Банкомат, архивное фото

Бонки марказии Русия гуфт, чӣ қадар интиқоли пули муҳоҷирон ба Тоҷикистон коҳиш ёфт

460
(Таҷдидшуда 13:52 17.06.2020)
Дар семоҳаи аввали соли 2020 ҳаҷми интиқоли пули муҳоҷирони корӣ аз Русия ба Тоҷикистон ба андозаи 22,3 фисад коҳиш ёфтааст

ДУШАНБЕ, 17 июн — Sputnik. Тибқи гузориши Бонки марказии Русия интиқолҳои пулии шахсони воқеӣ аз Русия ба Тоҷикистон дар семоҳаи аввали соли 2020 22,3 дарсад коҳиш ёфтааст.

Ҳамин тариқ, маблағи умумии интиқоли муҳоҷирон ба Тоҷикистон дар ин давра 359 миллион долларро ташкил додааст, дар ҳоле, ки дар моҳҳои январ-марти соли 2019, 462 миллион доллар аз ҷониби шахсони воқеӣ интиқол дода шуд.

Аммо, маблағи миёна аз як интиқол аз 139 то 149 доллар афзудааст.

“Western Union” ҳам ба кор даромад: интиқоли маблағ ба Тоҷикистон боз ҳам осонтар мешавад?

Зимнан, интиқоли пул аз дигар кишварҳои ИДМ низ коҳиш ёфтааст. Аз ҷумла, интиқолҳо аз Русия ба Қирғизистон 20,7 фисад коҳиш ёфта, 359 миллион долларро ташкил доданд.

Муҳоҷирони меҳнатии Ӯзбекистон интиқоли пулро ба ватанашон танҳо 7,2 дарсад  кам карданд - дар семоҳаи аввал ба маблағи 759 миллион доллар фиристода шуд.

Қаблан Оҷонсии Bloomberg қайд карда буд, ки дар кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ коҳиши назарраси интиқоли пул аз Русия ба назар мерасад.

Омили асосии коҳиш ёфтани интиқоли маблағ ин авҷи маризии коронавирус мебошад, ки ба иқтисодиёти ҷаҳон талмаи сахт ворид кард.

460
Барчаспҳо:
Тоҷикистон, муҳоҷирон, интиқоли пул, Бонки марказии Русия
Сомони и доллары, архивное фото

Бонки миллӣ арзиши рубл, доллар ва евроро барои имрӯз эълон кард

408
(Таҷдидшуда 08:27 13.07.2020)
Қурби доллар чи дар бозори ҷаҳон ва чи дар бозори асъори Тоҷикистон боло ва қурби рубл бошад, рӯз то рӯз паст мешавад

ДУШАНБЕ, 13 июл – Sputnik. Бонки миллии Тоҷикистон барои имрӯз дар оғози ҳафтаи навин арзиши асъори хориҷиро нисбат ба пули миллӣ эълом кард

Тибқи нишондоди Бонки миллии Тоҷикистон арзиши 1 рубли русӣ барои имрӯз 0.1442 сомонӣ  ва дар бозори нақд бошад 0.1460 сомонӣ нишон дода шудааст.
Ин ниҳод қурби миёнаи фурӯши 1 доллари ИМА дар муассисаҳои қарзии Тоҷикистонро аз  10.3097 то 10.3100 сомонӣ арзёбӣ кардааст. 

Бонки миллӣ қурби миёнаи фурӯши 1 евроро аз 11.6386 то 12. 0500 сомонӣ арзёбӣ кардааст.

Дар бонкҳои дигари кишвар, аз ҷумла “Бонки Эсхата” нишондоди асъор  нисбат ба дигарон каме болотар нишон дода шудааст.

Иқтисодшиносон аз коҳиши арзиши рубл ва гарон шудани доллар ҳушдор медиҳанд

Ин бонк хариду фурӯши 1 рублро имрӯз аз 0,1465 то 0,1490 сомонӣ муқаррар шудааст.

Дар “Спитаменбонк” бошад арзиши 1 рубл аз 0.1450 то 0.1490 ва дар “Алифбонк” бошад 1 рубл аз 0,1450 то 0,1500 сомонӣ нишон дода шудааст.

Бо доллар кор мекунӣ, муҷозот мешавӣ: додгоҳ раиси ширкати “Тоҷикояндасоз”-ро ҷарима кард

БМТ огоҳ менамояд, ки “берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст ва риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, сабаби ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашидан мегардад”.

408
Барчаспҳо:
евро, доллар, сомонӣ, рубл, арзиши асъор, Бонки Миллӣ, Тоҷикистон
Денежные купюры

Иқтисодшиносон аз коҳиши арзиши рубл ва гарон шудани доллар ҳушдор медиҳанд

371
Иқтисодшиносон тавзеҳ доданд, ки арзиши доллар ва рубл дар моҳи август аз кадом омилҳо вобаста хоҳад буд

ДУШАНБЕ, 12 июл — Sputnik. Феълан бозори асъори ҷаҳониро вазъи пандемияи коронавирус идора мекунад, гуфтааст коршинос  Марк Гойхман дар мусоҳиба бо "Российская газета".

"Сенарияи неки арзиши рублу доллар аз паси сар шудани давраи тезу тунди пандемия, хусусан дар Аврупо вобаста аст. Он дороиҳои хатарнокро тамоми ҳафтаи равон, аз ҷумла аксияҳо, нафт ва рублро дастгирӣ мекард. Аммо охири ҳафта афзоиши сирояти коронавирус ба бозор бетаъсир намонд", - гуфт коршинос.

Ӯ таъкид бар рекорди нави афзоиши сирояти коронавирус дар Амрико, Чин, Ҷопон ва Австралия кард.

"Ду тамоюли короновирусии бо ҳам муқобил, бо ҳам пайваст шуда, раванди таҷаммӯи дороиҳои хатарнокро суст карданд, ки байни онҳо рубл низ ҳаст. Онҳо дар мувозинати заифе монданд", - тавзеҳ дод вай.

Коршинос тахмин мезанад, ки рӯзҳои наздик барои рубл тағйирот меоранд. Сабаби асосӣ дар вазъи номаълуми натиҷаҳои рӯйдодҳои ахир ва вазъи бозор мебошад.

Бино бар пешгӯии коршинос, ҳафтаи сеюми июл доллар метавонад ба 68,9 то 72,5 рубл баробар шавад, евро 78,3-81,6 рубл хоҳад шуд. 

Ба арзиши рубл дар моҳи август панҷ омил таъсир мерасонанд, мегӯяд Гойхман.

Аввалинаш, ба гуфтаи вай, ба анҷом расидани давраи пардохти дивидентҳо аз ҷониби ширкатҳои русӣ ба анҷом мерасад. Дувум, мегӯяд коршинос, табдили фоидаи рубл ба асъор аз ҷониби саҳмдорони бузурги аксияҳои русӣ дар хориҷ мебошад.

"Пас аз коҳиши нархи калидӣ Бонки марказии Русия тадриҷан даромаднокии сармоя ба авроқи қарзии Русия аз ҷониби шахсони ғайри муқимро кам мекунад, ки ин омили севум аст", - афзудааст иқтисодшинос.

Ба гуфтаи ӯ, омили чорум аз ҷониби Бонки марказӣ кам шудани фурӯши асъор бо роҳи "қонуни буҷавӣ" мебошад. 

Ва дар охир, омили панум, зиёд шудани талабот ба асъори хориҷӣ бо далели воридоти амволи хориҷӣ пас аз карантин мебошад, афзуд вай.

Пешбинии коршинос: арзиши доллар тобистон поён мераваду рубл боло

Марк Гойхман боварӣ дорад, ки ин панҷ омил боиси поён рафтани арзиши рубл мешавад.

"Дар моҳи август арзиши доллар метавонад ба 73-74 ва арзиши евро ба 82-83 рубл баробар шавад", - мегӯяд коршинос.

371
Сотрудник охраны рынка Мехргон проверяет температуру у посетителя

Карриева: маҳдудиятҳо дар Тоҷикистон ба фарқ аз се кишвари ОМ, 65 рӯз пас сабук гардиданд

0
(Таҷдидшуда 17:28 13.07.2020)
Намояндаи Созмони ҷаҳонии беҳдошт дар Тоҷикистон Бахтигул Карриева аз хатари коронавирус ҳушдор додааст

ДУШАНБЕ, 13 июл — Sputnik. Бахтигул Карриева аз сабук гардидани маҳдудиятҳо, ки қаблан ба хотири пешгирӣ аз паҳншавии коронавирус ҷорӣ гардида буданд, изҳори нигаронӣ кард.

"Бисёре аз мардум дар хона нишастан хаста шуданд ва аксар кишварҳо ба таври возеҳ мекӯшанд, ки иқтисодиётро кушоянд. Аммо вирус ҳанӯз ҳам паҳн шуда истодааст ва он то ҳол марговар аст.  Бештари мардум ҳанӯз ҳам зери хатар қарор доранд", - афзуд Карриева дар мусоҳиба бо Sputnik Тоҷикистон.

Вай таъкид кард, то замоне, ки олимон аз пайи ихтироъ кардани ваксин алайҳи ин маризӣ қарор доранд, одамон бояд худ кӯшиш ба харҷ диҳанд, то андозае пеши роҳи ин бемориро бигиранд.

Намояндаи СҶБ гуфт, роҳи ягонае, ки алъон дар мубориза бо коронавирус маҷвуд аст, ин риоя кардани фосилаи иҷтимоӣ, пӯшидани ниқоб ва тамиз будани ҳолати санитарии одамон мебошад.

Омори ҷадиди фавт, сироят ва шифоёбӣ аз коронавирус дар Тоҷикистон давоми як рӯз

Ба изҳори ӯ, кишварҳои Осиёи Марказӣ авохири моҳи май ва авоили моҳи июн ба авҷи қуллаи баландтарини ин маризӣ расиданд. Барои пешгирӣ намудан аз паҳншавии ин маризӣ маҳдудиятҳо аз қабили баста намудани роҳҳои автомобилгард байни шаҳру навоҳӣ, муттаваққиф намудани фаъолияти мактабу корхонаҳо, манъи баргузории тӯй ва чорабиниҳои фароғатӣ, ҷорӣ гардида буд.

Аммо пас аз ба эътидол омадани вазъ ин маҳдудиятҳо то андозае сабук шуданд, гарчанде вирус комилан аз байн нарафт ва хатари он то ҳол мавҷуд аст, - таъкид намуд намояндаи СҶБ.

Вазъ мушкилтар шуд: коронавирус дар Ӯзбекистон дубора авҷ гирифт

Карриева гуфт, Тоҷикистон ба фарқ аз Қирғизистону Қазоқистон ва инчунин Ӯзбекистон ин маҳдудиятҳоро бо гузашти 65 рӯз сабуктар кард, аммо дар кишварҳои зикргардида маҳдудиятҳо барвақттар лағв шуданд ва вазъият дар робита ба паҳншавии вирус боз ваҳимтар шуд.

Намояндаи СҶБ илова намуд, ки то ҳол табобати мушаххас аз маризии коронавирус мавҷуд нест, аммо рӯйхати як қатор доруҳо вуҷуд дорад, ки ҳангоми табобат васеъ истифода буда мешаванд.

0
Барчаспҳо:
СҶБ, намоянда, Тоҷикистон
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон