Эмомали Рахмон подписывает документы на заседание глав государств СНГ в Душанбе

Ду фармони Раҳмон: масъулини нави Бонки миллии Тоҷикистон таъин шуданд

802
(Таҷдидшуда 11:57 20.06.2020)
Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо судури ду фармон муовинони раиси Бонки миллии Тоҷикистонро таъйин кард

ДУШАНБЕ, 20 июн — Sputnik. Президенти Тоҷикистон дар ҳайати раҳбарикунандаи Бонки миллии Тоҷикистон тағйирот ворид кард.

Бино ба гузориши котиботи президент,  Накҳатзода Моҳбону Киромиддин муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон таъин карда шуд. Гуфта мешавад, ки фармони мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда мешавад.

Ҳамчунин мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон фармон дода, ки Холиқзода Ҳоким Ҳикматулло муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон таъин карда шавад.

Манбаъ афзуда, ки фармони мазкур низ барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуд.

Ду рӯз пеш Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар вазоратҳои адлия, рушди иқтисод ва савдо, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, фарҳанг, кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Тоҷикистон ва дигар сохтору мақомоти давлатӣ тағйироти кадрӣ амалӣ кард.

Президент Ҷамолиддин Нуралиевро барканор ва таъин кард

Раҳмон аз ҷумла бо як фармон Нурализода Ҷамолиддин аз вазифаи муовини якум ва Салимова Лола аз вазифаи муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон бинобар сабаби ба охир расидани муҳлати ваколаташон озод кард.

Бо фармони дигар раисиҷумҳур Нурализода Ҷамолиддинро ба вазифаи муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон таъин кард.

802
Барчаспҳо:
БМТ, фармон, тағйироти кадрӣ, Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон
Мавзуҳо:
Тағйироти кадрӣ дар Тоҷикистон (98)
Рустам Эмомали подписывает документ

“Корвон” бо қарори раиси Душанбе бозсозӣ мегардад: чӣ гуна хоҳад шуд? аксҳо

1139
(Таҷдидшуда 15:28 15.01.2021)
Мақомоти меъмории шаҳри Душанбе тарҳи навсозии маҷмааи савдои “Корвон”-ро нашр кардаанд, ки бо унсурҳои миллии меъморӣ таҳия шудааст

ДУШАНБЕ, 15 янв — Sputnik. Маҷмааи савдои “Корвон”-и шаҳри Душанбе, ки калонтарин дар Тоҷикистон мебошад, навсозӣ мегардад.

Ба иттилои мақомоти меъмории шаҳри Душанбе дар пайи навсозӣ Маҷмааи муосири савдову хизматрасонии “Корвон” мавриди истифода қарор хоҳад гирифт.

“Бо қарори раиси шаҳри Душанбе, азнавсозии Маҷмааи муосири савдову хизматрасонии “Корвон” бо таҳхона ва таваққуфгоҳи нақлиётии бисёрсатҳа оғоз шудааст”, - омадааст дар иттилоияи мақомоти меъморӣ.

Лоиҳакаши тарҳи навсозии “Корвон” корхонаи давлатии “Душанбешаҳрсоз” буда, фармоишгари он ҶДММ “Корвон” мебошад.

“Корвон” калонтарин минтақаи тиҷоратии ҷумҳурӣ ба шумор рафта, дар он одатан ба далели зиёд будани одамон ва мошинҳо танбашавии нақлиёт сурат мегирад. Дар тарҳи ҷадид таваққуфгоҳи бисёрқабата пешбинӣ шудааст, ки интизор меравад, мушкили танбашавии нақлиётро бартараф кунад.

1139
Барчаспҳо:
навсозӣ, бозор, Тоҷикистон
Нусратулло Давлатзода, раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Тоҷикистон, акс аз бойгонӣ

Солҷашни 59-ум ва 12 соли раисӣ дар Кумитаи андоз: Давлатзода кист?

825
(Таҷдидшуда 15:27 15.01.2021)
Нусратулло Давлатзода, ки расо 12 сол роҳбарии Кумитаи андози назди Ҳукумати Тоҷикистонро ба уҳда дорад, имрӯз 59-солагияшро таҷлил мекунад

ДУШАНБЕ, 15 янв — Sputnik. Бар асоси ҳолномаи расмӣ, Давлатзода корашро ба ҳайси нозир оғоз карда, 12 соли охир - аз 16 январи соли 2009 то ҳол раиси Кумитаи андоз мебошад.

Презентация нового сервиса Google Android Pay в России
© Sputnik / Валерий Мельников

Нусратулло Давлатзода 15 январи соли 1962 дар ноҳияи Темурмалик таваллуд шуда, соли 1982 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ва соли 2006 Академияи хизматии давлатии Русияро бо ихтисоси идоракунии давлатӣ ва маҳаллӣ хатм кардааст.

Тибқи тарҷумаи ҳоли Давлатзода, ӯ баъди хатми донишгоҳ дар соли 1982 то соли 1987 нозир оид ба маблағгузории хоҷагии қишлоқи шуъбаи молияи ноҳияи Совети вилояти Кӯлоб будааст.

“Солҳои 1987-1989 – сармуҳосиби Иттиҳодияи агросаноатии ноҳияи Советӣ вилояти Кӯлоб, солҳои 1989-1990 – муовини раиси Иттиҳодияи агросаноатии ноҳияи Советӣ вилояти Кӯлоб, солҳои 1990-1991 – тафтишотчии пешбар, сартафтишотчии Иттиҳодияи истеҳсоли меваю сабзавоти “Кӯлоб”-и вилояти Кӯлоб буд”, - омадааст дар ҳолнома.

Солҳои 1991-1992 - мутахассиси пешбари шуъбаи ҳисоботу тафтишотии Идораи кишоварзии вилояти Кӯлоб, солҳои 1992-1995 – директори Идораи ҳисоби хоҷагии савдои “Марҳабо”-и вилояти Хатлон, солҳои 1995-1997 – сардори шуъбаи савдои Базаи ҷумҳуриявии яклухтфурушии “Тоҷик-баққолисавдо” будааст.

Ӯ солҳои 1997-1998 ба ҳайси сарревизор-назоратчии Раёсати санҷиш ва назорати молиявии Вазорати молия, солҳои 1998-1999 – нозири калони андози Идораи санҷиши андозсупорандагони Кумитаи андоз кор кардааст.

Сипас дар мақомоти андози вилояти Ленинобод ва солҳои 2002-2006  дар вазифаи сардори Нозироти андози андозсупорандагони азими Вазорати даромадҳо ва пардохтҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият доштааст.

Солҳои 2006-2009  муовини аввали раиси Кумитаи андоз ва аз 16 январи соли 2009 то ҳол раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Таъкид шудааст, ки Давлатзода оиладор ва соҳиби 7 фарзанд мебошад.

825
Барчаспҳо:
зодрӯз, кумитаи андоз, Тоҷикистон

Эмгузаронии оммавӣ алайҳи COVID-19 дар Русия оғоз мешавад-навор

0
Дар Русия аз ҳафтаи оянда, эмгузаронии оммавӣ алайҳи коронависрус оғоз мешавад. Президенти Русия, Владимир Путин дар ин бора ҳукумати кишварашро муваззаф кардааст

Раисиҷумҳури Русия зимни дастури эмгузаронии оммавии аҳолӣ таъкид карда буд, ки ваксинаи русӣ алайҳи коронавирус шароити хоси интиқолро талаб намекунад ва зарур хонд, ки инфрасохтори зарурӣ ҳарчӣ зудтар фароҳам шавад.

Ваксинаи “Sputnik V” аллакай дар бисёр кишварҳои ҳамсоя истифода мешавад. Аз ҷумла дар як пойгоҳи низомии Русия дар Арманистон, ҳайати шахсӣ бо ин ваксина эмгузаронӣ шуданд.

Таъкид мешавад, ки дар ваксинагузаронӣ ҳама чиз ихтиёрӣ, бо розигии хаттии ҳайати низомӣ ва ҳам дигар гуруҳи шаҳрвандон сурат мегирад.

Дар Беларус "Sputnik V"-ро аввалин шуда, табибон гирифтанд.  Баъдтар, дар саросари ҷумҳурӣ беш аз 5,5 миллион нафар эм карда мешаванд.

Дар Қазоқистон ваксинагузаронӣ ҳанӯз оғоз нашудааст, аммо дар Караганда истеҳсоли доруи Русия аллакай дар авҷ аст. 

Дар Украина низ ба "Sputnik V" таваҷҷуҳ доранд. Онҳо аллакай ба ҷамъоварии имзоҳо барои сабти ном ва истеҳсоли ваксинаи Русия шурӯъ кардаанд.

Bloomberg самаранокии ваксинаи русии "Спутник V" -ро тасдиқ кард

Барои онҳое, ки имкони эмгузаронӣ ҳанӯз ба даст наомадааст, хабари хуш низ ҳаст: Озмоишҳои иловагии пӯсти тӯс барои пешгирии коронавирус ба анҷом расиданд. Даво аз ҷониби олимони ёқутистонӣ сохта шудааст. Тадқиқотҳо нишон доданд, ки он хавфи бемориҳоро кам мекунад ва инчунин раванди барқарорсозиро осон месозад.

0
Барчаспҳо:
вируси корона, беморӣ, навор, Русия, Русия