Купюры американских долларов и монета с гербом Российской Федерации.

Бонки ҷаҳонӣ барои мубориза бо коронавирус ба Тоҷикистон 11,3 миллион доллар медиҳад

258
(Таҷдидшуда 14:44 03.04.2020)
Бонки умумиҷаҳонӣ аз ҳисоби Ассотсиатсияи байнулмилалии рушд барои Лоиҳаи эътинои фавр барои мубориза бо коронавирус ба Тоҷикистон дар ҳаҷми 11,3 миллион доллар ҷудо кардаас

ДУШАНБЕ, 3 апр — Sputnik. Маблағгузории гарантӣ аз ҷониби Шӯрои директорони Бонки умумиҷаҳонӣ рӯзи 2-юми апрел тасдиқ шудааст.

Ба иттилои Нигина Алиева, сухангӯи дафтари бонк дар Душанбе, лоиҳаи мазкур талошу кӯшиши Тоҷикистонро дар омодагӣ ва вокуниши самаранок ба пандемияи ҷаҳонии намуди нави коронавируси COVID-19 дастгирӣ мекунад.

Ба иттилои манбаъ, маблағгузорӣ барои ташкили тақрибан 100 кати нави ҷиҳозонидашуда барои шуъбаҳои эҳё ва табобати интенсивӣ дар муассисаҳои тиббии саросари Тоҷикистон кумак мерасонад.

"Ғайр аз он, лоиҳа баро таҳкими низоми тандурустии кишвар, барои расонидани табобат ба беморони сироятшудаи COVID-19 нигаронида шудааст",-гуфт Алиева.

Бемории аср: шумори гирифторони коронавирус дар дунё аз 1 миллион гузашт

Вай инчунин гуфт, ки маводҳои зарурӣ барои ошкор ва пешгирии COVID-19, аз ҷумла лавозимот барои гузаронидани санҷиш, реагентҳои лабораторӣ ва таҷҳизоти муҳофизати шахсӣ барои кормандони муассисаҳои тиббӣ ва лабораторияҳо харидорӣ карда мешаванд.

Гуфта мешавад, дар доираи Лоиҳа ҳамчунин чорабиниҳои иттилоотонӣ тавассути васоити ахбори омма ва ҷамоаҳои маҳаллӣ низ маблағгузорӣ мешаванд, то ки мардум бо маълумоти дахлдор дар бораи пандемия ва чораҳои муассири пешгирии он огоҳ бошанд.

 

258
Барчаспҳо:
Тоҷикистон, мубориза, вирус, пул, Бонки Ҷаҳонӣ
Здание Национального банка Таджикистана, архивное фото

Бонки миллӣ арзиши рубл, доллар ва евроро барои имрӯз эълон кард

484
(Таҷдидшуда 17:22 05.06.2020)
Бонки миллии Тоҷикистон арзиши сомониро нисбат ба асъори хориҷӣ барои имрӯз ҷумъа охири ҳафтаи равон эълон кард

ДУШАНБЕ, 5 июн — Sputnik.  Тибқи нишондоди Бонки миллии Тоҷикистон арзиши 1 рубли русӣ 0.1480 ва дар бозори нақдии кишвар 0.1550 сомонӣ арзиш дорад.

Ин ниҳод қурби миёнаи фурӯши 1 доллари ИМА дар муассисаҳои қарзии Тоҷикистонро аз 10.2793 то 10.2900 сомонӣ арзёбӣ кардааст.

Бонки миллӣ қурби миёнаи фурӯши 1 евроро аз 11.5570 то 11.7000 сомонӣ арзёбӣ кардааст. Тибқи нишондоди Бонки миллии Тоҷикистон арзиши 1 рубли русӣ дар муассиcаҳои ташкилоти қарзии Тоҷикистон аз 0.1480 то 0.1550 сомонӣ арзиш дорад.

Пешбинии коршинос: арзиши доллар тобистон поён мераваду рубл боло

Ҳамин тавр, Бонки миллии Тоҷикистон имрӯз қурби асъори хориҷиро нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон) чунин муқаррар кардааст: 1 доллари ИМА — 10.2793 сомонӣ, 1 евро – 11.5570 сомонӣ ва 1 рубли русӣ — 0.1480 сомонӣ.

БМТ огоҳ менамояд, ки "берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст ва риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, боиси ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашидан мегардад".

484
Барчаспҳо:
қурби асъор, арзиши рубли русӣ, Бонки Миллӣ, Тоҷикистон
Денежные купюры

Сад рубл барои як доллар: таҳлилгарон дар бораи бадтарин сенарияи пандемия гуфтанд

728
(Таҷдидшуда 17:03 04.06.2020)
Дар нимаи дуюми соли 2020 коҳишёбии назарраси рубл дар зери таъсири пастшавии нархи нафт интизор меравад

ДУШАНБЕ, 4  июн — Sputnik. Дар сурате, ки мавҷи дуввуми коронавирус дар ҷаҳон оғоз шавад ва кишварҳо дубора маҳдудиятҳо ҷорӣ кунанд, доллар метавонад ба 90-100 рубл бирасад.

Дар ин бора дар пешгӯии Маркази таҳлили макроиқтисодӣ ва дурнамои кӯтоҳмуддат  (ЦМАКП) зикр шудааст.

Тибқи гузориш, коҳиши назарраси рубл дар нимаи дуюми соли 2020 зери таъсири коҳиши нархи нафт ва афзоиши мавсимии талаботи дохилӣ ба асъори хориҷӣ дар назар аст.

Тавре ки Дмитрий Белоусов, роҳбари таҳлил ва пешгӯии равандҳои макроиқтисодӣ дар (ЦМАКП) шарҳ додааст, маҳдудиятҳои карантинӣ бояд дар тирамоҳ ва зимистони соли равон ба амал оянд.

Дар робита ба ин, интизор меравад нархи нафт хеле паст шавад.

Ба андешаи ӯ, аз семоҳаи чоруми соли 2020 то соли 2022, пули миллӣ ба ҳар як доллар тақрибан 87-91 рубл хоҳад буд.

Бо вуҷуди ин, то соли 2023 давраҳои бештар мусоид фаро мерасанд ва пули русӣ мустаҳкамтар гашта барои як доллар то 83-87 рубл баробар мешавад.

Коршиносон гуфтанд, ҳафтаи оянд бо доллар чи хоҳад шуд

Дар ин ҳолат, ба гуфтаи таҳлилгарон, доллар дар семоҳаи чоруми соли равон метавонад аз 85 рубл фаротар равад ва дар баттарин вазъ, 1 доллар 100 рубл хоҳад шуд.

728
Барчаспҳо:
нарх, коҳиш, арзиш, нафт, доллар, рубл
Руководитель отдела экономики Института стран СНГ Аза Мигранян

Коршинос: барномаи зиддибӯҳронии Тоҷикистон ду моҳ дер тасвиб шуд

0
Тоҷикистон аз ҳисоби кадом маблағҳо соҳибкоронро дастгирӣ хоҳад кард ва оё ин иқдомҳоро буҷаи кишвар мебардорад ё не - ба ин саволҳо коршинос, иқтисодшиноси Пажӯҳишгоҳи ИДМ Аза Мигранян посух гуфт

Ҳукумати Тоҷикистон барномаи зиддибӯҳронии замони пандемияи коронавирусро қабул кард, ки ба дастгирии соҳибкорон ва аҳолӣ равона гардидааст.

Имрӯз, 5 июн чанд фармони раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба имзо расид, ки мувофиқи он чанд гурӯҳ соҳибкорон аз андоз озод карда шуда, ба қишри осебпазир кӯмакпулӣ таъин ва боло бурдани арзиши барқу хизматрасониҳои коммуналӣ мавқуф карда шуд.

Мигранян о том, за счёт чего в Таджикистане будут поддерживать бизнес

"Дар ҳар як кишвар захираи муайяне ҳаст, ки ба истилоҳ захираҳои ғайрибуҷавӣ гуфта мешавад. Ин гуна буҷа дар Тоҷикистон низ ҳаст", - гуфт Миграниян дар сӯҳбат бо Sputnik Тоҷикистон.

Ба гуфтаи коршинос, таҳлили он ки иқдомҳои зиддибӯҳронии Ҳукуматро буҷаи Тоҷикистон мебардорад ё не, ғайриминтақист, зеро феълан маълум нест, ки барои ин иқдоми Ҳукумат чӣ қадар маблағ лозим аст.
"Фаҳмиши норасоии буҷа нисбӣ аст. Ҳама гуна кишвар бо норасоии буҷа метавонад то дер  арзи вуҷуд дошта бошад", - таъкид мекунад коршинос.

 

Ба гуфтаи ӯ, ин ҷо гап дар бораи дастгирии аҳолӣ ва тиҷорати хурд меравад.

"Ҳамааш аз он вобаста аст, ки то кай дар Тоҷикистон маҳудиятҳои фаъолияти иқтисодӣ амалӣ мешавад. Агар маҳдудиятҳо фарогир бошанд, пас ин ҳамагӣ дастгирии хурдест. Агар маҳдудиятҳо кутоҳмуддат ва маҳдуд бошанд, ҳамин тавре ки ҳоло дар Тоҷикистон рӯи кор меоянд, ин дастгирӣ ба аҳолӣ ва тиҷорати хурд назаррас хоҳад шуд".

Вай афзуд, ки вақте ҷараёни даромад нест, ихтисори андоз, пардохтҳои ҳатмӣ ва харҷҳои гуногун метавонад ба қисми рақобатпазир дар кам шудани талабот ба маводи онҳо дар мӯҳлати муайян кӯмак кунад. Аммо ин истеҳсолоти заифро наҷот намедиҳад.

"Сухан дар бораи дастгириҳои иҷтимоӣ бо мақсади тавонмандии харидории аҳолӣ меравад. Ин чораҷӯиҳо барои бештари кишварҳои ҷаҳон стандартӣ мебошанд", - тавзеҳ медиҳад ӯ.

 

Ин иқдомҳои Тоҷикистон ду моҳ дер қабул шуданд, гуфт дар анҷом Мигранян.

0