Дастури Ҳакимзода барои зиёд кардани кишти картошкаю ғалла

CC0 / pxhere / Картофель
Картофель - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Қурбон Ҳакимзода, раиси вилояти Хатлон, нишондиҳандаҳои иҷтимоию иқтисодии вилоят дар се моҳи аввали соли 2020-ро баррасӣ кард

ДУШАНБЕ, 19 апр — Sputnik. Дар ҷаласа иҷрои нақшаи кишту кори баҳорӣ, рушди саноат, андешидани чораҳои санитарию гигиенӣ барои пешгирии бемории сироятии коронавирус, истеҳсолу захираи кофии маводи хӯрокворӣ ва дигар масъалаҳо мавриди баррасӣ қарор дода шуд, хабар дод котиботи дастгоҳи раиси Хатлон.

Книга, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Нашри "Субҳи беғуруб", маҷмӯаи ашъори Ато Мирхоҷа

Ба иттилои манбаъ, маҷмӯи маҳсулоти минтақавӣ дар се моҳи аввал ба 3 миллиарду 63,8 миллион сомонӣ расида, нисбати ҳамин давраи соли гузашта 6,9 фоиз афзоиш ёфтааст. Маҷмӯи маҳсулот ба ҳар як сокини вилоят 914,5 сомонӣ рост омада, нисбати ҳамин давраи соли 2019-ум 50 сомонӣ зиёд арзёбӣ мешавад.

Ба иттилои котиботи раиси Хатлон, ҳаҷми маҳсулоти умумии кишоварзӣ дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ ба 565,7 миллион сомонӣ расонида шуд, ки нисбати соли 2019-ум 27,5 миллион сомонӣ зиёд буда, афзоиши он 5,1 фоизро ташкил дод.

Манбаъ афзуд, ки дар бахшҳои ҷамоавӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ то санаи 15 апрел 252,8 ҳазор гектар кишти зироатҳои кишоварзӣ гузаронида шуда, аз он масоҳати кишти ғалладонагиҳо 127 ҳазор гектар, пахта 77900 гектар, зироатҳои равғандеҳ 8551 гектар, полезиҳо 8251 гектар, сабзавот 17554 гектар, картошка 5278 гектар ва зироатҳои хӯроки чорво 8280 гектарро ташкил мекунад.

Озода Рахмон - Sputnik Тоҷикистон
Пулдорӣ дар хориҷу идораи тиҷорат барои мансабдорон манъ: суҳбати Озода Раҳмон

Қурбон Ҳакимзода дастур додааст, ки барои афзоиши масоҳати кишти такрории зироатҳои кишоварзӣ ҷораҷӯӣ шавад.  Дар сохтори кишт бештар ба зироатҳои ғалладонагиҳо, махсусан лӯбиёгиҳо, инчунин картошка, сабзавот ва полизиҳо диққати бештар зоҳир карда шуда, дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории вилоят гузаронидани 130 ҳазор гектар кишти такрорӣ пешбинӣ карда шудааст.

Қаблан Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, дастур дода буд, ки барои то 40 фоиз зиёд намудани нақшаи кишти зироатҳо, бахусус, майдони кишти картошка то 60 фоиз афзоиш додани майдони кишти такрорӣ аз ҳисоби ғалладонагиҳо, лубиёгиҳо ва ҷуворимакка, инчунин таъмини истеҳсолу захираи орду равған тадбирҳои бетаъхир андешида шаванд.

Лентаи хабарҳо
0