Черный понедельник на валютных рынках

Бонки ҷаҳонӣ: коронавирус таҳдидест барои иқтисоди Тоҷикистон

1041
(Таҷдидшуда 13:39 30.04.2020)
Бонки ҷаҳонӣ ахиран дар мавриди вазъияти иқтисодии Тоҷикистон гузориши ҷадиде мунташир кард. Дар ин гузориш гуфта шудааст, ки коронавирус метавонад барои иқтисоди Тоҷикистон миёншикан бошад

ДУШАНБЕ, 30 апр — Sputnik. Бино бар ин гузориш, ҳамагирии тӯлонӣ муддати коронавирус, ташдиди таниш дар тиҷорати ҷаҳонӣ ё коҳиши амиқтари рушди иқтисодӣ дар иқтисодҳои бузурги минтақа аз тариқи коҳиши тиҷорат, сармоягузориҳои мустақим ва ирсоли пул бар иқтисоди Тоҷикистон таъсири манфӣ хоҳад гузошт, иттилоъ додааст хабаргузории Форс.

Коршиносони ин бонк муътақиданд, ки мушкилоти сохтории иқтисоди Тоҷикистон низ бар чашмандози тавсеаи ин кишвар таъсир мегузорад.

Ба бовари ин коршиносон, мушкилоти мудириятӣ дар ширкатҳои давлатӣ аз ҷумла дар арсаҳои калидии иқтисод, хатароти ғайримустақими молии болоеро ба ҳамроҳ дошта, пойдории манобеи молиро таҳдид мекунад.

Таъхир дар иҷрои ислоҳоти сохтории мавриди ниёзи мутамарказ ба беҳбуди фазои тиҷорӣ ба унвони монеи тавсеаи бахши хусусӣ боқӣ хоҳад монд.

Сохту сози неругоҳи барқи обии Роғун аз ҳисоби будҷети давлатӣ ҳамчунон таҳдиди ҷиддиеро барои пойдории иқтисоди калон ва коҳиши бештари ҳазинаҳои иҷтимоӣ ба ҳамроҳ дорад.

Ислоҳот дар соҳаи андоз, барномаи бозсозии бахши энержӣ ва барномаи ислоҳоти бахши молӣ дар сурати иҷрои муваффақиятомез метавонанд дар миёнмуддат ба беҳбуди мудирияти молӣ ва муҳити тиҷорӣ кумак кунанд.

1041
Барчаспҳо:
таҳдид, гузориш, вирус, иқтисод, Бонки ҷаҳонӣ, Тоҷикистон
Доллары и чайник

Пул нест: касри буҷет дар чаҳор моҳ ба 60 миллион доллар расид

243
(Таҷдидшуда 02:47 26.05.2020)
Вазорати молияи Тоҷикистон ахиран эълон кардааст, ки буҷети кишвар давоми чаҳор моҳи соли равон наздик ба 60 миллион доллар расидааст

ДУШАНБЕ, 26 май – Sputnik. Ҳаҷми умумии буҷети ҳукумати Тоҷикистон давоми чаҳор моҳи соли равон ба 6 миллиарду 823 миллион сомонӣ расидааст, ки бо касри 600 миллион сомонӣ (муодили 58 миллион доллар) рубарӯ шудааст, иттилоъ додааст хабаргузории “Парстудей”

Вазорати молияи Тоҷикистон далели ин касри буҷетро густариши вируси корона ба сабаби таътилии касбукорҳо ва коҳиши пардохти молиёт ва аворизи мухталиф унвон кардааст.

Хароҷоти буҷет соли - 2020: кадом бахшҳо муҳиманд

Коршиносони Вазорати молияи Тоҷикистон бо ишора ба авзои иқтисодии Тоҷикистон дар паи густариши вируси корона дар ин кишвар эҳтимоли касри 230 миллион долларии буҷети ҳукумат то поёни имсол пешбинӣ кандаанд. 

Ҳаҷми умумии бюджети ҳукумати Тоҷикистон дар соли равон, 26 миллиарду 100 миллион сомонӣ(муодили 2 миллиард 100 миллион доллар) аст.  

243
Барчаспҳо:
норасоӣ, Вазорати молия, пул, доллар, Тоҷикистон
Таджикские сомони и рубли, архивное фото

Бонки миллӣ арзиши рубл, доллар ва евроро барои имрӯз эълон кард

724
(Таҷдидшуда 10:04 25.05.2020)
Бонки миллии Тоҷикистон арзиши сомониро нисбат ба асъори хориҷӣ барои имрӯз ҷумъа охири ҳафтаи равон эълон кард

ДУШАНБЕ, 25  май — Sputnik. Тибқи нишондоди Бонки миллии Тоҷикистон арзиши 1 рубли русӣ то 0.1400 ва дар бозори нақдии кишвар 0.1440 сомонӣ арзиш дорад.

Ин ниҳод қурби миёнаи фурӯши 1 доллари ИМА дар муассисаҳои қарзии Тоҷикистонро аз 10.2685 то 10.2700 сомонӣ арзёбӣ кардааст.

Бонки миллӣ қурби миёнаи фурӯши 1 евроро аз 11.1875 то 11.5000 сомонӣ арзёбӣ кардааст.

Аммо дар бонкҳои кишвар нисбат ба нишондоди БМТ арзиши асъори хориҷӣ каме болост.Дар “Бонки Эсхата” хариду фурӯши 1 рубл аз 0.1430 то 0.1450сомонӣ муқаррар шудааст.

Дар “Спитаменбонк” бошад арзиши 1 рубл аз 0.1400 то 0.1450 ва дар “Алифбон” бошад 1 рубл аз 0,1420 то 0,1455сомонӣ нишон дода шудааст.

БМТ огоҳ менамояд, ки "берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст ва риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, боиси ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашидан мегардад".

724