Таджикские сомони и рубли, архивное фото

Бонки миллӣ арзиши рубл, доллар ва евроро барои имрӯз эълон кард

1113
(Таҷдидшуда 08:52 05.05.2020)
Бонки милли Тоҷикистон қуқрби асъори хориҷиро барои имрӯз, 5 майи соли 2020 чунин муқаррар кардааст

ДУШАНБЕ, 5 май — Sputnik. Тибқи иттилои Бонки миллӣ, қурби миёнаи фурӯши 1 рубли русӣ дар бозори нақди кишвар аз 0.1354 то 0.1370 сомониро ташкил медиҳад.

Рекорди ҷаҳиши қурби доллару коҳиши рубл: Бонки миллӣ тасдиқ карду шарҳ дод

Ин ниҳод қурби миёнаи фурӯши 1 доллари ИМА дар муассисаҳои қарзии Тоҷикистонро аз 10.2450 то 10.2500 сомонӣ арзёбӣ кардааст.

Бонки миллӣ қурби миёнаи фурӯши 1 евроро аз 11.2070 то 11.5000 сомонӣ арзёбӣ кардааст.

Ин ниҳод имрӯз қурби асъори хориҷиро нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон) чунин муқаррар кардааст: 1 доллари ИМА — 10.2450 сомонӣ, 1 евро – 11.2070 сомонӣ, 1 рубли русӣ — 0.1354 сомонӣ.

БМТ огоҳ менамояд, ки "берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст ва риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, боиси ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашидан мегардад".

1113
Барчаспҳо:
Тоҷикистон, қурби асъор, арзиши рубли русӣ, БМТ

Маросими савгандёдкунии Байден ба доллар зарба хоҳад зад

207
(Таҷдидшуда 00:37 20.01.2021)
Таҳлилгарон дар бораи тағйири қурби доллар ва евро пас аз савгандёдкунии президенти нави ИМА Ҷо Байден пешгӯӣ карданд

ДУШАНБЕ, 20 янв - Sputnik. Таҳлилгарон гуфтанд, ки пас аз савгандёдкунии президенти тозаинтихоб Ҷо Байден қурби доллар ва евро чӣ гуна хоҳад буд

Пас аз савгандёдкунии сарвари нави давлат, доираи тағирёбии асъор нисбат ба ҳолати муқаррарӣ барои бозор камтар хоҳад буд, гуфт Анна Бодрова, таҳлилгари калони ИАЦ "Альпари", дар сӯҳбат бо "Российская газета".

Ба гуфтаи вай, дар ҳафтаи сеюми моҳи январ қурби доллар дар ҳудуди 73,5-75,5 рубл фарқ хоҳад кард. Аммо, нархи солимтари он 76-77 рублро ташкил хоҳад дод. Евро дар ҳудуди 89-91 рубл боқӣ хоҳад монд.

Бодрова гуфт, ки аз аввали моҳи январ қурби доллар бо рубл ҳамагӣ 0,2% коҳиш ёфтааст. Бо вуҷуди ин, ноустуворӣ баланд боқӣ мемонад.

"То он даме, ки ин омил амал мекунад, рубл ба он чизе, ки дар атрофи он рух медиҳад, ба таври зебо муносибат мекунад, дар айни замон, иштирокчиёни бозор ба таври возеҳ заминаи ахборро, ки ба назар мусоидтар менамояд, "интихоб мекунанд", - қайд кард таҳлилгар.

Вай таъкид кард, ки зикри таҳримҳои Амрико алайҳи Русия дар рӯзҳои аввали Байден ба ҳайси президент метавонад боиси коҳиши "шадид ва эҳсосии" рубл шавад.

Ба гуфтаи Бодрова, такягоҳ барои бисёре аз сармоягузорон эътимоди онҳо ба эмгузаронии коронавирус буд.

Ин ба нигоҳ доштани сатҳи баланди ҳам нархи нафт (55-57 доллар барои як баррел) Brent ва ҳам асъори кишварҳои рӯ ба тараққӣ мусоидат мекунад.

207
Барчаспҳо:
арзиши асъор, рубл, евро, доллар
Национальный банк Таджикистана

Аз болоравии евро то суқути доллар: эълони қурби асъори хориҷиро барои имрӯз

150
(Таҷдидшуда 11:09 20.01.2021)
Бонки миллии Тоҷикистон арзиши сомониро нисбат ба асъори хориҷӣ барои имрӯз, 20 январ эълон кард, ки бар асоси он арзиши рублу евро нисбат ба аввали ҳафта каме боло рафтааст

ДУШАНБЕ, 20 янв— Sputnik. Тибқи нишондоди Бонки миллии Тоҷикистон арзиши 1 рубли русӣ барои имрӯз 0.1522 сомонӣ нишон дода шудааст.

Доллари амрикоӣ пас аз якбора боло рафтан дар соли гузашта, дар ҳоли суқут қарор дорад. Ин ниҳод қурби миёнаи фурӯши 1 доллар дар муассисаҳои қарзии Тоҷикистонро аз 11.3000 то 11.3300 сомонӣ арзёбӣ кард.

Бонки миллӣ қурби миёнаи фурӯши 1 евроро 13.7193 то 13.9000 сомонӣ арзёбӣ кардааст, ин дар ҳолест, ки қурби асъори аврупоӣ рӯзи гузашта поинтар буд.

Харидуфурӯши 1 рублро бошад, Бонки миллӣ имрӯз аз 00.1516 то 0.1550 сомонӣ муқаррар кардааст.

Дар бонкҳои дигари кишвар, аз ҷумла "Бонки Эсхата" харидуфурӯши 1 рублро имрӯз аз 0,1530
0,1555 сомонӣ муқаррар кардаанд.

Дар "Спитаменбонк" бошад, арзиши 1 рубл аз 0.1530 то 0.1550 ва дар "Алифбонк", 1 рубл аз 0,1500 то 0,1555 сомонӣ нишон дода шудааст.

Иқтисоддонҳо гуфтан, кадом асъор нисбат ба доллар фоидаовартар аст

БМТ огоҳ менамояд, ки "берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст ва риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, сабаби ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашидан мегардад".

 

 

150
Барчаспҳо:
қурби асъор, Бонки Миллӣ, Тоҷикистон
Маруф Мухаммадзода

Таъйиноти кадрӣ дар ҳукумати Суғд: Маъруф Муҳаммадзода, вазифаи нав гирифт

194
(Таҷдидшуда 11:05 20.01.2021)
Маъруф Муҳаммадзода, собиқ раиси шаҳри Хуҷанд дар ҳукумати вилояти Суғд ба вазифаи нав таъйин шудааст

ДУШАНБЕ, 20 янв – Sputnik. Бино ба иттилоъи манобеи Sputnik Тоҷикистон бо қарори Раҷаббой Аҳмадзода раиси вилояти Суғд, Маъруф Муҳаммадзода мудири бахш оид ба сохтмон дар ҳукумати Суғд таъйин шудааст.

“Маросими муаррифии Муҳаммадзода ба мақоми нави вазифавӣ имрӯз дар ҳукумати вилояти Суғд доир шуд”, гуфт манбаъ.

Ба иттилоъи манбаъ, собиқ шаҳрдори Хуҷанд дар ин мақоми нави вазифавӣ дар ҳукумати Суғд, ба ҷойи Аминҷон Бобоҷонов таъйин шудааст.

Бо омадани Муҳаммадзода Бобоҷонов ба куҷо рафтааст, зимнан маълум нест. 

Маъруф Муҳаммадзода 29 июли соли 1962 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Соли 1984 Донишкадаи политехникии Тоҷикистонро бо ихтисоси муҳандис - сохтмончӣ хатм намудааст.

Солҳои 1985 – 1986 дар вазифаи муҳандиси шуъбаи техникии трести "Сельстрой-2"-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров кор карда, солҳои 1986 – 1990- фаъолияти меҳнатии худро ҳамчун муҳандиси шӯъбаи истеҳсолӣ-техникӣ, устои КСМ-44-и трести "Сельстрой-2"-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров идома додааст.

То соли 2011 дар ба сифати муҳандис дар корхонаҳои сохтмонӣ фаъолият намудааст.

Солҳои 2011 – 2014 дар вазифаи муовини раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва 2014 – 2015 мудири шуъбаи меъморӣ ва шаҳрсозии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд буд.

Аз январи соли 2015 то соли 2017 дар вазифаи муовини Раиси шаҳри Хуҷанд фаъолият кардааст.

Таъиноти кадрӣ аз Бонки миллӣ то Прокуратураи генералӣ: президент кадрҳоро ҷобаҷо кард

Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз 31 марти соли 2017 Раиси шаҳри Хуҷанд таъин гардид.

Маъруф Муҳаммадзода дар поёни соли 2017 раиси шаҳри Хуҷанд таъйин шуда то соли 2020 дар ин вазифа се сол кор кард.

Тағйироти кадрӣ дар 8 шаҳру навоҳии Хатлон: кӣ ба куҷо рафт?

Санаи 18 ноябри соли 2020, ӯ бо фармони раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон аз ин мақоми шаҳрдорӣ барканор гардид ва ба ҷои ӯ Фирдавс Шарифзода, иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Хуҷанд таъйин шуд.

 

194