Сомони и доллары, архивное фото

Арзиши рублу доллар ва евро дар Тоҷикистон: дар кадом бонк баландтар?

501
(Таҷдидшуда 08:04 10.06.2020)
Бонки миллии Тоҷикистон арзиши сомониро нисбат ба асъори хориҷӣ барои имрӯз душанбе авали ҳафтаи равон эълон кард

ДУШАНБЕ, 10 июн — Sputnik. Тибқи нишондоди Бонки миллии Тоҷикистон арзиши 1 рубли русӣ то 0.1494 ва дар бозори нақдии кишвар 0.1505 сомонӣ арзиш дорад.

Ин ниҳод қурби миёнаи фурӯши 1 доллари ИМА дар муассисаҳои қарзии Тоҷикистонро аз 10.2893 то 10.2900  сомонӣ арзёбӣ кардааст.

Бонки миллӣ қурби миёнаи фурӯши 1 евроро аз 11.6722 то 11.7000 сомонӣ арзёбӣ кардааст.

Аммо дар бонкҳои кишвар нисбат ба нишондоди БМТ арзиши асъори хориҷӣ каме болост.Дар “Бонки Эсхата” хариду фурӯши 1 рубл аз 0.1495 то 0.1520 сомонӣ муқаррар шудааст.

Дар “Спитаменбонк” бошад арзиши 1 рубл аз 0.1490 то 0.1530 ва дар “Алифбон” бошад 1 рубл аз 0,1485 то 0,1520 сомонӣ нишон дода шудааст.

БМТ огоҳ менамояд, ки "берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст ва риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, боиси ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашидан мегардад".

501
Сомони и доллары, архивное фото

Бонки миллӣ арзиши рубл, доллар ва евроро барои имрӯз эълон кард

381
(Таҷдидшуда 08:27 13.07.2020)
Қурби доллар чи дар бозори ҷаҳон ва чи дар бозори асъори Тоҷикистон боло ва қурби рубл бошад, рӯз то рӯз паст мешавад

ДУШАНБЕ, 13 июл – Sputnik. Бонки миллии Тоҷикистон барои имрӯз дар оғози ҳафтаи навин арзиши асъори хориҷиро нисбат ба пули миллӣ эълом кард

Тибқи нишондоди Бонки миллии Тоҷикистон арзиши 1 рубли русӣ барои имрӯз 0.1442 сомонӣ  ва дар бозори нақд бошад 0.1460 сомонӣ нишон дода шудааст.
Ин ниҳод қурби миёнаи фурӯши 1 доллари ИМА дар муассисаҳои қарзии Тоҷикистонро аз  10.3097 то 10.3100 сомонӣ арзёбӣ кардааст. 

Бонки миллӣ қурби миёнаи фурӯши 1 евроро аз 11.6386 то 12. 0500 сомонӣ арзёбӣ кардааст.

Дар бонкҳои дигари кишвар, аз ҷумла “Бонки Эсхата” нишондоди асъор  нисбат ба дигарон каме болотар нишон дода шудааст.

Иқтисодшиносон аз коҳиши арзиши рубл ва гарон шудани доллар ҳушдор медиҳанд

Ин бонк хариду фурӯши 1 рублро имрӯз аз 0,1465 то 0,1490 сомонӣ муқаррар шудааст.

Дар “Спитаменбонк” бошад арзиши 1 рубл аз 0.1450 то 0.1490 ва дар “Алифбонк” бошад 1 рубл аз 0,1450 то 0,1500 сомонӣ нишон дода шудааст.

Бо доллар кор мекунӣ, муҷозот мешавӣ: додгоҳ раиси ширкати “Тоҷикояндасоз”-ро ҷарима кард

БМТ огоҳ менамояд, ки “берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст ва риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, сабаби ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашидан мегардад”.

381
Барчаспҳо:
евро, доллар, сомонӣ, рубл, арзиши асъор, Бонки Миллӣ, Тоҷикистон
Денежные купюры

Иқтисодшиносон аз коҳиши арзиши рубл ва гарон шудани доллар ҳушдор медиҳанд

371
Иқтисодшиносон тавзеҳ доданд, ки арзиши доллар ва рубл дар моҳи август аз кадом омилҳо вобаста хоҳад буд

ДУШАНБЕ, 12 июл — Sputnik. Феълан бозори асъори ҷаҳониро вазъи пандемияи коронавирус идора мекунад, гуфтааст коршинос  Марк Гойхман дар мусоҳиба бо "Российская газета".

"Сенарияи неки арзиши рублу доллар аз паси сар шудани давраи тезу тунди пандемия, хусусан дар Аврупо вобаста аст. Он дороиҳои хатарнокро тамоми ҳафтаи равон, аз ҷумла аксияҳо, нафт ва рублро дастгирӣ мекард. Аммо охири ҳафта афзоиши сирояти коронавирус ба бозор бетаъсир намонд", - гуфт коршинос.

Ӯ таъкид бар рекорди нави афзоиши сирояти коронавирус дар Амрико, Чин, Ҷопон ва Австралия кард.

"Ду тамоюли короновирусии бо ҳам муқобил, бо ҳам пайваст шуда, раванди таҷаммӯи дороиҳои хатарнокро суст карданд, ки байни онҳо рубл низ ҳаст. Онҳо дар мувозинати заифе монданд", - тавзеҳ дод вай.

Коршинос тахмин мезанад, ки рӯзҳои наздик барои рубл тағйирот меоранд. Сабаби асосӣ дар вазъи номаълуми натиҷаҳои рӯйдодҳои ахир ва вазъи бозор мебошад.

Бино бар пешгӯии коршинос, ҳафтаи сеюми июл доллар метавонад ба 68,9 то 72,5 рубл баробар шавад, евро 78,3-81,6 рубл хоҳад шуд. 

Ба арзиши рубл дар моҳи август панҷ омил таъсир мерасонанд, мегӯяд Гойхман.

Аввалинаш, ба гуфтаи вай, ба анҷом расидани давраи пардохти дивидентҳо аз ҷониби ширкатҳои русӣ ба анҷом мерасад. Дувум, мегӯяд коршинос, табдили фоидаи рубл ба асъор аз ҷониби саҳмдорони бузурги аксияҳои русӣ дар хориҷ мебошад.

"Пас аз коҳиши нархи калидӣ Бонки марказии Русия тадриҷан даромаднокии сармоя ба авроқи қарзии Русия аз ҷониби шахсони ғайри муқимро кам мекунад, ки ин омили севум аст", - афзудааст иқтисодшинос.

Ба гуфтаи ӯ, омили чорум аз ҷониби Бонки марказӣ кам шудани фурӯши асъор бо роҳи "қонуни буҷавӣ" мебошад. 

Ва дар охир, омили панум, зиёд шудани талабот ба асъори хориҷӣ бо далели воридоти амволи хориҷӣ пас аз карантин мебошад, афзуд вай.

Пешбинии коршинос: арзиши доллар тобистон поён мераваду рубл боло

Марк Гойхман боварӣ дорад, ки ин панҷ омил боиси поён рафтани арзиши рубл мешавад.

"Дар моҳи август арзиши доллар метавонад ба 73-74 ва арзиши евро ба 82-83 рубл баробар шавад", - мегӯяд коршинос.

371
Официальный визит президента РФ В. Путина в Таджикистан. День второй

Суҳбати телефонии Раҳмону Путин: кишвардорҳои Тоҷикистону Русия чиро баррасӣ карданд?

122
(Таҷдидшуда 15:56 13.07.2020)
Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путни як қатор масъалаҳои ҷории муносибатҳои шарикии стратегии Тоҷикистону Русияро мавриди муҳокима қарор дода, масъалаҳои алоҳидаи мубрами минтақавӣ ва байналмилалиро баррасӣ карданд

ДУШАНБЕ, 13 июл – Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо кишвардори Русия Владимир Путин суҳбати телефонӣ анҷом додПрезиденти Федератсияи Россия муҳтарам Владимир Путин суҳбати телефонӣ анҷом дод.

Эмомалӣ Раҳмон бо Владимир Путин телефонӣ суҳбат кард

Ба иттилои котиботи раисҷумҳури Тоҷикистон, дар ҷараёни суҳбат президентҳо як қатор масъалаҳои ҷории муносибатҳои шарикии стратегии Тоҷикистону Русияро мавриди муҳокима қарор додаанд.

"Ҷонибҳо аз вазъи вобаста бо сирояти коронавирус, ки дар миқёси ҷаҳонӣ ҳамоно хеле ҳам муташанниҷ боқӣ мемонад, изҳори нигаронӣ карда, дар хусуси тадбирҳое, ки ҷиҳати паст кардани хатари паҳншавии пандемияи "COVID-19" дар ду кишвар андешида мешаванд, мубодилаи иттилоъ анҷом доданд", - таъкид мешавад дар хабар.

Гуфта мешавад, Эмомалӣ Раҳмон дар рафти суҳбат ба масъалаи суръат бахшидан ба ҳамкориҳои ду кишвар дар соҳаи тандурустӣ таъкид кард.

Ҳамчунин, ҷараёни хуби рушди ҳамдастии Тоҷикистон ва Русия дар дигар арсаҳои ҳамкорӣ, аз ҷумла муносибатҳои тиҷоративу иқтисодӣ, робитаҳои гуманитариву фарҳангӣ ва дар соҳаи таъмини амният қайд карда шуд.

Гузашта аз ин, масоили идомаи шарикии самарабахши ду кишвар дар чорчӯбаи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ низ мавриди таваҷҷуҳи президентҳо қарор гирифтанд.

122
Барчаспҳо:
суҳбати телефонӣ, Владимир Путин, Эмомалӣ Раҳмон