Здание парламента Республики Таджикистан

Дар Тоҷикистон роҳи пӯшонидани касри буҷет ва ҷалби маблағҳо ба иқтисодро ёфтанд

881
(Таҷдидшуда 15:50 22.04.2020)
Ин масъаларо дар ҷаласаи палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон вазири молия Файзиддин Қаҳҳорзода ва раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия Ҳаким Холиқзода шарҳ доданд

ДУШАНБЕ, 22 апр — Sputnik. Дар Тоҷикистон роҳи пӯшонидани касри буҷет ва ҷалби маблағҳо ба иқтисодро ёфтанд. Вазорати молияи Тоҷикистон қоғазҳои қиматноки давлатиро дар шакли вексели давлатӣ ба маблағи 300 миллион сомонӣ ба муомилот мебарорад.

Ин тадбир бо мақсади ҷалби маблағҳои иловагӣ ба соҳаи иқтисоди миллӣ, бахусус рӯйпӯш намудани касри буҷети давлатӣ роҳандозӣ шуда, он ба муҳлати панҷ сол бо меъёри ду фоизи солона роҳандозӣ мегардад.

Тавре АМИТ "Ховар" иттилоъ медиҳад, дар ин хусус зимни ҷаласаи навбатии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум, ки имрӯз таҳти раёсати раиси Маҷлиси намояндагон Маҳмадтоҳир Зокирзода дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, қарори дахлдор қабул гардид.

Масъалаи мазкурро дар ҷаласаи палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон вазири молия Файзиддин Қаҳҳорзода ва раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия Ҳаким Холиқзода шарҳ доданд.

Зикр шуда, ки векселҳои давлатӣ бо асъори миллӣ дар шакли қоғазҳои қиматноки давлатӣ мутобиқи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи молияи давлати Ҷумҳурии Тоҷкиистон" ҳамчун  яке аз манбаъҳои пӯшонидани касри буҷети давлатӣ ва ҷалби маблағҳо ба иқтисоди миллӣ муқаррар гардидаанд.

"Вобаста ба вазъи имрӯзаи иқтисодиёти ҷаҳон, бахусус бамаротиб зиёд шудани эҳтиёҷоти соҳаи иқтисоди миллӣ ба маблағгузориҳои иловагӣ, пеш аз ҳама, соҳаҳои иҷтимоӣ истифодаи ин механизм ба мақсад мувофиқ шуморида мешавад",- иттилоъ дод Файзиддин Қаҳҳорзода.

Ба гуфтаи мавсуф, барориши қоғазҳои қиматноки давлатӣ дар навбати худ барои рушди бозори дохилии ин навъи қоғазҳо мусоидат намуда, усули бехавфтарини ҷалби маблағ барои харидорони онҳо ба шумор меравад.

"Манзур ин аст, ки қоғазҳоро давлат мехарад ва кафолати хизматрасонияшонро пурра ба зиммаи худ мегирад",- афзуд вазир.

Дар баробари ин, вобаста ба тағйирёбии қурби пули миллӣ нисбат ба асъори хориҷӣ хизматрасонии он аз буҷети давлатӣ сарбории иловагӣ талаб намекунад.

"Дар сурати ба муомилот баровардани векселҳои давлатӣ дар ҳаҷми 300 миллион сомонӣ ҳаҷми умумии қарзи дохилии давлатӣ ба 7,2 миллиард сомонӣ баробар шуда, нисбат ба Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилӣ  8,9 фоизро ташкил хоҳад дод", — гуфт Файзиддин Қаҳҳорзода.

Дар маҷмӯъ, иттилоъ дода шуд, ки афзоиши ин нишондиҳанда ба меъёри умумии қарзи давлатӣ, ки дар Стратегияи идоракунии қарзи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2020 муқаррар шудааст, зиёд намебошад.

Бо назардошти муҳимияти масъала вакилони мардумӣ пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар хусуси ҷалб намудани қарзи давлатӣ ҷиҳати барориши қоғазҳои қиматноки давлатӣ дар шакли векселҳо якдилона ҷонибдорӣ намуданд.

881
Барчаспҳо:
қарз, Маҷлиси намояндагон, Вазорати молияи ҶТ, Тоҷикистон
Доллары и чайник

Пул нест: касри буҷет дар чаҳор моҳ ба 60 миллион доллар расид

571
(Таҷдидшуда 02:47 26.05.2020)
Вазорати молияи Тоҷикистон ахиран эълон кардааст, ки буҷети кишвар давоми чаҳор моҳи соли равон наздик ба 60 миллион доллар расидааст

ДУШАНБЕ, 26 май – Sputnik. Ҳаҷми умумии буҷети ҳукумати Тоҷикистон давоми чаҳор моҳи соли равон ба 6 миллиарду 823 миллион сомонӣ расидааст, ки бо касри 600 миллион сомонӣ (муодили 58 миллион доллар) рубарӯ шудааст, иттилоъ додааст хабаргузории “Парстудей”

Вазорати молияи Тоҷикистон далели ин касри буҷетро густариши вируси корона ба сабаби таътилии касбукорҳо ва коҳиши пардохти молиёт ва аворизи мухталиф унвон кардааст.

Хароҷоти буҷет соли - 2020: кадом бахшҳо муҳиманд

Коршиносони Вазорати молияи Тоҷикистон бо ишора ба авзои иқтисодии Тоҷикистон дар паи густариши вируси корона дар ин кишвар эҳтимоли касри 230 миллион долларии буҷети ҳукумат то поёни имсол пешбинӣ кандаанд. 

Ҳаҷми умумии бюджети ҳукумати Тоҷикистон дар соли равон, 26 миллиарду 100 миллион сомонӣ(муодили 2 миллиард 100 миллион доллар) аст.  

571
Барчаспҳо:
норасоӣ, Вазорати молия, пул, доллар, Тоҷикистон
Таджикские сомони и рубли, архивное фото

Бонки миллӣ арзиши рубл, доллар ва евроро барои имрӯз эълон кард

733
(Таҷдидшуда 10:04 25.05.2020)
Бонки миллии Тоҷикистон арзиши сомониро нисбат ба асъори хориҷӣ барои имрӯз ҷумъа охири ҳафтаи равон эълон кард

ДУШАНБЕ, 25  май — Sputnik. Тибқи нишондоди Бонки миллии Тоҷикистон арзиши 1 рубли русӣ то 0.1400 ва дар бозори нақдии кишвар 0.1440 сомонӣ арзиш дорад.

Ин ниҳод қурби миёнаи фурӯши 1 доллари ИМА дар муассисаҳои қарзии Тоҷикистонро аз 10.2685 то 10.2700 сомонӣ арзёбӣ кардааст.

Бонки миллӣ қурби миёнаи фурӯши 1 евроро аз 11.1875 то 11.5000 сомонӣ арзёбӣ кардааст.

Аммо дар бонкҳои кишвар нисбат ба нишондоди БМТ арзиши асъори хориҷӣ каме болост.Дар “Бонки Эсхата” хариду фурӯши 1 рубл аз 0.1430 то 0.1450сомонӣ муқаррар шудааст.

Дар “Спитаменбонк” бошад арзиши 1 рубл аз 0.1400 то 0.1450 ва дар “Алифбон” бошад 1 рубл аз 0,1420 то 0,1455сомонӣ нишон дода шудааст.

БМТ огоҳ менамояд, ки "берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст ва риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, боиси ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашидан мегардад".

733

Назорати шабонарӯзӣ: муовинони вазир аз чанд беморхонаҳои шаҳри Душанбе дидан карданд

0
(Таҷдидшуда 11:10 26.05.2020)
Роҳбарияти вазорати тандурустӣ Тоҷикистон бо мақсади аз наздик ошнои пайдо кардан бо фаъолияти муассисаҳои тандурустии кишвар гаштҳои шабонаро низ ба роҳ мондааст

ДУШАНБЕ, 26 май – Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти вазорати тандурустии Тоҷикистон, ахиран бо ин мақсад муовинони Вазири тандурустӣ Саида Умарзода ва Шодихон Ҷамшед аз як қатор марказҳои саломатии шаҳри Душанбе дидан намуданд.

Манбаъ қайд намудааст, ки зимни боздид аз марказҳои саломатии мазкур муовинони Вазири тандурустӣ бо табибон вохӯрӣ анҷом дода,  дар рафти он масъалаҳои пурзӯр намудани корҳои омодагӣ барои пешгирии сирояти коронавирус баррасӣ намуданд.

Инчунин зимни боздид масоили таъмини муассисаҳои тандурустӣ бо маводҳои тиббӣ ва зиддивирусӣ, пурзӯр намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни аҳолӣ бо мақсади пешгирӣ аз вируси мазкур низ баррасӣ шуданд.

Манбаъ зикр намудааст, ки ҳадаф аз сафарҳои масъулони вазорат аз наздик ошно шудан бо фаъолияти табибон ва ҷараёни табобати беморони гирифтори сирояти коронавирус дар муассисаҳои тандурустӣ, саривақт фаро гирифтани онҳо ба табобати хонагӣ, таъмини беморон бо доруворӣ ва бемористонҳо бо таҷҳизоти тиббӣ, таъмини табибон бо либосҳои муҳофизатӣ, ошкор намудани камбудиҳои муассисаҳо, мушкилоти табибон ва саривақт ба онҳо расидагӣ кардан мебошанд.

0
Барчаспҳо:
Душанбе, беморхона, назорат, шабона, тандурустӣ, муассисаҳо, ошноӣ, вазорати тандурустӣ, Тоҷикистон