Рубл ва сомонӣ, акс аз бойгонӣ

Қурби асъори хориҷӣ дар бозори нақди Тоҷикистон

388
(Таҷдидшуда 11:01 25.03.2020)
Бонки миллии Тоҷикистон имрӯз қурби расмии як рублро 0.1265 сомонӣ муайян кардааст, аммо бонкҳои тиҷории кишвар онро то 0.1305 сомонӣ мефурӯшанд

ДУШАНБЕ, 25 мар— Sputnik. Бархе бонкҳои тиҷоратии Тоҷикистон қимати 1000 рублро имрӯз дар бозори нақд зимни харид 129 сомонӣ ва зимни фурӯш 130.5 сомонӣ муайян кардаанд.

Қурби доллар дар овезаи бонкҳои тиҷорӣ зимни харид 10,18 ва зимни фурӯш 10,23 сомонӣ нишон дода шудааст.

Қурби расмии доллар аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон 10.2 сомонӣ муайян гардидаст.

Ин ниҳод ҳушдор додааст, ки берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст ва риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ дар пай дорад.

Бонки миллии Тоҷикистон дар шарҳи болоравии қурби доллару коҳиши нархи рубл дар кишвар изҳор дошта буд, ки он ба мушкилот дар иқтисоди ҷаҳонӣ, зуҳури пандемияи коронавирус ва коҳиши нархи нафт рабт дорад.

“Яке аз сабабҳои асосии баланд шудани қурби фурӯши доллари нақди ИМА дар бозори дохилии асъор ва зиёд шудани талабот ба он, ин афзоиш ёфтани тавозуни манфии савдои кишвар, коҳишёбии вуруди интиқолҳои пулӣ дар ин давра ва вобаста ба ин кам шудани пешниҳоди асъори хориҷӣ дар бозор ва ғайраҳо, мебошад”, - илова намуд Бонки миллӣ.

388
Барчаспҳо:
бонк, рубл, доллар, қурб, Тоҷикистон
Национальный банк Таджикистана

“Имконият Ховар” барҳам хурд

8
(Таҷдидшуда 02:26 05.08.2020)
Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон ахиран аз барҳамхурии боз як ташкилоти қарзии хурд хабар дод

ДУШАНБЕ, 5 авг — Sputnik.  Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз барҳамхурии ташкилоти қарзии хурди “Имконият Ховар” хабар дод.

Бино бар иттилои дафтари матбуоти Бонки милли Тоҷикистон, раёсати Бонк бо қарори навбатӣ дар асоси моддаи 6 Қонуни Тоҷикистон “Дар бораи барҳамдиҳии ташкилотҳои қарзӣ” дархости ҶДММ Ташкилоти қарзии хурди “Имконият Ховар”- ро оид ба бозхонди иҷозатнома ва барҳамдиҳии ихтиёрӣ қонеъ намуд.

Бонки миллӣ қайд намудааст, ки қарори раёсат дар бораи барҳамдиҳии ихтиёрӣ санаи 3 августи соли равон қабул шудааст .

Манбаъ қайд кардааст, ки мақомоти ваколатдори ҶДММ ТҚХ “Имконият Ховар” барои анҷом додани расмиёти барҳамдиҳии ихтиёрӣ бо риояи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Тоҷикистон комиссияи барҳамдиҳиро таъсис дода, ба Бонки миллии Тоҷикистон маълумоти заруриро пешниҳод намояд.

8
Барчаспҳо:
"Ховар", ташкилоти қарзии хурд, ташкилот, бонк, Бонки миллии Тоҷикистон, Тоҷикистон
Портфель с документами

Дар Тоҷикистон дар шаш моҳи ахир фаъолияти беш аз 12 ҳазор соҳибкор қатъ гардид

56
(Таҷдидшуда 02:16 05.08.2020)
Ожонсии омори Тоҷикистон ахиран эълон доштааст, ки дар шаш моҳи соли равон дар ҷумҳурӣ 12 ҳазору 600 фаоли бахши хусусӣ иҷозатномаи фаъолияти худро лағв кардаанд

ДУШАНБЕ, 5 авг — Sputnik.  Бино бар иттилои Ожонсии омори Тоҷикистон, аз ҷумла 460 шахсони ҳуқуқӣ ва ҳудуди 12,2 ҳазор соҳибкорони инфиродӣ фаъолияти худро қатъ қтӣ карданд.

Гуфта шудааст, ки аз ин шумор 463 соҳибкорони инфиродӣ тибқи гувоҳнома ва беш аз 10,3 ҳазор соҳибкорони ифниродӣ мувофиқи патент фаъолият мекарданд.

Дар ҳамин ҳол манбаъ зикр кардааст, ки дар ин давра инчунин 1357 хоҷагиҳои деҳқонӣ барҳам дода шуд.

Тибқи иттилои Ожонсии омор шумори субъектҳои хоҷагидории амалкунанда ба ҳолати 1 июли соли равон 333 ҳазор ададро ташкил дод, аз ҷумда 35,5 ҳазор - шахсони ҳуқуқӣ ва 298 ҳазор - соҳибкорони инфиродӣ.

Теъдоди умумии субъектҳои хоҷагидорӣ дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 1,8% ё худ 6 ҳазор адад афзуд.

Шумори соҳибкорони инфиродии амалкунанда нисбат ба ҳамин давраи соли пешин 6,3 ҳазор адад зиёд шуд, аз ҷумла соҳибкорони ифиродии тибқи гувоҳнома фаъолиятдошта - 1,4 ҳазор адад ва хоҷагиҳои деҳқонӣ - 5,2 ҳазор адад афзуда, теъдоди соҳибкорони инфиродии мувофиқи патент амалкунанда 357 адад кам шуд.

56
Барчаспҳо:
фаъолият, Ожонси омор, иҷозатнома, соҳибкор, Тоҷикистон