Ӯзбекистон ба 20-гонаи бузургтарин дорандагони тилло дар ҷаҳон дохил шуд

© AP / Matthias SchraderЗолотые слитки
Золотые слитки - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҷумҳурии Ӯзбекистон азлиҳози захираҳои тилло дар ҷаҳон дар ҷойи 17-ум қарор гирифт. Ин кишвар 325,7 тонна тилло захира мекунад, ки 56,2% аз захираи умумии ин кишвар аст.

ДУШАНБЕ, 13  июн — Sputnik.  Тибқи гузориши Шӯрои ҷаҳонии тилло (World Gold Council) Ӯзбекистон аз рӯи натиҷаҳои моҳи сентябри соли 2019 ба рӯйхати бузургтарин дорандагони тилло дохил шуд.

Генеральный директор Ассоциации «Гильдия ювелиров России» Эдуард Уткин - Sputnik Тоҷикистон
Уткин дар бораи коҳиши содироти тилло дар Тоҷикистон: ин қарори дуруст аст

Дар садри ҷадвали раддабандии ИМА  бо 8133,5 тонна тилло дар ҷойи аввал, Олмон бо 3366,8 тонна дар ҷойи дуввум ва ҷойи семро бошад бо  2814 тонна Хазинаи Байналмилалии Асъор гирифтааст.

 Ӯзбекистон аз рӯи миқдори захираҳои тилло дар ҷаҳон дар ҷойи 17-ум қарор гирифт. Ин кишвар 325,7 тонна тилло захира мекунад, ки 56,2% аз захираи умумии ин кишвар аст.

Дар ин рӯйхат Қазоқистони бо 377,3 тонна дар ҷои 15-ум қарор дорад.

Ёдовар мешавем, ки дар гузориши семоҳаи аввали соли 2019 Ӯзбекистон аз лиҳози фурғши тилло аз аввалинҳо шуд.

Ҷойи дуввумро Муғулистон бо фурӯши 3,4 тонна ва Тоҷикистон бо фурӯши 1 тонна тилло ҷойи сеюмро соҳиб шуд.

Воридкунандаи асосии тилло дар рейтинги ҷаҳониро Русияро ишғол кард.

Давоми се моҳ Бонки марказии Федератсияи Русия 55,3 тонна ин маъдани қиматбаҳоро ворид кардааст.

 Туркия бо хариди 40 тонна дар ҷойи дуввум ва Чин бо воридсозии 33 тонна тилло дар ҷойи сем қарор гирифтааст.

Лентаи хабарҳо
0