Сазонова Кира Львовна

Сазонова тарҳи қонун дар бораи кори хешовандон дар бонкҳои давлатии Тоҷикистонро шарҳ дод

299
Эҳтимолияти манъи фаъолияти хешовандони наздик дар бонкҳои давлатии Тоҷикистонро Кира Сазонова, дотсенти Шӯъбаи таҳқиқоти давлатӣ ва ҳуқуқи Донишкадаи байналмилалии идоракунии давлатии РАНХиГС шарҳ дод

ДУШАНБЕ, 23 июн — Sputnik. Дар Тоҷикистон имкони дорад фаъолияти муштараки хешовандони наздик дар бонкҳои давлатӣ манъ гардад.

Тибқи гуфтаҳои дотсентори кафедраи омӯзиши давлатӣ ва ҳуқуқи Институти байналмилалии идоракунии давлатӣ ва идоракунии РАНХиГС Кира Сазонова, ин амал ҳоло дар тамоми ҷаҳон маъмул аст.
"Мақсад аз он иборат аст, ки занҷирҳои устувори коррупсия ташкил наёбанд ва шаффофияти ҳама равандҳо афзоиш дода шаванд",- гуфт коршинос ба Sputnik Тоҷикистон.

Ӯ гуфт, дар Русия ин масъала муддати дароз муҳокима карда шуд ва дар натиҷа, соли 2017, Вазорати молияи Федератсияи Русия ба манъ кардани мустақим ба ҳамкорӣ барои хешовандони наздик ҷорӣ накард, агар онҳо мустақим тобеъ набошанд.

"Мантиқ ин ҷо комилан равшан ва дуруст аст, ки ба баланд бардоштани шаффофияти хидматрасониҳои давлатӣ алоқаманд аст ва кормандони каммалака ҷойҳои холиро ишғол накунанд" гуфт ӯ.

Сазонова илова намуд, ки дар ин марҳила муҳим аст, навишт ки хешовандони наздик гуфта киро мегӯянд.

"Масалан, дар кишварҳои гуногун ин масъала ба таври гуногун аст, ки оё зану шавҳар хешовандони наздиканд, зеро онҳо ҳамбастагии хунӣ надоранд. Кӯдакон, падару модарон, бародарон ва хоҳарон - ин албатта аён аст. Аммо масъала сари ҳамсарон ҷойи суол дорад. Самаранокии чунин лоиҳаи қонун аз ин вобаста хоҳад буд ", - хулоса кард ӯ.

299
Ҷаласаи Ҳукумати Тоҷикистон

Имзои қарори Ҳукумат: нархи доруҳо назорат мешавад

836
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, бо имзои қарори Ҳукумат доруро ба феҳрасти махсуси маҳсулоти дорои аҳамияти иҷтимоӣ ворид кард, ки нархи он аз ҷониби давлат назорат карда мешавад

ДУШАНБЕ, 9 июл – Sputnik. Бар асоси қарори ҷадиди Ҳукумат, нархи доруворию молҳои тиббӣ ва нуриҳои минералӣ барои хоҷагии қишлоқ аз ҷониби давлат назорат карда мешавад.

Феҳрасти маводи дорои аҳамияти иҷтимоӣ, ки бо қарори Ҳукумат тасдиқ мешавад, феълан 19 номгӯи молро дар бар мегирад.

Рӯйхати молҳое, ки нархашонро давлат назорат мекунад

Дар сархати маҳсулоти дорои аҳамияти иҷтимоӣ, ки нархашон аз ҷониби давлат назорат мешавад, орди навъи 1 ва 2 ва сипас нон, макарон, гандум, биринҷ, картошка, сабзавот – сабзӣ, пиёз, карам, шакар, равғани растанӣ, маҳсулоти ширӣ, нахуд, гӯшт, тухми мурғ, намак, чой, ғизои кӯдакон ва маводи сӯхт ҷой гирифтаанд.

Бо қарори нави имзокардаи Раҳмон, доруворию молҳои тиббӣ ва инчунин нуриҳои минералӣ, органикӣ ва кимиёвӣ барои хоҷагии қишлоқ низ шомили ин рӯйхат гардиданд.

Назорати иҷрои қарори мазкур ба уҳдаи Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон вогузор шудааст.

Роҳандозии назорати давлатии нархи доруворӣ дар ҳолест, ки ахиран дар давраи пандемияи коронавирус нархи баъзе аз маҳсулоти тиббӣ ба маротиб боло рафт.

836
Барчаспҳо:
давлат, назорат, нарх, Тоҷикистон
Селевой поток

Беш аз 42 миллион сомонӣ зарари ҳодисаҳои фавқулода дар вилояти Суғд

147
(Таҷдидшуда 16:37 08.07.2020)
Давоми ним сол дар қаламрави вилояти Суғд 260  ҳодисаҳои фавқулодда ба қайд гирифта шуд, ки бар асари он 64 нафар ҷон бохт

ДУШАНБЕ, 8 июл — Sputnik. Ҳодисаҳои табиӣ ва техногенӣ дар 6 моҳ ба иқтисодиёти вилоят 42  миллиону 986 ҳазору 544 сомонӣ зарар овраданд, хабар медиҳад КФҲ бо такя ба полковник Додиён Баҳром Одина – Сардори Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд.

Ин дар ҳолест, ки дар ҳамин давраи соли 2019 дар ҳудуди вилоят 322 ҳодисаҳои фавқулоддаи хусусияти гуногундошта ба амал омада буд, ки бар асари онҳо 82 нафар ҷони худро аз даст дода буданд.

Полковник Додиён, дар ҷаласаи ҷамъбасти фаъолияти шашмоҳаи Раёсат, гуфтааст, ки дар шашмоҳои аввали соли 2019 ҳодисаҳои фавқулода ба иқтисодиёти вилоят  12 миллиону 703 ҳазору 773 сомонӣ зарар оврада буд.

Ба гуфтаи ӯ, дар нимсолаи якуми соли 2020 дар ҳудуди вилоят 4 (чор) ҳодисаи фавқулоддаи хусусияти табиӣ дошта ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2019 4 (чор) ҳодиса кам мебошад.

Аз ҷумла, рӯзҳои  8-9 апрели соли 2020 дар натиҷаи боридани барфи зиёд ва хунукии сахт ба соҳаи кишоварзии шаҳру ноҳияҳои Панҷакент, Истаравшан, Исфара, Ашт ва Куҳистони Масчо ба маблағи умумии 32 миллиону 78 ҳазору 400 сомонӣ зарар расид. 343 гектар замини кишти картошка, 13,796 гектар боғу токзор, 0,0002 гектар майдони кишти сабзавот нобуд шуд. 

29 апрел бошад борон ва сел дар ноҳияи Масчо як нафарро ба ҳалокат расонд ва ба хоҷагии халқ  8 миллиону 490 ҳазору 574 сомонӣ зарар овард. 

Зикр гардид, ки аз ҳаҷми умумии зарар 38 миллиону 787 ҳазору 300 сомонӣ хисорате буд, ки ба соҳаи кишоварзии вилоят расид.

147
Барчаспҳо:
зарар, ҳодисаи табиӣ, ҳодиса, миллион, Суғд
Инспектор ГИБДД, архивное фото

Бадахшон: дар 13 садамаи нақлиётӣ 7 нафар ҳалок ва 13 нафар ҷароҳатдор гардиданд

0
(Таҷдидшуда 16:51 09.07.2020)
Бозрасии давлати автомабилии Раёсати умури дохила дар ВМКБ аз коҳиш ёфтани нақзи қавонини роҳ аз сӯи ронандаҳо хабар дод

ДУШАНБЕ, 9 июл – Sputnik. Дар роҳҳои автомобилгарди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон давоми шаш моҳи охири соли ҷорӣ 13 садамаи нақлиётӣ рух додааст, хабар медиҳад агентии Ховар бо такя ба маълумоти БДА РВУД дар ин вилоят.

"Дар натиҷаи 13 садамаи нақлиётӣ дасти кам 7 нафар ба ҳалокат расида, 13 нафар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштанд", - таъкид мешавад дар хабар.

Бар хабари БДА дар ВМКБ дар ин давра 37 ҳолати идора кардани воситаи нақлиёт бе рақами давлатӣ ва шаҳодатномаи ронанадагӣ, 10 далели истифодаи шишаҳои сиёҳу хира бе иҷозатномаи махсус ошкор  гардидааст.

Ҳамчунин чанд соли охир дар вилоят бамаротиб коҳишёбии шумораи ронандагоне, ки воситаи нақлиётро дар ҳолати сархушӣ идора мекунанд, мушоҳида мегардад.

Ҳаво дар Бадахшон то 30 дараҷа гарм мешавад: пешгӯии дақиқи обуҳаво дар Тоҷикистон

Аз моҳи январ то моҳи июни соли равон 12 нафар ронанда, ки мошинро дар ҳолати сархушӣ идора мекарданд, аз сӯи нозирони шуъбаи БДА РВКД-и вилоят боздошт шуданд. Ҳамаи ин ронандагон ҷарима ва ба муҳлати панҷ сол аз ҳуқуқи идора кардани воситаҳои нақлиёт маҳрум гардиданд.

Дар давоми шаш моҳи соли равон инчунин 39 ронанда, ки бе литсензияи давлатӣ ба мусофиркашонӣ машғул буданд, боздошт ва ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуданд.

Манбаъ таъкид мекунад, ки риоя накардани қоидаҳои ҳаракати роҳ ва сари вақт мавриди муоинаи техникӣ қарор надодани воситаҳои нақлиёт оқибат ба ҳодисаҳои нохуш оварда мерасонад.

0
Барчаспҳо:
садама, нақлиёт, Бадахшон