Национальный банк Таджикистана

Бонки миллӣ гуфт, дар сурати мушкил бо бонкҳо шаҳрвандон ба куҷо муроҷиат кунанд

145
(Таҷдидшуда 11:37 22.06.2020)
Бонки миллии Тоҷикистон бо нашри як эълон аз шаҳрвандон даъват кардааст, ки дар сурати мушкилот ё ҳолатҳои шубҳанок дар бонкҳо ба телефони боварии ин ниҳод муроҷиат кунанд

ДУШАНБЕ, 17 июн - Sputnik. Бонки миллии Тоҷикистон эълон кардааст, ки шаҳрвандон ҳангоми истифодаи амалиёти интиқоли маблағҳо ё дигар хизматрасониҳои бонкӣ, дар ҳолати дучори мушкилот ё шоҳиди ҳолатҳои шубҳанок гардидан, тавассути телефони  +(992) 44-600-15-20 ё ба суроғаи электронии  ALLOMUSHTARI@NBT.TJ  ҳатман муроҷиат намоянд.

Дар ҳамин ҳол БМТ имрӯз қурби расмии хориҷиро нисбат ба сомонӣ барои 1 доллари ИМА -  10.3075 сомонӣ, 1 евро – 11.6124 сомонӣ, 1 рубли русӣ - 0.1473 сомонӣ муайян кардаст.

Манбаъ афзуд, ки қурби миёнаи фурӯши асъори хориҷии нақд дар ташкилоти қарзии Тоҷикистон барои 1 доллари ИМА аз 10.3075 то 10.3100 сомонӣ, 1 евро аз 11.6124 то 11.8000 сомонӣ ва 1 рубли русӣ аз 0.1473 то 0.1485 сомониро ташкил медиҳад.

БМТ огоҳ менамояд, ки берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст ва риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, сабаби ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашидан мегардад.

145
Цистерны для нефтепродуктов, архивное фото

“Худӣ”: дар Тоҷикистон истеҳсоли нафт афзоиш ёфтааст

624
Вазорати энерживу оби Тоҷикистон мегӯяд, истеҳсоли нафт дар ин кишвар тайи нимсолаи аввал ҳудуди 8% афзоиш ёфтааст

ДУШАНБЕ, 13 июл — Sputnik. Шарифа Худобахш, муовини вазири энерживу оби Тоҷикистон зимни як нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон гуфт, тайи нимсолаи аввали соли равон дар кишвар чизе бештар аз 12 ҳазор тон нафт тавлид ёфтааст, ки дар қиёс бо ҳамин давраи соли гузашта 810 тон зиёд аст.

“Тавозуни ҳарсола нишон медиҳад, ки истеҳсоли нафт сол ба сол афзойиш меёбад. Тавлидгарони нафти Тоҷикистон ширкатҳои ватанӣ ҳастанд, ки тибқи имконоти худ истеҳсолро ба роҳ мондаанд. Ҳоло мо бар инем, ки дар оянда сармояи хориҷиро ба ин соҳа ҷалб кунем. Вазорат дар ин самт кор мекунад, зеро соҳаи нафту газ як соҳаи маблағталаб аст. Сармоягузор дар ҷое, ки нафти кофӣ нест, сармоя намегузорад. Аммо ба ҳар ҳол ширкатҳое ҳастанд, ки омодаи ҳамкориянд. Умедворем, пас аз пандемия онҳоро низ ҷалб кунем”, - гуфт Шарифа Худобахш.

Соли гузашта Раёсати геологияи Тоҷикистон эълон карда буд, ки дар кишвар дар чуқурии 3 – 5 ҳазор метр захираҳои бузурги нафту газ кашф шуда, теъдоди конҳо ба 20 адад дакка мехӯрад. Бино ба ин манбаъ, захираҳои нафт 2 миллион тон ва газ 3 миллиард метри мукаабро ташкил мекунад. Дар гузашта ширкатҳои ҷаҳонии “Газпром” ва “Тетис – петролиум” дар ҳавзаҳои ҷанубии Тоҷикистон ба омӯзиши захираҳо кор карданд.

Муовини вазири энерживу оби Тоҷикистон мегӯяд, ин ширкатҳо на бо истихроҷ, балки корҳои омӯзишӣ машғул буданд.

“Он вазифае, ки пешашон гузошта шуда буд, иҷро карда, рафтанд. Дар соҳаи истихроҷи газ ҳоло пешрафти намоёне надорем, аммо бо истихроҷи нафт дар Тоҷикистон ширкатҳои тоҷикӣ бо сармояҳои худ машғуланд”, - гуфт Шарифа Худобахш.

Бино ба иттилои вазорати энерживу об, дар Тоҷикистон 7 ширкат, ба шумули “Нафту газ”, “Салоса”, “Сетос”, “Азизӣ”, “Петролиум Суғд” дар истихроҷ ва “Сомон-ойл” дар иктишофу омӯзиши нафт кор мекунанд.

624
Барчаспҳо:
нафткаш, Тоҷикистон
Сомони и доллары, архивное фото

Бонки миллӣ арзиши рубл, доллар ва евроро барои имрӯз эълон кард

541
(Таҷдидшуда 08:27 13.07.2020)
Қурби доллар чи дар бозори ҷаҳон ва чи дар бозори асъори Тоҷикистон боло ва қурби рубл бошад, рӯз то рӯз паст мешавад

ДУШАНБЕ, 13 июл – Sputnik. Бонки миллии Тоҷикистон барои имрӯз дар оғози ҳафтаи навин арзиши асъори хориҷиро нисбат ба пули миллӣ эълом кард

Тибқи нишондоди Бонки миллии Тоҷикистон арзиши 1 рубли русӣ барои имрӯз 0.1442 сомонӣ  ва дар бозори нақд бошад 0.1460 сомонӣ нишон дода шудааст.
Ин ниҳод қурби миёнаи фурӯши 1 доллари ИМА дар муассисаҳои қарзии Тоҷикистонро аз  10.3097 то 10.3100 сомонӣ арзёбӣ кардааст. 

Бонки миллӣ қурби миёнаи фурӯши 1 евроро аз 11.6386 то 12. 0500 сомонӣ арзёбӣ кардааст.

Дар бонкҳои дигари кишвар, аз ҷумла “Бонки Эсхата” нишондоди асъор  нисбат ба дигарон каме болотар нишон дода шудааст.

Иқтисодшиносон аз коҳиши арзиши рубл ва гарон шудани доллар ҳушдор медиҳанд

Ин бонк хариду фурӯши 1 рублро имрӯз аз 0,1465 то 0,1490 сомонӣ муқаррар шудааст.

Дар “Спитаменбонк” бошад арзиши 1 рубл аз 0.1450 то 0.1490 ва дар “Алифбонк” бошад 1 рубл аз 0,1450 то 0,1500 сомонӣ нишон дода шудааст.

Бо доллар кор мекунӣ, муҷозот мешавӣ: додгоҳ раиси ширкати “Тоҷикояндасоз”-ро ҷарима кард

БМТ огоҳ менамояд, ки “берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст ва риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, сабаби ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашидан мегардад”.

541
Барчаспҳо:
евро, доллар, сомонӣ, рубл, арзиши асъор, Бонки Миллӣ, Тоҷикистон
Мужчина тянет за волосы женщину, архивное фото

Аввал занашро корд зад, сипас худашро: шарҳи ВУД бистарӣ шудани ду ҷавон дар беморхона

0
Ҷавони муттаҳам ба расонидани зарари вазнини ҷисмонӣ ба худ ва ҳамсараш, ба манзили падарарӯсаш ба назди ҳамсараш рафта, ҷанҷол намуда, сипас кордкашӣ кардааст

ДУШАНБЕ, 14 июл — Sputnik. Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон ҳодисаи кордкашӣ дар ноҳияи Кушониёнро, ки дар пайи онр ду ҷавон - зану шавҳар дар беморхона бистарӣ шудаанд, тавзеҳ додаст.

Бино бар иттилои манбаъ, ҳодиса шаби 13 июл рух додааст.

ВУД менависад, "дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷуӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки марди 30-солаи сокини ҷамоати деҳоти Навбаҳори ноҳияи Кушониён шаби 13-уми июли соли 2020, тахминан соати 01:00 ба хонаи падарарусаш рафтааст".

Гуфта мешавад, ӯ бо ҳамсараш, зани 25-солаи сокини ҷамоати шаҳраки Бохтариёни ҳамин ноҳия ҷангу ҷанҷол намуда, бо корди дар дасташ буда, 2-маротиба ба узвҳои муҳими бадани охирон зада, сипас бо корди дар дасташ буда, 2-маротиба ба узвҳои бадани худаш зада ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхонаи ноҳия бистарӣ гардидаанд.

Боздошти сокини ноҳияи Кушониён, ки дар ҳолати мастӣ ҳамсарашро шаш корд зад

Сабаби ин амали ҷвон маълум нест.

Аз руи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

 

0