Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон

Дастури Раҳмон: аз танзими бозори асъор то сарфаи буҷа ва сабукиҳои андозию қарзӣ

2694
(Таҷдидшуда 13:34 17.04.2020)
Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумати кишвар супориш додааст, ки ба ҷорӣ намудани сабукиҳо ва имтиёзҳои андозиву қарзӣ барои дастгирии соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ, соҳибкории хурду миёна, табақаҳои алоҳидаи аҳолӣ ва соҳаҳои осебпазири иқтисодиёт чораҳои мушаххас андешад.

ДУШАНБЕ, 17 апр — Sputnik. Бино ба иттилои дафтари матбуотии президент, Эмомалӣ Раҳмон ин дастурро зимни як ҷаласаи фаврӣ бо мақсади таъмини фаъолияти мунтазами иқтисоди миллӣ додааст.

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон Вазорати молия, Кумитаи андоз ва Хадамоти гумрук якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо вазифадор кардааст, ки ҷиҳати кам кардани таъсири манфии хавфҳои беруна ба иқтисодиёти кишвар, қисми даромади буҷет ва истифодаи имконияту манбаъҳои иловагӣ ба Ҳукумати кишвар пешниҳод манзур намоянд.

Президент роҳбарони вазорату идораҳоро вазифадор кардааст, ки доир ба истифодаи сарфакоронаи маблағҳои буҷетӣ, роҳ надодан ба хароҷоти дуюмдараҷаву ғайримақсаднок, пардохти пурраи музди меҳнати кормандони соҳаҳои иҷтимоӣ, нафақа, ҷубронпулию кумакпулиҳо ва беҳтаргардонии хизматрасониҳои тиббӣ, чора андешанд.

Раисҷумҳур ҳамчунин барои танзими бозори асъор ва муътадил нигоҳ доштани қурби пули миллӣ, ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ, пешниҳоди қарзҳои имтиёзнок ба истеҳсолкунандагон ва содироткунандагони ватанӣ, таъмини фаъолияти босуботи бонкҳо, пешниҳоди сабукиҳои қарзию бонкӣ ба ташкилотҳои қарзӣ ва соҳибкорон дастур додааст.

Дар пайи афзоиши худсаронаи нархи маводи ғизоӣ аз суи тоҷирон тайи моҳҳои ахир, президент кишвар ба Хадамоти зиддиинҳисорӣ, якҷо бо роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ҷиҳати пешгирӣ кардани ҳолатҳои ба таври сунъӣ баланд бардоштани нархҳо, махсусан, нархи маҳсулоти ниёзи аввал ва муътадил нигоҳ доштани нархҳо дар бозори истеъмолӣ супоришҳо додааст.

2694
Барчаспҳо:
маблағи буҷа, қарз, дастур, Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон
Оби зулол расширяет производство

"Оби Зулол" хатҳои нави истеҳсолӣ фаъол мекунад

162
(Таҷдидшуда 17:12 03.06.2020)
Ҳангоми пурра ба кор андохтани хатҳои нави истеҳсолӣ, ки дар маҷмӯъ ба маблағи 2,5 миллион евро харидорӣ шудаанд, имкон пайдо мешавад, ки ба маблағи 120 миллион сомонӣ маҳсулоти иловагӣ истеҳсол ва беш аз 50 ҷойи корӣ таъсис дода шавад

ДУШАНБЕ, 3 июн - Sputnik. Масъулини Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи "Оби Зулол" бо воридсозии хатҳои нави технологӣ тасмим доранд истеҳсоли маҳсулоти ғизои бачагона ва афшураҳоро ба роҳ монанд, хабар медиҳад мақомоти ичроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд.

Гуфта мешавад, ки зимни боздиди раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз корхонаи мазкур иттилоъ дода шуд, ки ҶСП "Оби зулол" бо мақсади саҳмгузорӣ дар раванди саноатикунонии мамлакат аввалин шуда, истеҳсоли маҳсулоти хӯроквории ғизои кӯдаконро дар зарфҳои "Дой-пак" ба роҳ хоҳад монд.

Бо ин мақсад корхона аз ширкати "Navatta Group"-и Италия хатти технологии "GUALAPACK"-ро ба маблағи қариб 700 ҳазор евро харидааст. Айни замон насби хатти технологӣ идома дошта, тавассути таҷҳизоти нав дар зарфҳои "Дой-пак" аз меваҳои себ, шафтолу, нок, қулфинай маҳсулот истеҳсол карда мешавад.

Дар назар аст, ки барои кӯдакон, наврасони синни томактабӣ ва ҷавонон омехтаи меваҳои пухтасоидашуда ё смузи аз гулчини меваҳо, олу, себ, шафтолу, биҳӣ, нок ва барои гурӯҳи васеи истеъмолкунандагон нок, олу, анор, олуча бо мағзи ин меваҳо истеҳсол карда шавад.

Ашёи хоми асосӣ барои маҳсулоти истеҳсолшаванда хамираи меваҳои ватанӣ маҳсуб ёфта, корхона бо хоҷагиҳо барои харидории 20 ҳазор тонна мева шартнома бастааст.

Ҳангоми пурра ба кор андохтани хатҳои нави истеҳсолӣ, ки дар маҷмӯъ ба маблағи 2,5 миллион евро харидорӣ шудаанд, имкон пайдо мешавад, ки ба маблағи 120 миллион сомонӣ маҳсулоти иловагӣ истеҳсол ва беш аз 50 ҷойи корӣ таъсис дода шавад.

Маҳсулоти истеҳсолшаванда тибқи нақша ба бозорҳои дохилӣ бароварда шуда, ҳамзамон ба Русия ва Қазоқистон содирот карда мешавад.

Пас аз шоӣ бо ҷараёни насби таҷҳизот Раиси вилоят барои пурра ба анҷом расонидани корҳо ба роҳбарияти корхона тавсияҳои судманд дод.

162
Барчаспҳо:
Тоҷикистон, Суғд
Маруф Мухаммадзода

Коронавирус ба буҷаи шаҳри Хуҷанд таъсир кард: шаҳр ба мушкилоти муваққатӣ рӯ ба рӯ шуд

342
(Таҷдидшуда 15:22 03.06.2020)
Ахиран раиси шаҳри Хуҷанд дар як ҷаласа таъкид доштааст, ки паҳншавии вируси корона дар Хуҷанд ба фаъолияти як қатор субектҳои андозсупор таъсир гузошта, мушкилоти муваққатиро пеш овардааст

ДУШАНБЕ, 3 июн - Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти раиси шаҳри Хуҷанд, Маъруф Муҳаммадзода, раиси шаҳри Хуҷанд дар ҷаласаи навбатӣ барои вазъи иҷрои буҷаи давлатӣ ва маҳаллӣ ба масъулини дахлдор, ҷиҳати ҳалли мушкилоти ба миёномада дастуру супоришҳо дод.

Вай таъкид доштааст, ки бинобар паҳн ёфтани бемории короновирус ва аз фаъолият бозмондани як қатор субектҳои андозсупор, бахусус корхонаҳои саноатӣ дар ин ҷода мушкилоти муваққатиӣ пеш омадааст.

Шаҳрдор дастур дод, ки бинобар кам шудани шиддати бемориии короновирус тамоми корхонаҳои шаҳр бо риояи қоидаҳои беҳдоштӣ ба фаъолияти пурсамар гузаранд.

Дафтари матбуоти шаҳри Хуҷанд қайд кардааст, ки оғози фаъолияти дигар нуқтаҳои савдо, аз ҷумла мағозаҳо ба истиснои бозору ошхонаву тарабхонаҳо мувофиқи мақсад дониста шуд.

Дар ҷаласа таъкид шудааст, ки фаъолияти муназзами бахши иқтисодӣ таъмини маоши кормандони соҳаи буҷа ва нафақагирон вобастагии зиёд дорад. Ҳамзамон бидуни он ба вусъатбахшии корҳои созандагию бунёдкорӣ, ободонию кабудизоркунӣ, таъмиру тармими биноҳои маъмурию истиқоматӣ, тароватбахшии кўчаву хиёбонҳо, гулгашту боғҳои фарҳангию мавзеъҳои истироҳатӣ коре анҷом дода намешавад.

Раиси шаҳри Хуҷанд дар маҷлис барои истиқболи сазовори ҷашни Ваҳдати миллӣ ва ифтитоҳи якчанд иншоот ба муносибати ин ҷашни умумимиллӣ масъулини дахлдорро дастуру супоришҳо дод.

Ҳамзамон вай гуфт дар ҳудуди шаҳри Хуҷанд барои сазовор пешвоз гирифтани 30 солагии Истиқлолияти Тоҷикистон силсилаи корҳои ободониву созандагӣ бомаром идома дорад.

342
Барчаспҳо:
буҷа, таъсир, муваққат, мушкилот, вирус, паҳншавӣ, ҷаласа, Хуҷанд, Тоҷикистон
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Ду донишҷӯи тоҷик мубталои коронавирус шуда, ба бемористон бистарӣ шуданд

0
Ду донишҷӯи тоҷик дар шаҳри Рибински вилояти Ярослав дар пайи сироятёбӣ аз коронавирус зери табобати пизишкон фаро гирифта шуданд

ДУШАНБЕ, 3 июн — Sputnik. Ду донишҷӯи тоҷикистонӣ дар вилояти Ярослав пас аз натиҷаҳои мусбии тахшиси коронавирус дар беморхонаи шаҳрӣ зери назорати табибон қарор гирифтанд.

Дар ин бора нашрияи минтақавии Рибинск хабар медиҳад.

"Ду донишҷӯ, шаҳрвандони Тоҷикистон ба беморхона интиқол ёфтанд. Ташхиси коронавирус дар бадани онҳо мусбӣ будаст. Аммо нафаре аз онҳо ягон нишанаи бемориро надоштаанду феълан худро хуб ҳис мекунанд", - менависад нашрия.

Ҳарду донишҷӯ ҳам дар хобгоҳи донишгоҳ зиндагӣ мекарданд. Бино бар сабаби карантин ва баста шудани роҳҳо натавонистанд ба Тоҷикистон раванд.

Боқимонда донишҷӯёне, ки дар ҳамин хобгоҳ зиндагӣ мекарданд, аз ташхис гузаштанд. Онҳо зери назорати табибон қарор доранд.

Фаврӣ: Тоҷикистон шаҳрвандонашро марҳила ба марҳила аз Русия, ба Ватан бармегардонад

 

133 донишҷӯи дигар ба карантини 14-рӯза фаро гирифта мешаванд.

 

0