Жураев 85 ҳазор сомонӣ ҷаримабандӣ шуд

© Sputnik / Андрей Старостин / Гузариш ба медиабонкСудебный молоток, архивное фото
Судебный молоток, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Додгоҳи ноҳияи Ёвон Нурмаҳмад Жураев, собиқ муҳандис-заминсози Ҷамоати шаҳраки Ҳаёти Нави ноҳияро дар содир намудани ҷинояти қаллобӣ ва ғайриқонунӣ додани қитъаи замин гунаҳкор дониста, 85 ҳазору 800 сомонӣ ҷарима баст

ДУШАНБЕ, 4 июн — Sputnik. Тибқи қарори додгоҳ, Жураев аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои хизмати давлатӣ дар соҳаи замин ба муҳлати 3 сол маҳрум шуд, хабар дод “Ҷумҳурият”.

Парк Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Барқарор кард: боздошти ронандае, ки дар "Наврӯзгоҳ" дарахти "Каштанка" - ро шикаст

Манбаъ афзуд, Жураев ба боварии шаҳрванд Уктамҷон Шамсиддинов, сокини ноҳия даромада бо роҳи фиреб барои ҷудо ва ҳуҷҷатгузорӣ кардани 0,16 гектар қитъаи замини наздиҳавлигӣ 5000 доллари ИМА талаб карда, 3500 долларро бо роҳи қаллобӣ гирифта, ба манфиати шахсиаш сарф кардааст.

Ба иттилои додгоҳ, Жураев моҳи феврали соли 2019 барои воқеан ҷудо карда додани қитъаи замини наздиҳавлигии ваъдакардааш аз Шамсиддинов боз 30 ҳазор сомонӣ гирифтааст.

“Ҳамчунин, моҳи марти соли 2019  Нурмаҳмад Жураев ғайриқонунӣ 0,08 гектар қитъаи замини тарҳи 56-и корами обии мансуб ба хоҷагии деҳқонии “Оғабек”-и ҷамоати зикршударо ба У. Шамсиддинов ҳамчун замини фонди наздиҳавлигӣ ҷудо кардааст, ки шаҳрванд дар он корҳои сохтмонии таҳкурсии иҳотавии атрофи заминро анҷом додааст”, - омадааст дар иттилоия.

Зикр шудаст, ки  Нурмаҳмад Жураев аз шаҳрванд Уктамҷон Шамсиддинов бо роҳи қаллобӣ беш аз 47 ҳазор сомонӣ гирифта, ба ӯ зарари калон расондааст.

Две женщины на улице. архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Бедаракшавии Фотима, Сайёра ва Абдухолиқ: кумакхоҳии ВУД аз мардум-аксу видео

Ин дар ҳолест, ки вазифаи хизматии Нурмаҳмад Жураев ҳамчун муҳандис-заминсоз назорати самараноки истифодаи қитъаи замини хоҷагиҳои деҳқонӣ, ҳоҷагиҳои ёрирасон ва заминҳои наздиҳавлигии ҳудуди ҷамоат буд, на заминфурӯшӣ.

Дар пайи шикояти Уктамҷон Шамсиддинов аз амалҳои фиребкорона ва ғайриқонунии муҳандис-заминсози ҷамоат Нурмаҳмад Жураев ба Ожонси назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон муроҷиат кардааст.

Таъкид шудааст, дар рафти баррасии ариза, Нурмаҳмад Жураев 3500 доллари ИМА, 30 000 сомонии барои ҷудо кардани қитъаи замин гирифтааш ва 7500 сомонии барои иҳотадевори атрофи замин сарфкардаашро ба ӯ пурра баргардондааст.

Додгоҳ бо назардошти ҳолатҳои кор ҷазоро дар намуди ҷарима ва бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои  муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян таъйин кардаст.

Лентаи хабарҳо
0