Сомони и рубли, архивное фото

Арзиши рубл дар Тоҷикистон каме боло рафт

1069
(Таҷдидшуда 12:27 09.04.2020)
Арзиши рубл дар Тоҷикистон назар ба ҳафтаи гузашта каме боло рафта, 1000 рубл дар бозори асъори кишвар 135 сомониро ташкил медиҳад

ДУШАНБЕ, 9 апр — Sputnik. Қурби рубли русӣ дар Тоҷикистон имрӯз нисбат ба ҳафтаи гузашта 7,5 сомонӣ боло рафтааст. Ҳафтаи гузашта дар бонкҳои кишвар агар 1000 рубли 128 сомониро ташкил медод, ҳоло бошад ба 135 сомонӣ баробар шудааст.

Дар бонкҳои дигари кишвар, аз ҷумла “Спитаменбонк” хариди 1 рубл  0.1350 ва фурӯши он бошад 0.1420 сомонро ташкил медиҳад.

Ҳамзамон “Бонки эсхата” низ хариди 1 рублро 0,1345 ва фурӯши онро 0,1365 сомонӣ ба роҳ мондааст.

БМТ афзудааст, ки дар дар бозори нақди кишвар имрӯз 1 доллари ИМА 10.2310 сомонӣ муқаррар шуда, 1 евро 11.1405 сомонӣ арзиш дорад.

Ёдовар мешавем аввали моҳи март, дар пайи он, ки кишварҳои тавлидкунандаи нафт барои ихтисори иловагии тавлиди нафт ба созиш нарасиданд, бо уфти нархи нафту ҷаҳиши қурби доллар ва евро оварда расонид.

Қабл аз ӯ дар Тоҷикистон 1000 рубл то 155 сомониро ташкил медод.

Бонки миллии Тоҷикистон дар шарҳи болоравии қурби доллару коҳиши нархи рубл дар кишвар изҳор дошта буд, ки он ба мушкилот дар иқтисоди ҷаҳонӣ, зуҳури пандемияи коронавирус ва коҳиши нархи нафт рабт дорад.

“Яке аз сабабҳои асосии баланд шудани қурби фурӯши доллари нақди ИМА дар бозори дохилии асъор ва зиёд шудани талабот ба он, ин афзоиш ёфтани тавозуни манфии савдои кишвар, коҳишёбии вуруди интиқолҳои пулӣ дар ин давра ва вобаста ба ин кам шудани пешниҳоди асъори хориҷӣ дар бозор ва ғайраҳо, мебошад”, - илова намуд Бонки миллӣ.

Ин ниҳод ҳушдор додааст, ки берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст ва риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ дар пай дорад.

1069
Барчаспҳо:
рубл, қурб, асъор, Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ҳангоми додани мукофот ба соҳибкор Муҳиб Бобоҷонов

Бобоҷонов боз 1 миллион сомониро барои мубориза бо COVID - 19 дод

51
Соҳибкор Муҳиб Бобоҷонов барои мубориза бо COVID - 19 дар Тоҷикистон боз як миллион сомонӣ хайр кардааст

ДУШАНБЕ, 4 июн — Sputnik. Муҳиб Бобоҷонов нимаи моҳи май ба табибони Рашт 200 ҳазор сомонӣ ҳадя карда,  баъдтар боз  барои пешгирии бемории коронавирус 1 миллион сомонӣ тақдим кард, хабар дод нашрияи “Садои мардум”.

Пештар Бобоҷонов барои 400 табиби ноҳияи Рашт дар ҳаҷми 500 сомонӣ ба ҳар кадомашон тақсим карда буд.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон  зимни ироаи паёми ахираш  ба Маҷлиси Олӣ аз корномаи ин соҳибкор  тавсиф намуда, гуфт, Муҳиб Бобоҷонов — сокини 80-солаи ноҳияи Рашт якҷо бо фарзандонаш соли гузашта 42 километр ва имсол 16 километр роҳро азнавсозӣ карда, толори варзиш, пул, чоҳҳои обкашӣ ва чор хонаи истиқоматӣ барои маъюбон ва оилаҳои камбизоат сохта, ҳоло ба масофаи 10 километр хатти оби нӯшокӣ кашида истодааст ва мақсад дорад, ки дар шаҳри Душанбе як корхонаи бузурги нассоҷӣ бунёд намояд.

Таъкид мешавад, Муҳиб Бобоҷонов ва писарони саховатпешааш Раҳимҷон, Шарафҷон ва Бегиҷон дар ҳалли мушкилоти мардуми ноҳия ва минтақаи Рашт пайваста кумак мекунанд.

Ахиран Раҳимҷон Бобоҷонов,  тоҷири тоҷики  муқими Русия ва писари Муҳиб Бобоҷонов  се миллион рублро ба муҳоҷирине, ки дар шароити пандемия бекор монда буданд, тақсим кард.

51
Барчаспҳо:
кумак, сомонӣ, миллион, Тоҷикистон
Судебный молоток, архивное фото

Жураев 85 ҳазор сомонӣ ҷаримабандӣ шуд

65
(Таҷдидшуда 14:51 04.06.2020)
Додгоҳи ноҳияи Ёвон Нурмаҳмад Жураев, собиқ муҳандис-заминсози Ҷамоати шаҳраки Ҳаёти Нави ноҳияро дар содир намудани ҷинояти қаллобӣ ва ғайриқонунӣ додани қитъаи замин гунаҳкор дониста, 85 ҳазору 800 сомонӣ ҷарима баст

ДУШАНБЕ, 4 июн — Sputnik. Тибқи қарори додгоҳ, Жураев аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои хизмати давлатӣ дар соҳаи замин ба муҳлати 3 сол маҳрум шуд, хабар дод “Ҷумҳурият”.

Манбаъ афзуд, Жураев ба боварии шаҳрванд Уктамҷон Шамсиддинов, сокини ноҳия даромада бо роҳи фиреб барои ҷудо ва ҳуҷҷатгузорӣ кардани 0,16 гектар қитъаи замини наздиҳавлигӣ 5000 доллари ИМА талаб карда, 3500 долларро бо роҳи қаллобӣ гирифта, ба манфиати шахсиаш сарф кардааст.

Ба иттилои додгоҳ, Жураев моҳи феврали соли 2019 барои воқеан ҷудо карда додани қитъаи замини наздиҳавлигии ваъдакардааш аз Шамсиддинов боз 30 ҳазор сомонӣ гирифтааст.

“Ҳамчунин, моҳи марти соли 2019  Нурмаҳмад Жураев ғайриқонунӣ 0,08 гектар қитъаи замини тарҳи 56-и корами обии мансуб ба хоҷагии деҳқонии “Оғабек”-и ҷамоати зикршударо ба У. Шамсиддинов ҳамчун замини фонди наздиҳавлигӣ ҷудо кардааст, ки шаҳрванд дар он корҳои сохтмонии таҳкурсии иҳотавии атрофи заминро анҷом додааст”, - омадааст дар иттилоия.

Зикр шудаст, ки  Нурмаҳмад Жураев аз шаҳрванд Уктамҷон Шамсиддинов бо роҳи қаллобӣ беш аз 47 ҳазор сомонӣ гирифта, ба ӯ зарари калон расондааст.

Ин дар ҳолест, ки вазифаи хизматии Нурмаҳмад Жураев ҳамчун муҳандис-заминсоз назорати самараноки истифодаи қитъаи замини хоҷагиҳои деҳқонӣ, ҳоҷагиҳои ёрирасон ва заминҳои наздиҳавлигии ҳудуди ҷамоат буд, на заминфурӯшӣ.

Дар пайи шикояти Уктамҷон Шамсиддинов аз амалҳои фиребкорона ва ғайриқонунии муҳандис-заминсози ҷамоат Нурмаҳмад Жураев ба Ожонси назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон муроҷиат кардааст.

Таъкид шудааст, дар рафти баррасии ариза, Нурмаҳмад Жураев 3500 доллари ИМА, 30 000 сомонии барои ҷудо кардани қитъаи замин гирифтааш ва 7500 сомонии барои иҳотадевори атрофи замин сарфкардаашро ба ӯ пурра баргардондааст.

Додгоҳ бо назардошти ҳолатҳои кор ҷазоро дар намуди ҷарима ва бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои  муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян таъйин кардаст.

65