Таджикские сомони и рубли, архивное фото

Бонки миллӣ арзиши рублу доллар ва евроро барои имрӯз эълон кард

405
(Таҷдидшуда 10:06 23.06.2020)
Бонки миллии Тоҷикистон арзиши сомониро нисбат ба асъори хориҷӣ барои имрӯз эълон кард. Тибқи нишондодҳои охири ҳафтаи гузашта арзиши рубл дар бозори асъори кишвар поён рафта буд, аммо тайи ду рӯзи ахир каме боло рафт

ДУШАНБЕ, 23 июн — Sputnik. Тибқи нишондоди Бонки миллии Тоҷикистон арзиши 1 рубли русӣ то 0.1483 ва дар бозори нақдии кишвар 0.1520 сомонӣ арзиш дорад.


Тибқи нишондодҳои ҳавфтаи ахир арзиши рубл ва евро дар бозори асъори кишвар майли поёнравӣ дорад. Доллар бошад пас аз суқути чандинвақта майли гаронӣ дорад ва мутахассисон низ қаблан болоравии онро пешгӯӣ карда буданд.

Ин ниҳод қурби миёнаи фурӯши 1 доллари ИМА дар муассисаҳои қарзии Тоҷикистонро аз 10.3075 то 10.3100  сомонӣ арзёбӣ кардааст. 

Бонки миллӣ қурби миёнаи фурӯши 1 евроро аз 11.5764 то 11.9000 сомонӣ арзёбӣ кардааст.

Аммо дар бонкҳои дигари кишвар, аз ҷумла “Бонки Эсхата” нишондоди асъор  нисбат ба дигарон каме болотар нишон дода шудааст.

Ин бонк хариду фурӯши 1 рублро имрӯз аз 0.1500 то 0.1520 сомонӣ муқаррар шудааст.

Дар “Спитаменбонк” бошад арзиши 1 рубл аз 0.1470 то 0.1525 ва дар “Алифбон” бошад 1 рубл аз 0,1485 то 0,1525 сомонӣ нишон дода шудааст.

Рубл дигар наметавонад: коршинос аз ҷаҳиши якбораи доллар огоҳ мекунад

БМТ огоҳ менамояд, ки “берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст ва риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, сабаби ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашидан мегардад”.

405
Барчаспҳо:
Бонки Миллӣ, фурӯш, харидан, арзиш, сомонӣ, доллар, рубл
Капитальная реконструкция автодороги Бишкек-Нарын-Торугарт

Оғози таъмири роҳи Ховалинг-Шугнов: бозсозии 63 километр роҳ бо ҷалби соҳибкорони маҳаллӣ

213
(Таҷдидшуда 12:44 10.07.2020)
Дар ноҳияи Ховалинг бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон бо дастгирии мақомоти вилояти Хатлон ва ҷалби соҳибкорони маҳаллӣ таъмири 63 километр роҳи Ховалинг-Шугнов оғоз гардид

ДУШАНБЕ, 10 июл – Sputnik. Роҳи мошингарде, ки маркази ноҳияи Ховалингро бо ҷамоъати деҳоти Шугнов мепайвандад ва солҳои дароз дар ҳолати ногувор қарор дошт, таъмир хоҳад шуд, иттилоъ хабаргузории АМИТ “Ховар”.

Гуфта шудааст, ки роҳбарияти ноҳия сохтмони роҳи мазкурро ба нақша — чорабиниҳо бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон шомил намуда, барои тахту ҳамвор ва сангфаршкунии роҳ соҳибкорони маҳаллӣ низ ҷалб гардиданд. Айни замон дар мавзеҳои душворгузари роҳ корҳои барқарорсозӣ ва тахту ҳамворкунии роҳ оғоз гардидааст.

Манбаъ қайд кардааст, ки дар корҳои сохтмонӣ техникаҳои сокинони ҷамоъати деҳот ва Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳия ҷалб карда шудаанд.

Ҳамзамон манбаъ таъкид доштааст, ки мавзеи аз ҳама душвори роҳ ағбаи Тиюн мебошад, ки 18 километрро ташкил дода баландии он аз сатҳи ҳамворӣ беш аз ҳазор метрро  дар бар гирифта,  ҳамасола бар асари боришот валангор мегардад.

“Муҳандисони роҳсоз ба гардиш ва ҷойҳои ярчфарою хатарзои роҳ аҳамияти махсус дода, дар он мавзеъҳо корҳои сохтмониро ба таври зарурӣ ба роҳ мондаанд. Сангу шағалро аз дарёи Ёхсу, ки дар шафати роҳ мебошад кашонида, ба воситаи техникаю механизмҳои пуриқтидори роҳсозӣ ҳамвор менамоянд. Роҳсозӣ дар шароити кӯҳистон душвор мебошад ва ҳангоми оғози корҳои сохтмонӣ барои муваффақ шудан  қоидаҳои роҳсозиро мебояд қатъиян риоя кард. Дар оянда мумфаршкунии роҳ низ ба нақша гирифта шудааст”, — соҳибкор Муҳиддин Қосимов

Дар ҳамин ҳол, раиси ҷамоати деҳоти Шугнов Изатулло Файзов иброз доштааст, ки роҳбарияти ҷамоат ва соҳибкорон мақсад доранд, ки роҳи мавзеи ағбаи Тиюнро давоми се рӯзи дигар сангфарш намоянд ва баъдан дар қитъаҳои ҳамвори роҳ онро идома диҳанд.

Сокинони деҳаҳои ҷамоати деҳоти Шугнов дастаҷамъона дар ин кори хайр ба соҳибкорон кӯмак расонида истодаанд.

213
Барчаспҳо:
таъмир, Хатлон, вилоят, мақомот, Ховалинг, роҳ, Тоҷикистон
доллары и сомони, архивное фото

Бонки миллӣ арзиши рубл, доллар ва евроро барои имрӯз эълон кард

316
(Таҷдидшуда 12:24 10.07.2020)
Бонки миллии Тоҷикистон арзиши сомониро нисбат ба асъори хориҷӣ барои имрӯз, 10 июли соли равон эълон кард

ДУШАНБЕ, 10 июл — Sputnik.  Тибқи нишондоди Бонки миллии Тоҷикистон, имрӯз 1 рубли русӣ — 0.1454 сомониро ташкил медиҳад.

Ин ниҳод қурби миёнаи фурӯши 1 доллари ИМА дар муассисаҳои қарзии Тоҷикистонро аз 10.3096 то 10.3100 сомонӣ арзёбӣ кардааст.

Бонки миллӣ қурби миёнаи фурӯши 1 евроро аз 11.6973 то 11.9000 сомонӣ арзёбӣ кардааст. Тибқи нишондоди Бонки миллии Тоҷикистон арзиши 1 рубли русӣ дар муассиcаҳои ташкилоти қарзии Тоҷикистон аз 0.1454 то 0.1470 сомонӣ арзиш дорад.

Пешбинии коршинос: арзиши доллар тобистон поён мераваду рубл боло

Ҳамин тавр, Бонки миллии Тоҷикистон имрӯз қурби асъори хориҷиро нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон) чунин муқаррар кардааст: 1 доллари ИМА — 10.3096 сомонӣ, 1 евро – 11.6973 сомонӣ ва 1 рубли русӣ — 0.1454 сомонӣ.

БМТ огоҳ менамояд, ки "берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст ва риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, боиси ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашидан мегардад".

316
Барчаспҳо:
қурби асъор, сомонӣ, асъори хориҷӣ, Тоҷикистон
Заправочная колонка на автозаправочной станции

Чаро нархи газ дар Тоҷикистон рӯз ба рӯз боло меравад?

0
(Таҷдидшуда 14:43 11.07.2020)
Арзиши гази моеъ умдатарин маводи ҳаракатдиҳандаи воситаи нақлиёт дар Тоҷикистон ба 4 сомонӣ дакка хурдааст, ки ин назар ба як моҳи пеш 45 % баланд гуфта мешавад

ДУШАНБЕ, 11 июл – Sputnik. Тайи як ҳафтаи охир қимати фурӯши гази моеъ дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ дар шаҳру навоҳии Тоҷикистон то ба 4 сомонӣ баробар шудааст. Масъулони нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ, 50 дарсад гарон шудани нархи газро дақиқан шарҳ намедиҳанд.

Як фурӯшандаи нуқтаи сӯзишворӣ дар ҳудуди ноҳияи Варзоб гуфт, сабаби баланд рафтани нархи газро дақиқан шарҳ дода наметавонад.

"Мо коргари оддӣ ҳастем. Ҳисобу китоби хариди фурӯш дар ихтиёри роҳбарият аст, чи хел нархро муқаррар кунанд, мо аз рӯи ҳамон ба фурӯш мегузорем", -  гуфт ҳамсуҳбати мо.

Корманди як таъмингоҳи маводи сӯзишворӣ дар ноҳияи ба номи Ҷаббор Расулов дар вилояти Суғд таъкид намуд, ки болоравии нархи газ ба ҳаҷми воридоти он вобаста аст.

Ин ҳамсуҳбати мо гуфт, ки ворид намудани газ ба Тоҷикистон кам шуда ва аз ҳамин лиҳоз нархи он баланд рафтааст.

Аммо Усмон Раҳматов, коршиноси умури иқтисодӣ мегӯяд, баланд бардоштани нархи газ дар рӯзҳои охир, ба афзоиши гаштугузори мошинҳо дар роҳу ҷодаҳои Тоҷикистон пас аз замони хатми қарантинаи хонагӣ аст.

Чаро дар нархи нафту газ мувозинат дида намешавад

"Агар нархи навъҳои дигари сӯзишворӣ масъалан бензин ва дизел ҳам дар баробари газ то 50 % боло мерафтанд, гуфтан мумкин буд, ҳаҷми воридоти маводи сӯхт дар Тоҷикистон кам шуда, ин ба болоравии нарх бетаъсир намондааст. Аммо тавре мебинед, танҳо газ боло рафтааст. Ин аз он сабаб, ки ҳоло бештари воситаҳои нақлиёт дар Тоҷикистон бо газ ҳаракат мекунанд", - афзуд коршинос.

Тибқи мушоҳидаҳо ҳоло қимати 1 литр гази моеъ ба 3, 9 то 4 ва дар баъзе ҷойҳо 4, 2 сомонӣ расидааст. Ин дар ҳолест, ки дар моҳҳои май ва июн, арзиши он аз 2, 5 то ба 2, 8 сомонӣ фурӯхта мешуд.

Ронандаҳои таксӣ дар Тоҷикистон мегӯянд, болоравии нархи газ дар замони хуруҷи пандемияи COVID-19 ба ҷайби сокинон таъсир мерасонад.

"Ҳоло барои як нуқтаи сафар 10 сомонӣ муқаррар шуда буд, аз сабаби қимат шудани нархи газ, ҳеҷ ронанда бо ин нарх мусофир намекашонад. Зеро нархи хизматрасонӣ, хароҷоти хариди сӯзишвориро намебарорад", - гуфт як ронандаи таксӣ.

Дар Тоҷикистон маводи сӯхт, аз ҷумлаи гази моеъ ва бензину дизел аз хориҷа, асосан аз кишвари Русия ва Қазоқистон тавассути қаламрави Қирғизистон ворид мешавад.

Дар соли гузаштаи 2019 бино ба маълумотҳои омории мақомоти гумрук беш аз 430 ҳазор тон гази моеъ, қариб 180 ҳазор тон бензин ва ҳудуди 250 ҳазор тон маводи дизелӣ ба кишвар ворид шудааст.

"Фароз”, "Газпром", "Газойл", "Роҳи Сомон" аз бузургтарин ширкатҳои таъминкунандаи сӯзишворӣ дар Тоҷикистон ба ҳисоб мераванд.

0
Барчаспҳо:
қиматшавӣ, газ, нарх, Тоҷикистон