Глава Амонатбанка Сироджиддин Икроми

Раиси “Амонатбонк” дар бораи имтиёзҳо ба қарздорон ва хатарҳои бонкӣ мусоҳиба

1634
Бонкҳои Тоҷикистон барои ҳазорон муштарӣ, бахусус қарздорҳои худ чӣ кор карданд? Суоле, ки аз оғози буҳрони “вируси корона” ва ҳоло бештар аз пеш матраҳ мешавад

ДУШАНБЕ, 17 июн — Sputnik, Фахриддини Холбек. Ин буҳрон дари корхонаву тарабхона, дӯкону мағозаҳо ва роҳи муҳоҷирини меҳнатиро баст. Ҳазорон нафаре, ки аз бонкҳо қарздоранд, аз кор монданд ё хонашин шуданд ва имкони иҷрои масъулиятҳояшон пеши бонкҳоро аз даст доданд.

Дар бархе кишварҳои ҷаҳон ба хотири ҳифзи манфиатҳои мизоҷон бонкҳо пардохти қарзу фоизҳоро мутаваққиф карданд, аммо дар Тоҷикистон ҳатто пас аз фармони президент зоҳиран ҳеҷ як аз бонкҳо дар ин боб садо баланд накард. Оё дар асл чӣ хабар аст? Оё бонкҳои Тоҷикистон барои мизоҷони худ коре кардаанд?

Sputnik Тоҷикистон бо ин суолҳо 10 рӯзи қабл ба чаҳор бонки маъруфи кишвар ба таври хаттӣ муроҷиат кард, аммо то кунун танҳо аз “Амонатбонк” посух дарёфт намуд.

Сироҷиддин Икромӣ, раиси ин Бонк, ҳамчунин дар як суҳбати ихтисосӣ ин посухро шарҳ дод, ки манзури хонандагон мекунем:

- “Амонатбонк” ҷиҳати иҷрои саривақтии фармони президенти Тоҷикистон аз 5 июни соли 2020, №1544  ба соҳибкорон ва қарздороне, ки бо Бонк  ҳамкорӣ доранду дар шароити кунунӣ ба мушкилот рӯ ба рӯ гаштаанд, чунин имтиёзҳо фароҳам овард: 1) тамдид намудани муҳлати пардохти қарзҳо бе зиёд намудани меъёри фоизии онҳо; 2) аз нав дида баромадани ҷадвали пардохти қарзи асосӣ ё фоизҳо; 3)  таъмин намудани давраи нав ё иловагӣ барои пардохт накардан (давраи имтиёзӣ).

- Оё ин чӣ имтиёзҳоянд ва барои онҳое, ки қарздоранду ҳоло ба далели буҳрони “вируси корона” қарзи худро пардохт карда наметавонанд ё дар пардохти он мушкилӣ мекашанд, чӣ сабукӣ меоранд?

- Бонк низомномаи қарзӣ дорад. Бино ба он, пеш аз он ки қарзгир қарзашро гирад, бонк бояд масъулияти ӯро баланд кунад. Аввал, амволи қарзгирро гирифта, маржа мемонад. Масалан, агар хонаи қарзгир 100 ҳазор сомонӣ арзиш дорад, 50 ҳазор сомонӣ қарз медиҳад. Аммо ҳадафи бонк ба нархи арзон соҳиб шудан ба хонаи қарзгир нест, балки баланд кардани масъулияти ӯст. Қарзгир намехоҳад, ки чизи 100 ҳазораро ба 50 ҳазор аз даст диҳад ва талош мекунад, ки қарзашро саривақт пардохт кунад.

Дуюм. Бонк фоиз мемонад ва дар шартнома менависад, ки агар фоиз дар вақташ пардохт нашавад, ҳангоми тамдиди муҳлат 2% зиёд мешавад. Қарзгир бояд нақшаи тиҷоратӣ (бизнес – план) дошта бошад, ки дар муҳлати зикршуда қарзашро баргардонад. Аз сӯи дигар, бонк ҳам нақшаи тиҷоратии худро дорад. Масалан, бонк аз ин ҳисоб ки “Алиев” фалон рӯз қарзро бармегардонад, ба нақша мегирад, ки он маблағро аз ҳамон рӯз дар ихтиёри “Валиев” гузорад. Агар “Алиев” дер кард, нақшаи тиҷоратии бонк вайрон мешавад.

Дар чунин ҳол қарзгир тамдиди муҳлати пардохтро талаб мекунад. Маҳз аз ҳамон рӯз фоизи қарзаш 2% дарсад афзоиш меёбад. Агар қарз 20%-а дода шуда бошад, 22% мешавад. Акнун мо ба истиқболи онҳое меравем, ки тамдиди муҳлат талаб мекунанд, аммо 2% илова намекунем.

Ҳарчанд дар шартнома бонк барои тамдид вазифадор нест, ин ҳақро дорад, ки тамдид накунад, аммо дар замонаи буҳрони “вируси корона” мо бо мақсади кӯмак ба қарзгирон масъалаи тамдид кардани муҳлати қарзи онҳоро мусбӣ баррасӣ мекунем.

- Ҳамин 2% ҷарима аст?

- На, мо ҳоло умуман дар бораи ҷарима суҳбат надорем. Ҷаримаҳо батамом лағв мешаванд. Тибқи шартнома ҷарима барои ҳар як рӯзи ба таъхир афтодани пардохти қарз 0,1% зиёд мешавад, ки солона 36% хоҳад шуд. Ин барои қарзгирандагон як кӯмаки бесобиқа ва намоён аст.

- Мардум аз бонки Шумо асосан чӣ гуна қарз мегиранд ва онро бояд чӣ гуна баргардонанд?

- Асосан, ду намуди пардохти қарз аст. Яке, классикӣ. Тибқи қоидаҳои ин намуди қарз, шахс барои як муҳлати муайян қарзро мегираду ҳар моҳ фоизи онро месупорад ва дар охири муҳлат худи қарзро ба пуррагӣ. Барои мисол, агар шахс 10 ҳазор сомонӣ бо 20% гирифт, ҳар моҳ ҳамин 20% - 2 ҳазор сомониро, ки моҳ ба моҳ то охири муҳлат тақсим мешавад, месупорад ва дар охир 10 ҳазор – қарзи асосиро бояд пурра баргардонад.

Дуюм, қарзи ануитетӣ аст. Вақти бастани шартнома бонк мебинад, ки сарчашмаи пардохти қарзи мизоҷ чӣ гуна дорад. Вобаста ба он барои ҳар моҳ пардохти қарзро тақсим мекунанд ва то охири муҳлат шахс тамоми қарзашро месупорад. Масалан, 10 ҳазор сомониро бо 20% - и солона дарёфт кард. Дар умум маблағи 12 ҳазор сомониро ба 12 моҳ тақсим мекунанд ва ин маблағ ҳармоҳа пардохт мешавад. Яъне қисм – қисм ҳам қарзи асосӣ ва ҳам фоизи қарз пардохт мешавад. Ҳоло тамоми дунё бештар аз ҳамин усул кор мегирад.

- Масалан, мизоҷ аз бонк қарз гирифтааст ва ҳар моҳ бояд қисмате аз онро баргардонад. Ҳоло ӯ кор намекунад, даромад надорад ва қарзро дода наметавонад. Оё бонк метавонад ба ӯ гӯяд, ки тайи ҳамин се моҳ (аз май то август) - замони пандемия ӯ озод аст, метавонад насупорад ва пардохт карданро баъди ин мӯҳлат шурӯъ кунад?

- Бале, чаро не? Ин масъала дар Кумитаи қарзӣ баррасӣ шуда, мизоҷ метавонад пас аз муҳлати дархосткардааш маблағи қарз бо фоизҳояшро ба пуррагӣ пардохт кунад.

- Оё имкон дорад, ки фоиз бахшида шавад?

- Бонк тарафи робит миёни пасандоздиҳанда ва қарзгир аст. Агар қарзгир фоизро надиҳад, бонк фоизи пасандоздиҳандаро чӣ тавр ва аз кадом ҳисоб пардохт мекунад? Тасаввур кунед, ки як пасандоздиҳанда барои гирифтани фоизаш омаду бонк гуфт, ки пул нест. Ӯ берун меравад ва эълон мекунад, ки фалон бонк муфлис шудааст, чун пул надорад. Фардо ҳамаи пасандоздиҳандаҳо дари бонкро мегиранд, ки пули моро баргардон. Дар ин ҳол хавфи нуфузу эътибор (репутатсионний риск) баланд мешавад. Аз сӯи дигар, бонкҳои тиҷоратӣ пул чоп намекунанд, аз куҷо пул гиранд? Як далели варшикаста шудани бонкҳо ҳам ҳамин аст, ки қарзҳояшон барнамегарданд.

Аз ин хотир, масъалаи қарз хеле нозук аст. Бархе қарзгирҳо пулро гирифта, ғайримақсаднок истифода мекунанд, нақшаи тиҷоратӣ надоранд, наметавонанд дар вақташ қарзи бонкро баргардонанд ва кор мекашад ба суду мақомоти қудратӣ.

Қарз бояд мӯҳлатнок бошад. Тибқи қонун, барнагардонидани қарз ҷиноят аст ва муҷозот дорад. Ҳоло мо бар асоси шартнома ин мӯҳлатро тамдид мекунем ва мушкили қарзгир бо қонун рафъ мешавад.

- Ба хотири ба даст овардани ин имтиёзот қарздорон бояд чӣ кор кунанд?

- Ба бонк муроҷиат карда, матлаби худро ба миён гузоранд. Тамом.

- Оё метавонед бигӯед, ки чӣ қадар мизоҷ бо ин мӯҳтаво ба бонки Шумо муроҷиат карданд?

- Шумораи онҳо хеле зиёд аст. Тағйири фоиз ё тамдиди мӯҳлат салоҳияти Кумитаи қарзӣ аст. Ман ҳатто ҳамчун раиси бонк ҳаққи дахолат ба кори ин кумитаро надорам. Он ҷо аз ҳуқуқшинос шурӯъ карда, то коршиноси молиявӣ менишинанд ва тавре духтурон консилиум карда, як дардро ташхис медиҳанд, аъзои ин Кумита низ ба машварат нишаста, қарору хулосаи худро мебароранд.

- Бонкҳо то чанд вақт метавонанд бори ин мушкилотро кашанд, то муфлис нашаванд?

- Ин аз вазъи молиявии ҳар бонк вобаста аст. Бонк агар қавист ва тавонад бо чолишҳо даст ба гиребон шавад, метавонад муҳлати дарозтареро диҳад. Агар шумо дар хонаатон захираи кофӣ доред, метавонед ба дигар кас низ кӯмак кунед ва хонаводаи худро таҳти хатар нагузоред. Агар худатон захира надоред, ба як нафаре, ки аз дар медарояд, чӣ медиҳед? Агар додед ҳам, хонаводаи худро таҳти хатар мегузоред.

Бонкҳо посбони амонатҳои мардуманд. Онҳо ҳам фикри хонавода - амонатгузорони худро мекунанд. Қарз бояд ба афроди бовиҷдону масъулиятшинос дода шавад, то баргардад.

1634
Ҷаласаи Ҳукумати Тоҷикистон

Имзои қарори Ҳукумат: нархи доруҳо назорат мешавад

653
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, бо имзои қарори Ҳукумат доруро ба феҳрасти махсуси маҳсулоти дорои аҳамияти иҷтимоӣ ворид кард, ки нархи он аз ҷониби давлат назорат карда мешавад

ДУШАНБЕ, 9 июл – Sputnik. Бар асоси қарори ҷадиди Ҳукумат, нархи доруворию молҳои тиббӣ ва нуриҳои минералӣ барои хоҷагии қишлоқ аз ҷониби давлат назорат карда мешавад.

Феҳрасти маводи дорои аҳамияти иҷтимоӣ, ки бо қарори Ҳукумат тасдиқ мешавад, феълан 19 номгӯи молро дар бар мегирад.

Рӯйхати молҳое, ки нархашонро давлат назорат мекунад

Дар сархати маҳсулоти дорои аҳамияти иҷтимоӣ, ки нархашон аз ҷониби давлат назорат мешавад, орди навъи 1 ва 2 ва сипас нон, макарон, гандум, биринҷ, картошка, сабзавот – сабзӣ, пиёз, карам, шакар, равғани растанӣ, маҳсулоти ширӣ, нахуд, гӯшт, тухми мурғ, намак, чой, ғизои кӯдакон ва маводи сӯхт ҷой гирифтаанд.

Бо қарори нави имзокардаи Раҳмон, доруворию молҳои тиббӣ ва инчунин нуриҳои минералӣ, органикӣ ва кимиёвӣ барои хоҷагии қишлоқ низ шомили ин рӯйхат гардиданд.

Назорати иҷрои қарори мазкур ба уҳдаи Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон вогузор шудааст.

Роҳандозии назорати давлатии нархи доруворӣ дар ҳолест, ки ахиран дар давраи пандемияи коронавирус нархи баъзе аз маҳсулоти тиббӣ ба маротиб боло рафт.

653
Барчаспҳо:
давлат, назорат, нарх, Тоҷикистон
Селевой поток

Беш аз 42 миллион сомонӣ зарари ҳодисаҳои фавқулода дар вилояти Суғд

147
(Таҷдидшуда 16:37 08.07.2020)
Давоми ним сол дар қаламрави вилояти Суғд 260  ҳодисаҳои фавқулодда ба қайд гирифта шуд, ки бар асари он 64 нафар ҷон бохт

ДУШАНБЕ, 8 июл — Sputnik. Ҳодисаҳои табиӣ ва техногенӣ дар 6 моҳ ба иқтисодиёти вилоят 42  миллиону 986 ҳазору 544 сомонӣ зарар овраданд, хабар медиҳад КФҲ бо такя ба полковник Додиён Баҳром Одина – Сардори Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд.

Ин дар ҳолест, ки дар ҳамин давраи соли 2019 дар ҳудуди вилоят 322 ҳодисаҳои фавқулоддаи хусусияти гуногундошта ба амал омада буд, ки бар асари онҳо 82 нафар ҷони худро аз даст дода буданд.

Полковник Додиён, дар ҷаласаи ҷамъбасти фаъолияти шашмоҳаи Раёсат, гуфтааст, ки дар шашмоҳои аввали соли 2019 ҳодисаҳои фавқулода ба иқтисодиёти вилоят  12 миллиону 703 ҳазору 773 сомонӣ зарар оврада буд.

Ба гуфтаи ӯ, дар нимсолаи якуми соли 2020 дар ҳудуди вилоят 4 (чор) ҳодисаи фавқулоддаи хусусияти табиӣ дошта ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2019 4 (чор) ҳодиса кам мебошад.

Аз ҷумла, рӯзҳои  8-9 апрели соли 2020 дар натиҷаи боридани барфи зиёд ва хунукии сахт ба соҳаи кишоварзии шаҳру ноҳияҳои Панҷакент, Истаравшан, Исфара, Ашт ва Куҳистони Масчо ба маблағи умумии 32 миллиону 78 ҳазору 400 сомонӣ зарар расид. 343 гектар замини кишти картошка, 13,796 гектар боғу токзор, 0,0002 гектар майдони кишти сабзавот нобуд шуд. 

29 апрел бошад борон ва сел дар ноҳияи Масчо як нафарро ба ҳалокат расонд ва ба хоҷагии халқ  8 миллиону 490 ҳазору 574 сомонӣ зарар овард. 

Зикр гардид, ки аз ҳаҷми умумии зарар 38 миллиону 787 ҳазору 300 сомонӣ хисорате буд, ки ба соҳаи кишоварзии вилоят расид.

147
Барчаспҳо:
зарар, ҳодисаи табиӣ, ҳодиса, миллион, Суғд
Город Худжанд, архивное фото

Бӯи ғализ дар Хуҷанд аз куҷо паҳн мешавад? порӯи мурғхонаҳо, партов ё...

0
(Таҷдидшуда 16:22 09.07.2020)
Сокинони шаҳри Хуҷанд, маркази маъмурии вилояти Суғд мегуянд, ҳар субҳу шом бӯи тафи ғализе маҳаллаҳоро фаро мегирад ва аз ин ҳисоб онҳо наметавонанд дар гармои тоқтфарсои тобистон дару тирезаҳои хонаҳояшонро боз кунанд

ДУШАНБЕ, 9 июл – Sputnik. Сокинони маҳаллаҳои Хуҷанд дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон иброз намуданд, ки чанд вақт ба ин тараф бӯи ғализ ҳама ҷойро фаро мегирад.

Бурҳон Кенҷаев, сокини маҳаллаи 20-уми шаҳри Хуҷанд дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ин мушкил чанд вақт боз онҳоро нороҳат месозад.

“Бӯи хеле бад ҳама ҷойро олуда мекунад. Аз он, ки бӯй ба хонаҳо даромада ба либосҳо нашинад, мо дару тирезаҳоро пушида мешинем”, гуфт Кенҷаев.

Фарҳод Шарипов сокини маҳаллаи 12-уми шаҳр иброз намуд, ки ин маҳаллае, ки онҳо зист мекунанд, аз ин мушкил орӣ намондааст ва паҳншавии бӯйи бад, онҳоро хаста кардааст.

“Баъзе сокинони калонсол мехоҳанд саҳар ва ё шомгоҳон дар вақти салқиншавии ҳаво ба кӯча бароянд, аммо аз ин, ки бӯи ғализ паҳн мешавад, онҳо ба берун рафта наметавонанд”, мегуяд ҳамсӯҳбати мо.

Сокинони маҳаллаҳои 3, 8, 13, 14 – 15, 18 ва 19- уми Хуҷанд ҳам аз мушкили бавуҷудома шикоят доранд. Ин мушкил беш аз ду моҳ боз шурӯъ шуда ва сокинонро водор намудааст, ки бо мактуби дастаҷамъӣ ба ҳукумати шаҳр муроҷиат кунанд, то ба ҳалли он расидагӣ сурат гирад.

Ҷамшедҷон Азизов, иҷрокунандаи сардори шуъбаи ҳифзи ҳавои атмосферии Раёсати экологияи Суғд дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ҳарчанд ин мавзӯъ хоси идораи санитарию эпидемологӣ аст, вале онҳо ҳам барои муайян намудани ин масъала як моҳ ин ҷониб ба таҳқиқ мебаранд.

То ин муддат чандин мурғхонаҳоро мавриди санҷиш қарор додаанд: “Мо асосан олуда шудани ҳаво аз ҳисоби дуд ва чангро назорат мебарем, лекин новобаста аз ин мо ҳам барои муайян намудани манбаъаи ин мушкилӣ сафарбар шудем. Болотар аз маҳаллаи 3-юми Хуҷанд, маҳаллаи аҳолинишини Ваҳдати ноҳияи Бобоҷон Ғафуров воқеъ аст, ки дар ҳудуди он 6 – 7 адад мурғхонаҳо мавҷуданд. Дар он ҷо нуқтаи ҷамъкунии порӯи мурғ дида шуд, ки дар ҳолати боз нигоҳ дошта мешуданд. Мо дастур додем, ки минбаъд дар шароити кушод порӯи мурғро нигоҳ надоранд ва ва онро ба хок гӯронидем”, гуфт Азизов.

Дар канори соҳили рости руди Сир дар наздикии маҳаллаи 3-уми Хуҷанд, маҳаллаҳои аҳолинишини Сартуқай, Себоғ ва Ваҳдати ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мавҷуд мебошад ва як бахши даромади зиндагии сокинон ин ҷо аз чорводорӣ мебошад.

Аммо сокинон мегуянд, бӯе, ки шаҳрро фаро мегирад ҳамшабеҳи порӯи чорво нест, балки бадтар аз он аст.

Ҷамшедҷон Азизов афзуд зимни санҷиш хати партовпартоӣ ва заводи коркарди партов аз ташноб (канализатсия) и Хуҷандро низ дар аз назар гузаронидаанд, вале манбаъи аслии паҳни бӯйи ғализ дарёфт нашудааст.

“Мо ба нуқтаи коркарди партов ва канализатсия ҳам рафтем. Шароити кории онҳоро назорат кардем, ки тибқи меъёр ба роҳ монда шудааст. Аз он ҷо ҳеҷ бӯи бад ба атроф паҳн намешавад”, гуфт Азизов.

Шуҳрат Абдуқодиров як масъули идораи назорати санитарию эпидемологии Хуҷанд дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ба эҳтимоли зиёд паҳншавии бӯи бад аз ҳисоби порӯи мурғонаҳое, ки дар дар маҳаллаҳои Сартуқай, Себоғ ва Ваҳдат ташкил шуда мебошад.

Аммо ин масъули идораи беҳдоштӣ гуфт, ин маҳаллаҳо ба ҳудуди маъмурии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров шомиланд ва таҳқиқи ин масъаларо бояд идораи назорати санитарию эпидемологии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба анҷом бирасонанд.

“Бӯи порӯи мурғхонаҳо хеле баланд буд. Эҳтимол ин бӯй ба ҳамаҷо паҳн мегардад. Мо чанд чунин ҷойҳоро ошкор ва ҳамроҳ бо кормандони телевизион сабт намудем”, таъкид кард Абдуқодиров.

Бино ба иттилоъи дарёфтӣ баъд аз муроҷиати пайдарпайи сокинон ба ҳукумат ва шабакаҳои иҷтимоӣ, кормандони мақомоти назоратии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба таҳқиқи ин масъала шурӯъ намудаанд, вале ҳоло шарҳ дода нашудааст, ки бӯи бад дар Хуҷанд аз куҷо мехезад.

0