Экономический рост, архивное фото

Касри буҷаи Тоҷикистон алакай дар панҷ моҳи соли равон ба 15 дарсад расид

287
(Таҷдидшуда 10:30 20.06.2020)
Вазорати молияи Тоҷикистон аз касрии беш аз 15 дарсадии буҷаи ин кишвар дар панҷ моҳи соли равон хабар дод

ДУШАНБЕ, 20 июн — Sputnik. Ба гузориши хабаргузории “Авесто”, ҳаҷми умумии буҷаи ҳукумати Тоҷикистон дар панҷ моҳи соли равон ба ҳашт миллиарду 104 миллион сомонӣ расида, ки касрии 15,2 дарсадиро нишон медиҳад.

Бар асоси ин гузориш, иҷрои барномаи бахши даромади буҷаи Ҳукумати Тоҷикистон тайи панҷ моҳи соли равон 84, 8 дарсад таъмин шудааст.

Вазорати молияи Тоҷикистон далели ин касрии буҷаро густариши вируси корона ба сабаби таътилии касбу корҳо ва коҳиши пардохти молиёт ва аворизи мухталиф унвон кардааст.

Мутахассисони вазорати молияи Тоҷикистон бо ишора ба авзои иқтисоди Тоҷикистон дар пайи густариши вируси корона дар ин кишвар эҳтимол касрии 230 миллион долларии буҷаи ҳукуматро то поёни имсол пешбинӣ кардаанд.

Ҳаҷми умумии буҷаи Ҳукумати Тоҷикистон дар соли 2020, 26 миллиарду 100 миллион сомонӣ, муодили ду миллиарду 100 миллион доллар аст.

Ёдрас мешавем, ки Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар як номаи дархости кумаки молиявӣ аз Сандуқи байналмилалии пул, ки рӯзи 29 апрел фиристода шуда буд, таъкид дошт, ки  ҳаҷми интиқоли пул аз Русия ба Тоҷикистон дар моҳи март ва нимаи аввали апрел 50% (80 миллион доллар) коҳиш ёфтааст.

Президент пешгӯӣ кардааст,  ки  бо коҳишёбии даромадҳо ва сарфаи маблағҳо барои пешгирӣ аз паҳншавии коронавирус  афзоиши назарраси касри буҷет дар назар аст.

Вай афзуд, ҳоло маблағҳои буҷа инчунин барои табобати нафарони бемор ва дастгирии камбизоатон равона шудааст.

287
Барчаспҳо:
Панҷ, норасоии буҷа, буҷа, вазорати молия, Тоҷикистон
Цистерны для нефтепродуктов, архивное фото

“Худӣ”: дар Тоҷикистон истеҳсоли нафт афзоиш ёфтааст

628
Вазорати энерживу оби Тоҷикистон мегӯяд, истеҳсоли нафт дар ин кишвар тайи нимсолаи аввал ҳудуди 8% афзоиш ёфтааст

ДУШАНБЕ, 13 июл — Sputnik. Шарифа Худобахш, муовини вазири энерживу оби Тоҷикистон зимни як нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон гуфт, тайи нимсолаи аввали соли равон дар кишвар чизе бештар аз 12 ҳазор тон нафт тавлид ёфтааст, ки дар қиёс бо ҳамин давраи соли гузашта 810 тон зиёд аст.

“Тавозуни ҳарсола нишон медиҳад, ки истеҳсоли нафт сол ба сол афзойиш меёбад. Тавлидгарони нафти Тоҷикистон ширкатҳои ватанӣ ҳастанд, ки тибқи имконоти худ истеҳсолро ба роҳ мондаанд. Ҳоло мо бар инем, ки дар оянда сармояи хориҷиро ба ин соҳа ҷалб кунем. Вазорат дар ин самт кор мекунад, зеро соҳаи нафту газ як соҳаи маблағталаб аст. Сармоягузор дар ҷое, ки нафти кофӣ нест, сармоя намегузорад. Аммо ба ҳар ҳол ширкатҳое ҳастанд, ки омодаи ҳамкориянд. Умедворем, пас аз пандемия онҳоро низ ҷалб кунем”, - гуфт Шарифа Худобахш.

Соли гузашта Раёсати геологияи Тоҷикистон эълон карда буд, ки дар кишвар дар чуқурии 3 – 5 ҳазор метр захираҳои бузурги нафту газ кашф шуда, теъдоди конҳо ба 20 адад дакка мехӯрад. Бино ба ин манбаъ, захираҳои нафт 2 миллион тон ва газ 3 миллиард метри мукаабро ташкил мекунад. Дар гузашта ширкатҳои ҷаҳонии “Газпром” ва “Тетис – петролиум” дар ҳавзаҳои ҷанубии Тоҷикистон ба омӯзиши захираҳо кор карданд.

Муовини вазири энерживу оби Тоҷикистон мегӯяд, ин ширкатҳо на бо истихроҷ, балки корҳои омӯзишӣ машғул буданд.

“Он вазифае, ки пешашон гузошта шуда буд, иҷро карда, рафтанд. Дар соҳаи истихроҷи газ ҳоло пешрафти намоёне надорем, аммо бо истихроҷи нафт дар Тоҷикистон ширкатҳои тоҷикӣ бо сармояҳои худ машғуланд”, - гуфт Шарифа Худобахш.

Бино ба иттилои вазорати энерживу об, дар Тоҷикистон 7 ширкат, ба шумули “Нафту газ”, “Салоса”, “Сетос”, “Азизӣ”, “Петролиум Суғд” дар истихроҷ ва “Сомон-ойл” дар иктишофу омӯзиши нафт кор мекунанд.

628
Барчаспҳо:
нафткаш, Тоҷикистон
Сомони и доллары, архивное фото

Бонки миллӣ арзиши рубл, доллар ва евроро барои имрӯз эълон кард

542
(Таҷдидшуда 08:27 13.07.2020)
Қурби доллар чи дар бозори ҷаҳон ва чи дар бозори асъори Тоҷикистон боло ва қурби рубл бошад, рӯз то рӯз паст мешавад

ДУШАНБЕ, 13 июл – Sputnik. Бонки миллии Тоҷикистон барои имрӯз дар оғози ҳафтаи навин арзиши асъори хориҷиро нисбат ба пули миллӣ эълом кард

Тибқи нишондоди Бонки миллии Тоҷикистон арзиши 1 рубли русӣ барои имрӯз 0.1442 сомонӣ  ва дар бозори нақд бошад 0.1460 сомонӣ нишон дода шудааст.
Ин ниҳод қурби миёнаи фурӯши 1 доллари ИМА дар муассисаҳои қарзии Тоҷикистонро аз  10.3097 то 10.3100 сомонӣ арзёбӣ кардааст. 

Бонки миллӣ қурби миёнаи фурӯши 1 евроро аз 11.6386 то 12. 0500 сомонӣ арзёбӣ кардааст.

Дар бонкҳои дигари кишвар, аз ҷумла “Бонки Эсхата” нишондоди асъор  нисбат ба дигарон каме болотар нишон дода шудааст.

Иқтисодшиносон аз коҳиши арзиши рубл ва гарон шудани доллар ҳушдор медиҳанд

Ин бонк хариду фурӯши 1 рублро имрӯз аз 0,1465 то 0,1490 сомонӣ муқаррар шудааст.

Дар “Спитаменбонк” бошад арзиши 1 рубл аз 0.1450 то 0.1490 ва дар “Алифбонк” бошад 1 рубл аз 0,1450 то 0,1500 сомонӣ нишон дода шудааст.

Бо доллар кор мекунӣ, муҷозот мешавӣ: додгоҳ раиси ширкати “Тоҷикояндасоз”-ро ҷарима кард

БМТ огоҳ менамояд, ки “берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст ва риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, сабаби ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашидан мегардад”.

542
Барчаспҳо:
евро, доллар, сомонӣ, рубл, арзиши асъор, Бонки Миллӣ, Тоҷикистон
Российской военно-транспортной авиации 89 лет

Даргузашти ҳунарманди машҳур Абдураим Абдуваҳҳобов

0
(Таҷдидшуда 13:41 14.07.2020)
Сабаби даргузашти ҳунарманд - Абдураим Абдуваҳҳобов, ки дар синни 57-солагӣ аз олам даргузашт, то ҳол маълум нест

ДУШАНБЕ, 14 июл – Sputnik. Ҳунарманди шоистаи Ӯзбекистон - Абдураим Абдуваҳҳобов аз олам даргузашт, хабар медиҳад Вазорати фарҳанги Ӯзбекистон.

Сабаби даргузашти ҳунарманд то ҳол маълум нест, ӯ ҳамагӣ 57-сол дошт.

Абдураим Абдуваҳҳобов 8 августи соли 1963 дар шаҳри Тошканд ба дунё омадааст. Ӯ дар филмҳои "Шум бола" -  (Садои дард), "Суюнчи", "Мухаббат синовлари", "Назира" ва сериоли "Шайтанат"  ва дар дигар намоишномаҳо нақш бозидааст.

Мусибат дар хонаводаи раиси вилояти Хатлон: модарашро аз даст дод

Ҳамчунин Абдуваҳҳобов дар филми "Жўра овчи" - и "Тоҷикфилм" нақш офаридааст.

0
Барчаспҳо:
ҳунарманд, даргузашт, Ӯзбекистон