Национальный банк Таджикистана

Ташкили ситод дар Бонки миллӣ барои наҷоти иқтисодиёти Тоҷикистон дар давраи коронавирус

1171
(Таҷдидшуда 14:18 04.05.2020)
Бонки миллии Тоҷикистон ба хотири пешгирӣ аз таъсири эҳтимолии пандемияи COVID-19 ба иқтисодиёти миллӣ, низомҳои бонкӣ ва суғуртаи кишвар ситод ташкил додааст

ДУШАНБЕ, 4 мая — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон, бо мақсади тақвияти корҳо дар бозори пули миллӣ ва асъори хориҷӣ, истифодаи фишангҳои самараноки пулию қарзӣ ва дар сатҳи муътадил нигоҳ доштани таваррум баҳри иҷрои Нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба пешгирӣ ва кам кардани таъсири хавфҳои эҳтимолии коронавирус (COVID-19) дар ҷаҳон ба иқтисодиёти миллӣ БМТ тадбирҳои зеринро андешида истодааст.

Аз ҷумла, Бонки миллӣ таъкид доштааст, ки барои дастгирии иқтисодиёти Тоҷикистон ва пеш гирифтани сиёсати ҳавасмандгардонии монетарӣ Бонки миллӣ  аз 1 майи соли 2020 меъёри бозтамвилро 1 банди фоизӣ паст карда, дар сатҳи 11,75 фоизи солона муқаррар намуд.

Захираҳои ҳатмӣ яке аз фишангҳои асосии татбиқи сиёсати пулию қарзии Бонки миллии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, механизми танзими пардохтпазирии умумии низоми бонкиро, ки барои назорати унсурҳои пулӣ (дар сатҳи муайян нигоҳ доштани ҳаҷми пул дар муомилот) истифода мешавад, ифода мекунанд.

“Аз ин рӯ, бо мақсади андешидани тадбирҳои саривақтӣ ва дастгирии пардохтпазирии ташкилотҳои қарзии молиявӣ, бинобар эҳтимоли зиёд гардидани таъсири хавфҳои ба пандемияи cирояти нави коронавирус (COVID-19) вобаста, меъёри захираҳои ҳатмии ташкилоти қарзии молиявӣ аз рӯи пасандозҳо ва уҳдадориҳои дигари ба онҳо монанд, аз 1 апрели соли равон бо пули миллӣ аз 3 фоизи амалкунанда ба 1 фоиз (2 банди фоизӣ) ва бо асъори хориҷӣ аз 9 фоизи амалкунанда ба 5 фоиз (4 банди фоизӣ) паст карда шуд”, таъкид доштаанд масъулини БМТ.

Ҳамзамон Бонки миллӣ қайд кардааст, ки иқдоми мазкур метавонад имкониятҳои молиявии ташкилоти қарзии молиявиро дар давраи буҳронӣ беҳтар намуда, ба маблағи 241,7 млн. сомонӣ пардохтпазирии иловагиро барои низоми бонкӣ пешниҳод намояд.

Паҳншавии бемории коронавирус (СOVID–19) дар ҷаҳон ва тағйирёбии нархи нафт ба самтҳои мухталифи иқтисодиёти ҷаҳон таъсири манфии худро расонида, ҷорӣ намудани ҳолатҳои карантинӣ дар мамлакатҳои шарикони стратегӣ, баста шудани сарҳадҳо ва давомёбии чунин ҳолатҳо метавонад хафвҳои эҳтимолиро ба соҳаҳои гуногуни иқтисодӣ, аз ҷумла низоми бонкии мамлакат баланд бардошта, фаъолияти самараноки низоми бонкии кишварро халалдор намояд.

“Вобаста ба ин, бо назардошти муҳимияти масъала бо мақсади ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявӣ, пешгирӣ намудани зиёдшавии ҳиссаи қарзҳои ғайрифаъол, нигоҳ доштани ҳолати пардохтпазирӣ БМТ ташкилоти қарзии молиявиро вазифадор намудааст, ки нақшаи чорабинии дахлдор омода намуда, ҷараёни иҷрои онро таҳти назорати қатъӣ қарор диҳанд”, - қайд кардааст масъулини БМТ.

Ҳамчунин Бонки миллӣ ба ташкилотҳои қарзии молиявӣ барои зиёд кардани қарздиҳӣ ба соҳибкории истеҳсолӣ, аз ҷумла истеҳсолоти воридотивазкунанда бо назардошти пешгирии хавфҳои бонкӣ тавсияҳо додааст.

Ба ташкилоти қарзии молиявӣ имконият фароҳам оварда шуд, ки бо назардошти таъмини ҳифзи манфиатҳои истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявӣ то 1 августи соли равон фаъолияти марказҳои хизматрасониҳои бонкии муаммодор ва зараровари худро муваққатан мавқуф гузоранд.

Бонки миллии Тоҷикистон барои дастгирии  низоми бонкӣ ва истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявӣ, ташкилоти қарзии молиявиро аз ҳаққи хизматрасонии ҳисоббаробаркунии байнибонкӣ тавассути низомҳои Бонки миллии Тоҷикистон, аз ҷумла низоми автоматишудаи байнибонкӣ (RTGS) ва низоми автоматишудаи байнибонкӣ (АБС) то 01 сентябри соли 2020 озод карда, ба ташкилотҳои қарзии молиявӣ тавсия додааст, ки ҳаққи хизматрасониҳои байнибонкиро ба мизоҷони худ таҷдиди назар намоянд.

Бонки миллӣ қайд кардааст, ки айни ҳол ташкилоти қарзӣ вобаста ба имкониятҳои ҷойдоштаи худ бо назардошти ҳолати молиявии муштариён қисми қарзҳои онҳоро тамдид ва таҷдид намуда, барои баъзе қарздороне, ки ҳолати молиявии мушкил доранд, муҳлатҳои имтиёзнок пешниҳод намуда истодаанд.

Дар баробари ин, ташкилотҳои қарзии молиявӣ вазифадор шудаанд, ки барои ҳифзи саломатии истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявӣ ва пешгирӣ намудан аз паҳншавии вируси сироятии COVID-19 тадбирҳои дахлдор андешида, лавозимоти санитарӣ-гигиениро дар ташкилоти хеш таъмин намоянд.

Бо зуҳури пандемияи COVID-19 дар Осиёи Марказӣ, БМТ ба Ҳукумат ва вазорату идораҳои кишвар пешниҳодҳоро барои ба пешгирии таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон ва низоми бонкӣ ирсол намуд.

1171
Барчаспҳо:
Бонки миллӣ, ситод, низоми бонкӣ, иқтисод, пешгирӣ, Тоҷикистон
Предприятие Вахдат по производству носков в Таджикистане

Дар Тоҷикистон 83 корхонаи нав ифтитоҳ ёфту 124 корхона аз фаъолият бозмонд

81
(Таҷдидшуда 15:13 07.08.2020)
Вазири рушди иқтисоди Тоҷикистон ахиран эълон доштааст, ки 2216 корхонаи саноатии бақайдгирифташуда 124 корхона аз фаъолият бозмонд

ДУШАНБЕ, 7 авг — Sputnik. Ахиран вазири иқтисод ва савдои Тоҷикистон Завқӣ Завқизода, зимни нишасти матбуотӣ таъкид дошт, ки Дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ ба хотири иҷрои ҳадафи чоруми миллӣ –  саноатикунонии кишвар тадбирҳои зарурӣ амалӣ гардиданд.

Ба гуфтаи вай,дар Тоҷикистон 83 корхонаи нави саноатӣ, бо таъсиси 1135 ҷои кор, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Рушди соҳаи саноат новобаста аз коронавирус: ҳаҷми истеҳсол беш аз 15 дарсад афзоиш ёфт

Вай зикр кард, ки дар натиҷаи паҳншавии пандемияи коронавирус, корхонаҳои саноатии кишвар ба як қатор мушкилиҳо, аз ҷумла дастрасии номукаммал ба воситаҳои молиявӣ ва ашёи хом, таҷҳизоту технологияҳои замонавӣ ва коҳишёбии нархи молу маҳсулоти содиротии кишвар дар бозорҳои ҷаҳонӣ, дучор гардиданд.

Ҳамзамон Завқӣ Завқизода зини нишастӣ матбуотӣ таъкид дошт, ки дар ин росто, аз 2216 корхонаи  саноатии  бақайдгирифташуда 124 корхона аз фаъолият бозмонд.

81
Барчаспҳо:
фаъолият, аз ҳаракат бозмондан, аз фаъолият бозмондани нашриёт, корхона, саноат, Тоҷикистон
Грузовик с газом, архивное фото

Боз гаронтар: газ 4,5 сомонӣ шуд. Оё нарх поён меравад?

866
(Таҷдидшуда 16:34 06.08.2020)
Қимати гази моеъ, аз умдатарин маводи сӯзишвории нақлиёт дар Тоҷикистон боз ҳам боло рафта ба 4, 5 ва ҳатто дар баъзе аз таъмингоҳҳои маводи сухт то ба 4, 7 сомонӣ баробар шудааст. Зимнан ин нархнома назар ба як моҳи қабл беш аз 55 % баланд гуфта мешавад

ДУШАНБЕ, 6 авг – Sputnik. Шурӯъ аз имрӯз нархи гази моеъ дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ дар шаҳру навоҳии Тоҷикистон тағйир ёфтааст.

Бино ба иттилоъи манобеъи Sputnik Тоҷикистон ҳоло арзиши як литр гази моеъ ба 4, 5 – 4, 7 сомонӣ боло рафтааст.

Ин дар ҳолест, ки оғози ҳафтаи ҷорӣ нархи он дар аксар нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ 4, 2 ва 4, 3 сомонӣ муқаррар шуда буд.

Сабаби боло рафтани қиммати газро масъулини ширкатҳои фурӯши маводи сӯхт расман шарҳ намедиҳанд. Як корманди нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ (автозаправка) дар ноҳияи Варзоб гуфт, барои ӯ ҳам дақиқ маълум нест, ки чаро нархи газ рӯз ба рӯз боло меравад.

“Мо коргари оддӣ ҳастем. Шахсан ман танҳо дастгоҳи газдиҳандаро ба баки мошинҳо насб мекунам. Маблағи фурӯши газро нафари дигар дар хазина қабул мекунад. Ростӣ барои мо ҳам маълум нест сабаби болоравии нарх, инро роҳбарон медонанд”, иброз намуд, ҳамсуҳбти мо.

Дар ҳамин ҳол аксар ронандаҳои нақлиёт аз баланд шудани нархи газ изҳори нигаронӣ мекунанд. Онҳо мегуянд, баланд шудани арзиши газ дар замони хуруҷи пандемияи COVID -19 ба ҷайби зарба мезанад.

Коршинос сабабҳои ҷаҳиши  нархи гази моеъ дар Тоҷикистонро гуфт

"Нархи газ ба кори мо таъсир мерасонад. Нархи газ гарон шуд гуфта, нархи хизматрасонии мусофиркашони (таксӣ) ро зиёд кунем, ҳеҷ кас намешинад. Дар ин миён мо бояд ҳар моҳ маблағи патентро супорем. Агар нарх ҳамингуна боло рафтан гирад, кори мо тамом мешавад”, - гуфт ронандаи таксӣ.

Коршиносон мегуянд, тағйири нархи газ дар Тоҷикистон дар замони хуруҷи пандемияи COVID-19 ба вуҷуд омад.

Дар оғози моҳи май вақте мақомот сабти бемории вируси каронаро расман тасдиқ карданд, гаштугузори мошинҳо дар шаҳру навоҳии кишвар ба маротиб коҳиш ёфт.

Дар ин миён қимати газ то ба 2, 4 сомонӣ поён рафт. Аммо баъди хатми муҳлати қарантинаи хонагӣ ва эълони вазъи муътадили беҳдоштӣ дар кишвар ҳаракати восиатҳои нақлиёт бештар шуд ва ба ин минвол нархи гази моеъ умдатарин василаи ҳаракатдиҳандаи нақлиёт ҳам рӯз ба рӯз баланд шуд.

Ҳоло бар тибқи мушоҳидаҳо нархи газ дар қиёс ба як моҳи пеш беш аз 55 % баланд шуда то ба 4, 5 - 4, 7 сомонӣ баробар шудааст.

Иктишофи нафту гази Тоҷикистон: танҳо ду ширкат, ҳарду ҳам кор намекунанд

Дар Тоҷикистон маводи сӯхт, аз ҷумлаи гази моеъ ва бензину дизел аз хориҷа, асосан аз кишвари Русия ва Қазоқистон тавассути қаламрави Қирғизистон ворид мешавад.

Дар соли гузаштаи 2019 бино ба маълумотҳои омории мақомоти гумрук беш аз 430 ҳазор тон гази моеъ, қариб 180 ҳазор тон бензин ва ҳудуди 250 ҳазор тон маводи дизелӣ ба кишвар ворид шудааст. "Фароз”, "Газпром", "Газойл", "Роҳи Сомон нафт" ва “Суғднефт” аз бузургтарин ширкатҳои таъминкунандаи сӯзишворӣ дар Тоҷикистон ба ҳисоб мераванд.

Саридораи геологияи гуфт, дар Тоҷикистон чи қадар кони нафту газ аст

Аммо то кунун ҳеҷ кадом аз ин ширкатҳо дар бораи сабабҳои болоравии нарх расман изҳори назар накардаанд. Ин вазъ то кай давом мекунад ва нархи газ кай поён меравад? Ин суолест, ки ҳоло бештар аз ҳар вақти дигар масъулинро манзур медорад.

866
Барчаспҳо:
НФС, шикоят, сокинон, гарон, нарх, гази моеъ, Тоҷикистон
Министр образования Таджикистана Нуриддин Саид

Нуриддин Саид бо сафири араб мулоқот кард

0
Раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саид бо Сафири Фавқулода ва Мухтори давлати Фаластин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Луай Исо дидор ва мулоқот кард

ДУШАНБЕ, 7 авг — Sputnik. Масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаҳои иҷтимоӣ, фарҳангӣ, бахусус телевизион ва радио имрӯз зимни вохӯрии Раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саид бо Сафири Фавқулода ва Мухтори давлати Фаластин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Луай Исо баррасӣ гардиданд.

Раиси Кумитаи телевизион ва радио оид ба имконоти ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Фаластин дар соҳаи телевизион ва радио маълумот дода, тавсеаи равобити дуҷониба дар ин самтро барои муаррифии таъриху тамаддун ва фарҳанги ду давлат муҳим арзёбӣ намудааст.

Таъкид шуд, ки шабакаҳои телевизион ва радиои Тоҷикистон дар баробари дигар забонҳои хориҷӣ, ҳамчунин ба забони арабӣ низ барномаҳо таҳия ва пахш менамоянд.

Дар ин росто, истифода аз таҷрибаи ҷониби Фаластин, ки забони давлатии он арабӣ мебошад, барои боз ҳам баланд бардоштани сатҳи забондонии мутахассисони кумита ва омӯзиши таъриху фарҳанги ин давлат мусоидат мекунад.

Ҷонибҳо имзои Созишномаи ҳамкорӣ байни Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии телевизион ва радиои Давлати Фаластинро, ки дар баррасии тарафҳо қарор дорад, воситаи муҳими тақвияти ҳамкории дуҷониба арзёбӣ намуда, зарурати ҳарчи зудтар омода ва ба имзо расидани онро таъкид карданд.

Дар Тоҷикистон ду шабакаи нави телевизионӣ ифтитоҳ мешавад

Сафири Фавқулода ва Мухтори давлати Фаластин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Луай Исо дар навбати худ омодагии кишварашро барои тақвияти ҳамкории гуногунсоҳа бо Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла дар соҳаи телевизион ва радио, таҳияи барномаҳои телевизионӣ ва радиоӣ оид ба таъриху тамаддун ва фарҳанги мардумони ду мамлакат иброз намуд.

0