ДУШАНБЕ, 16 апр - Sputnik. Сокинони кишвар мегӯянд дар бозорҳо нархи картошка то ба 7-8 сомонӣ расидааст, аммо намедонанд мақомоти дахлдор ба куҷо менигарда, то нархҳоро дар бозорҳо танзим намоянд.
Суннатулло Маматқулов, як корбари шабакаи Фейсбук дар саҳифааш навиштааст: “Нархи картошка 8 сомон шуд, оё ягон нафар чора мебинад”.
Дар зери навиштаи Маматқулов садҳо нафар шарҳу лайк гузошта, тасдиқ кардаанд, ки дар бозорҳои пойтахт ноҳияҳои атрофи он ва ҳатто шаҳри Хуҷанд нархи картошка ба 7-8 сомон расидааст.
Сокинон мегӯяд то ин ҳад боло рафтани нархи ин маҳсулти серталаб имкони харидро ба хама намедиҳад, дар ҳоле ки иддае аз пайвандонашон дар Русия давоми ин рӯзҳо бекоранду имкони кору маблағ фиристоданро надоранд.
Аҳмадзода Раҳмонро ба Иди картошка бурд: духтарон бо котлет пешвоз гирифтанд - Акс
Алишер Ғафуров, як сокини пойтахт дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон гуфт, бегоҳии рӯзи гузашта дар бозори “Сафариён” картошкаро 7 сомон харидам.
Ба гуфти ӯ на танҳо нархи картошка, бал ки орд низ дубора гарон шуда то ба 240 то 250 сомонӣ боло рафтааст.
Залина Магомедова, корбари дигар бо гузоштани нархномаи иддае аз маҳсулот навиштааст: "Картошкаи Масчоҳ 7 сомону 50 дирам, картошкаи Русия 6 сомон, пиёз 5с, орд 260с, чиснок 75с, лимон 45с. Ба куҷо менигаранд, ин чи бесарусомонист".
Сокинони кишвар дар саҳифаҳои дигари Фейсбук низ аз болоравии нархи ин маводи ғизоӣ изҳори нигаронӣ карда аз мақомоти дахлдор даъват кардаанд, ки пеши роҳи худсарона боло кардани нархҳо аз сӯйи тоҷирон дар бозорҳоро бигиранд, вагарна дар моҳи Рамазон аз ин ҳам гарон хоҳанд кард.
Дар Тоҷикистон Иди картошка таҷлил мешавад
Ёдовар мешавем ахиран Дилшод Музаффарзода, муовини аввали раҳбари Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон гуфт, воридоти гандум аз хориҷ, ки метавонист мушкил эҷод кунад, ҳал шуд ва пас аз чанд рӯз ҷамъоварии ҳосили картошка ва дигар маҳсулоти барвақтӣ шурӯъ мешавад, ки ба фаровонӣ ва арзонии бозор бе таъсир нахоҳад монд
Қаблан Эмомалӣ Раҳмон, президенти кишвар низ зимни як суҳбати телефонӣ ба раисони як қатор навоҳӣ дастур дод кишти картошкаро зиёд кунанд.
ДУШАНБЕ, 27 январ - Sputnik. Соли 2020 коҳиши иқтисодӣ бузургтарин пас аз Ҷанги дуюми ҷаҳон буд, гуфт президенти Русия Владимир Путин дар Форуми умумиҷаҳонии иқтисодӣ дар Давос.
Путин таваҷҷӯҳро ба аз даст додани даромади меҳнатии 3,5 триллион доллар дар 9 моҳи соли гузашта ҷалб кард.
"Нишондиҳанда афзоиш меёбад ва дар баробари он ташаннуҷи ҷомеа. Ҳамзамон, барқарорсозии пас аз бӯҳрон осон нест",- гуфт сарвари давлат.
Роҳбари Русия қайд кард, ки 20-30 сол пеш онҳо сиёсати болоравии макроиқтисодиро истифода мебурданд, аммо ҳоло ин захираҳо кор намекунанд, зеро захираҳо тамом шудаанд.
Форуми ҷаҳонии иқтисодии Давос 2021 аз 24 то 29 январ баргузор мешавад.
Чорабинӣ ба мавзӯи "Тағйироти бузург" бахшида шудааст. Дар форум президенти Русия Владимир Путин низ ширкат варзид.
ДУШАНБЕ, 27 январ - Sputnik. Коршиносон дар муколама бо РИА Новости гуфтанд, ки барои ба даст овардани фоида аз сармоягузорӣ бояд дар соли 2021 ба кадом асъорҳо сару кор гирифт.
"Интизор меравад, ки Бонки марказии ИМА сиёсати "доллари заиф"-ро татбиқ мекунад. Мо тахмин мезанем, ки сармоягузорӣ бо евро метавонад нисбат ба доллар даромади бештар ба даст орад. Инчунин бояд ба юани чинӣ назар кард, ки метавонад дар муқобили доллар ва евро боло раванд ", - гуфт директори НРАМ Сергей Гришунин.
Иқтисодшинос инчунин франки Швейтсарияро қайд карда, илова намуд, ки фарқияти калони қурби асъор ба татбиқи он халал мерасонад, ки ин ҷолибияти сармоягузории онро коҳиш медиҳад.
Гришунин ҳушдор дод, ки сармоягузорӣ ба асъорҳои сусти рушдёбанда ба мисли лираи туркӣ метавонад аз ҷиҳати молиявӣ хатарнок бошад.
Стратегисти сармоягузории "Открытие брокер" Константин Бушуев гуфт, ки имсол метавон ба асъори "молӣ" - долларҳои Австралия ва Канада, инчунин асъори кишварҳои рӯ ба тараққӣ - реали Бразилия ва песои Мексика диққат дод.
Дурнамои хушоянд: нархи нафт дар соли 2021 чанд хоҳад буд
Коршинос равшанӣ андохт, ки худи ин асъорҳо воситаҳои фоидаовар нестанд, аммо воситаҳои фоиданоки молиявӣ (саҳмияҳо ва вомбаргҳо), ки бо асъори дигар кишварҳо харида шудаанд, метавонанд даромаднокии зиёд ба даст оранд.
ДУШАНБЕ, 28 янв – Sputnik. Лайло Ёқубова хонандаи синфи 7 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №11-и ноҳияи Ҷаббор Расулов дар 8 - умин Фестивали байналмилалии "Шодии Тошканд" ғолиб омад, хабар медиҳад Маркази маорифи иловагӣ дар вилояти Суғд.
Ба иттилои манбаъ, хонандаи тоҷик узви маҳфили "Рассоми эҷодкор"- и Маркази таҳсилоти иловагӣ мебошад.
Гуфта мешавад, Лайло Ёқубова таҳти роҳбарии Нозима Раҳимбоева ба кумитаи тадорукоти озмуни мазкур, ки тариқи фосилавӣ баргузор гардид, расмҳои кашидаашро дар мавзӯъҳои "Олами рангини кӯдакон", "Ҷаҳоне, ки ман сукунат дорам", "Ватани ман", "Орзуи ман" пешниҳод намуд.
Фестивали байналмилалии кӯдакон "Шодии Тошканд" аз соли 2004 инҷониб аз ҷониби Академияи рассомии Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар ҳамкорӣ бо Вазорати фарҳанг ва корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар ду сол як маротиба байни кӯдакони аз 5 то 15-сола баргузор мегардад.
Чӣ гуна рассоми бе даст аз Ӯзбекистон асар меофарад - видео
Имсол ба кумитаи тадорукоти 8- умин Фестивали байналмилалии "Шодии Тошканд" зиёда аз 2 ҳазор асарҳои кӯдакон аз 27 кишвари олам, аз ҷумла Франсия, Ҳиндустон, Чин, Амрико, Озарбойҷон, Малайзия, Миср, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Исроил, Тоҷикистон, Русия, Латвия ва ғайра пешниҳод гардиданд.
Манбаъ меафзояд, асарҳои тасвирнамудаи Лайло Ёкубова дар намоишгоҳи доимии 8- умин Фестивали байналмиллалии "Шодии Тошканд" ба намоиш гузошта мешаванд.