоти спиртӣ, силоҳ ва лавозимоти ҷангӣ, қиморбозӣ, муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор ва прекурсорҳо вобаста мебошад, анҷом диҳанд.

“Эътироф бояд кард, ки доир ба бонкдории исломӣ аксарият бардошти ғайримантиқӣ ва то андозае ғалат доранд. Бояд дарк намуд, ки бонкдории исломӣ падидаи иқтисодӣ аст, на динӣ”, - изҳор доштааст Шералӣ Зардов дар фарҷоми суҳбат.

410
Барчаспҳо:
низоми бонкдории исломӣ, Тоҷикистон
Денежные купюры.

Бонки миллӣ арзиши рубл, доллар ва евроро барои имрӯз эълон кард

486
(Таҷдидшуда 13:26 21.10.2020)
Бонки миллии Тоҷикистон арзиши сомониро нисбат ба асъори хориҷӣ барои имрӯз, 21 октябр эълон кардааст

ДУШАНБЕ, 21 окт — Sputnik. Тибқи нишондодҳои Бонки миллии Тоҷикистон арзиши 1 рубли русӣ барои имрӯз 0.1324 сомонӣ  ва дар бозори нақд бошад 0.1350 сомонӣ нишон дода шудааст.

Ин ниҳод қурби миёнаи фурӯши 1 доллари ИМА дар муассисаҳои қарзии Тоҷикистонро аз 10.3385 то 10.3400 сомонӣ арзёбӣ кардааст. 

Бонки миллӣ қурби миёнаи фурӯши 1 евроро аз 12.2077 то 12.4000 сомонӣ арзёбӣ кардааст.

Дар бонкҳои дигари кишвар, аз ҷумла "Бонки Эсхата" нишондоди асъор нисбат ба дигарон каме болотар нишон дода шудааст.

Ин бонк хариду фурӯши 1 рублро имрӯз аз 0,1370 то 0,1395 сомонӣ муқаррар кардааст.

Дар “Спитаменбонк” бошад арзиши 1 рубл аз 0.132 то 0.141 ва дар “Алифбонк” бошад 1 рубл аз 0,1325 то 0,1415 сомонӣ нишон дода шудааст.

Раиси Бонки миллӣ аз мардуми Тоҷикистон хостааст долларҳоро дар хона нигаҳ надоранд

БМТ огоҳ менамояд, ки “берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст ва риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, сабаби ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашидан мегардад”.

486
Барчаспҳо:
қурби асъор, Бонки миллӣ, Тоҷикистон

Тавсифи Зеленский аз Раҳмон: сазоворед

0
(Таҷдидшуда 23:54 22.10.2020)
Раисҷумҳури Украина Владимир Зеленский ба унвони раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати интихоб шуданаш ба мансаби президентӣ барқияи шодбошӣ ирсол кардааст

ДУШАНБЕ, 21 окт — Sputnik. Тавре котиботи раисҷумҳури Тоҷикистон менависад, раисҷумҳури Украина кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро ба муносибати пирӯзӣ дар интихобот муборакбод гуфта, ба Эмомалӣ Раҳмон муваффақият таманно кардааст ва ӯро чун роҳбари сазовор ба боварии мардуми Тоҷикистон тавсиф кардааст.

Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
© Официальная страница пресс-службы президента РТ в Facebook

"Ғалабаи Шумо дар интихоботи кунунӣ далели боварии мардуми тоҷик ба Шумо ва дастгирии васеи роҳи интихобкардаи сиёсиву иҷтимоии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад,-  таъкид кардааст вай.

Раисҷумҳури Украина афзудааст, "аз номи мардуми Украина ва шахсан аз номи худам Шуморо ба муносибати аз нав интихоб шуданатон ба мақоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик менамоям".

Зеленский изҳори умедворӣ кардааст, ки минбаъд, муносибатҳои Тоҷикистону Украина ба сатҳи нав мебароянд.

Раҳмон ба Зеленский: мо ба ояндаи муносибатҳои дӯстӣ назари нек дорем

"Аз ин фурсати хурсандибахш истифода бурда, ба Шумо, Ҷаноби Олӣ сиҳатии комил ва дар фаъоляти пурмасъулиятатон минбаъд ҳам муваффақият, ба мардуми дӯсти тоҷик бошад, сулҳ, ризоият ва шукуфоӣ орзумандам", - гуфтааст дар анҷом вай.

Ба иттилои котиботи раисиҷумҳур, ҳамчунин аз номи резиденти Венгрия, Янош Адер ва Президенти Ҷумҳурии Федеративии Бразилия Ҷейр Месиас Болсона ба Эмомалӣ Раҳмон барқияи шодбошӣ расидааст.

0