Сомони и доллары, архивное фото

Бонки миллӣ арзиши рубл, доллар ва евроро барои имрӯз эълон кард

578
(Таҷдидшуда 08:19 29.06.2020)
Бонки миллии Тоҷикистон арзиши сомониро нисбат ба асъори хориҷӣ барои имрӯз душанбе авали ҳафтаи равон эълон кард

ДУШАНБЕ, 29 июн — Sputnik. Тибқи нишондоди Бонки миллии Тоҷикистон арзиши 1 рубли русӣ то 0.1480 ва дар бозори нақдии кишвар 0.1530 сомонӣ арзиш дорад.

Ин ниҳод қурби миёнаи фурӯши 1 доллари ИМА дар муассисаҳои қарзии Тоҷикистонро аз 10.3084 то 10.3100  сомонӣ арзёбӣ кардааст. 

Бонки миллӣ қурби миёнаи фурӯши 1 евроро аз 11.5640 то 11.9000 сомонӣ арзёбӣ кардааст.

Бар пояи нишондодҳои ҳавфтаи ахир, ки арзиши рубл дар бозори асъори кишвар поин шуда буд, имрӯз каме боло рафтааст. Доллар бошад пас аз суқути чандинвақта майли гаронӣ дорад ва мутахассисон низ қаблан болоравии онро пешгӯӣ карда буданд.

Дар бонкҳои дигари кишвар, аз ҷумла “Бонки Эсхата” нишондоди асъор  нисбат ба дигарон каме болотар нишон дода шудааст.

Ин бонк хариду фурӯши 1 рублро имрӯз аз 0.1500 то 0.1525 сомонӣ муқаррар шудааст.

Дар “Спитаменбонк” бошад арзиши 1 рубл аз 0.1485 то 0.1530 ва дар “Алифбон” бошад 1 рубл аз 0,1495 то 0,1525 сомонӣ нишон дода шудааст.

Сад рубл барои як доллар: таҳлилгарон дар бораи бадтарин сенарияи пандемия гуфтанд

БМТ огоҳ менамояд, ки “берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст ва риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, сабаби ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашидан мегардад”.

578
Барчаспҳо:
асъор, евро, доллар, рубл, Бонки Миллӣ, Тоҷикистон
Ҷаласаи Ҳукумати Тоҷикистон

Имзои қарори Ҳукумат: нархи доруҳо назорат мешавад

520
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, бо имзои қарори Ҳукумат доруро ба феҳрасти махсуси маҳсулоти дорои аҳамияти иҷтимоӣ ворид кард, ки нархи он аз ҷониби давлат назорат карда мешавад

ДУШАНБЕ, 9 июл – Sputnik. Бар асоси қарори ҷадиди Ҳукумат, нархи доруворию молҳои тиббӣ ва нуриҳои минералӣ барои хоҷагии қишлоқ аз ҷониби давлат назорат карда мешавад.

Феҳрасти маводи дорои аҳамияти иҷтимоӣ, ки бо қарори Ҳукумат тасдиқ мешавад, феълан 19 номгӯи молро дар бар мегирад.

Рӯйхати молҳое, ки нархашонро давлат назорат мекунад

Дар сархати маҳсулоти дорои аҳамияти иҷтимоӣ, ки нархашон аз ҷониби давлат назорат мешавад, орди навъи 1 ва 2 ва сипас нон, макарон, гандум, биринҷ, картошка, сабзавот – сабзӣ, пиёз, карам, шакар, равғани растанӣ, маҳсулоти ширӣ, нахуд, гӯшт, тухми мурғ, намак, чой, ғизои кӯдакон ва маводи сӯхт ҷой гирифтаанд.

Бо қарори нави имзокардаи Раҳмон, доруворию молҳои тиббӣ ва инчунин нуриҳои минералӣ, органикӣ ва кимиёвӣ барои хоҷагии қишлоқ низ шомили ин рӯйхат гардиданд.

Назорати иҷрои қарори мазкур ба уҳдаи Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон вогузор шудааст.

Роҳандозии назорати давлатии нархи доруворӣ дар ҳолест, ки ахиран дар давраи пандемияи коронавирус нархи баъзе аз маҳсулоти тиббӣ ба маротиб боло рафт.

520
Барчаспҳо:
давлат, назорат, нарх, Тоҷикистон
Селевой поток

Беш аз 42 миллион сомонӣ зарари ҳодисаҳои фавқулода дар вилояти Суғд

147
(Таҷдидшуда 16:37 08.07.2020)
Давоми ним сол дар қаламрави вилояти Суғд 260  ҳодисаҳои фавқулодда ба қайд гирифта шуд, ки бар асари он 64 нафар ҷон бохт

ДУШАНБЕ, 8 июл — Sputnik. Ҳодисаҳои табиӣ ва техногенӣ дар 6 моҳ ба иқтисодиёти вилоят 42  миллиону 986 ҳазору 544 сомонӣ зарар овраданд, хабар медиҳад КФҲ бо такя ба полковник Додиён Баҳром Одина – Сардори Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд.

Ин дар ҳолест, ки дар ҳамин давраи соли 2019 дар ҳудуди вилоят 322 ҳодисаҳои фавқулоддаи хусусияти гуногундошта ба амал омада буд, ки бар асари онҳо 82 нафар ҷони худро аз даст дода буданд.

Полковник Додиён, дар ҷаласаи ҷамъбасти фаъолияти шашмоҳаи Раёсат, гуфтааст, ки дар шашмоҳои аввали соли 2019 ҳодисаҳои фавқулода ба иқтисодиёти вилоят  12 миллиону 703 ҳазору 773 сомонӣ зарар оврада буд.

Ба гуфтаи ӯ, дар нимсолаи якуми соли 2020 дар ҳудуди вилоят 4 (чор) ҳодисаи фавқулоддаи хусусияти табиӣ дошта ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2019 4 (чор) ҳодиса кам мебошад.

Аз ҷумла, рӯзҳои  8-9 апрели соли 2020 дар натиҷаи боридани барфи зиёд ва хунукии сахт ба соҳаи кишоварзии шаҳру ноҳияҳои Панҷакент, Истаравшан, Исфара, Ашт ва Куҳистони Масчо ба маблағи умумии 32 миллиону 78 ҳазору 400 сомонӣ зарар расид. 343 гектар замини кишти картошка, 13,796 гектар боғу токзор, 0,0002 гектар майдони кишти сабзавот нобуд шуд. 

29 апрел бошад борон ва сел дар ноҳияи Масчо як нафарро ба ҳалокат расонд ва ба хоҷагии халқ  8 миллиону 490 ҳазору 574 сомонӣ зарар овард. 

Зикр гардид, ки аз ҳаҷми умумии зарар 38 миллиону 787 ҳазору 300 сомонӣ хисорате буд, ки ба соҳаи кишоварзии вилоят расид.

147
Барчаспҳо:
зарар, ҳодисаи табиӣ, ҳодиса, миллион, Суғд
Самолет на закате, архивное фото

Русия омода аст парвозҳоро ба 13 кишвар барқарор кунад

0
Роспотребнадзор пешниҳод кардааст, ки бо назардошти беҳтар шудани вазъи эпидемиологӣ парвозҳо бо 13 кишвар барқарор карда шаванд

ДУШАНБЕ, 9 июл – Sputnik. Русия дар ду марҳила ҳамлу нақли байналмилалии ҳавоиро бо кишварҳои дигар  барқарор мекунад.

Ин тасмим аз ҷониби ситоди фаврӣ оид ба мубориза бо паҳншавии коронавирус дар кишвар пас аз як ҷаласа қабул карда шудааст.

Роспотребнадзор идеяи ситоди фавриро дастгирӣ намуд, кушодани парвозҳо ба 13 кишварро пешниҳод кардааст.

Мактуби дахлдорро Михаил Орлов, муовини сардори Раёсат ба Агентии федералии нақлиёти ҳавоӣ ва Вазорати нақлиёт фиристодааст.

Дар ин санад гуфта мешавад, ки пас аз таҳлили вазъи эпидемикӣ, Роспотребнадзор 13 кишварро ҳамчун номзад барои барқарор кардани парвозҳо дар марҳилаи аввал баррасӣ мекунад.

Сухан дар бораи Бритониё, Маҷористон, Олмон, Дания, Италия, Нидерландия, Норвегия, Лаҳистон, Финляндия, Чин, Ветнам, Муғулистон ва Шри Ланка меравад.

Казантсев сабабҳои барқарор кардани парвозҳо миёни Русия ва кишварҳои ИДМ-ро гуфт

Ҳамзамон, дар бораи шартҳои барқарор кардани парвозҳо ва имкони қабули шаҳрвандони Русия ба парвозҳо маълумоте нест.

Ёдовар мешавем, ки бар асари пандемияи коронавирус, Русия парвозҳои байналмилалии нақшавӣ ва чартериро 27 март ба таъхир андохт.

Фаврӣ: 13 парвози дигар аз Русия ба Тоҷикистон дар моҳи июл - ҷадвали парвозҳо

Қаблан Агентии федералии нақлиёти ҳавоӣ ба фурудгоҳҳо ва ширкатҳои ҳавопаймоӣ дар бораи тамдиди манъи вуруди шаҳрвандони хориҷӣ ба Русия то 1 август дастур дода буд.

0