Қурби асъори хориҷӣ дар бозори нақду ғайринақдии Тоҷикистон

© Sputnik Сомони и рубли, архивное фото
Сомони и рубли, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Қурби доллар чи дар бозори ҷаҳон ва чи дар бозори асъори Тоҷикистон боло ва қурби рубл бошад, рӯз то рӯз паст мешавад

ДУШАНБЕ, 30 мар — Sputnik. Бонки миллии Тоҷикистон барои имрӯз дар оғози ҳафтаи навин арзиши асъори хориҷиро нисбат ба пули миллӣ эълом кард.

Сомони и доллары, архивное фото  - Sputnik Тоҷикистон
Арзиши сомонӣ нисбат ба рубл, доллар ва евро барои имрӯз

Қаблан, баъди арзоншавии нафт дар бозори ҷаҳонӣ қурби рубл якбора поён ва доллару евро боло шуд, ки вазъ то кунун бетағйир мондааст.
Қурби миёнаи фурӯши як рубли русӣ имрӯз дар муассиcаҳои ташкилоти қарзии Тоҷикистон аз 0. 1288 то 0.1320 сомониро ташкил медиҳад, хабар додаст Бонки миллӣ.

Ба иттилои манбаъ, нишондоди миёнаи фурӯши 1 доллари ИМА  10,2000 сомонӣ ва 1 евро муодили 10.0347 то 11.1853 сомонӣ шудааст.

Дар қурби расмӣ дар бозори ғайринақдӣ Бонки миллии Тоҷикистон афзудааст, ки имрӯз  доллари ИМА - 10,20 сомонӣ, 1 евро - 11.1853  сомонӣ ва 1 рубли русӣ - 0.1288 сомониро ташкил медиҳад.

Зимнан, иқтисоддонҳо ба он назаранд, ки бо эълон гаштани як ҳафта истироҳад дар Русия, дар гумон аст, ин ҳафта қурби рубл нисбат ба доллар тағйир ёбад.
БМТ ҳушдор додаст, ки берун аз дафтарҳои асосии бонкҳо, намояндагиҳо, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст ва риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ дар пай дорад.

Лентаи хабарҳо
0