Роҳбари "Сбербанк" коҳиши якбораи қурби долларро дар охири сол пешгӯӣ кард

© Sputnik / Владимир Трефилов / Гузариш ба медиабонкДенежные купюры, архивное фото
Денежные купюры, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Герман Греф, раиси бонки давлатии Русия “Сбербанк” гуфт, ки дар охири соли 2020 бо қурби доллар ва рубл чӣ хоҳад шуд

ДУШАНБЕ, 29 июн — Sputnik. Дар охири соли 2020, рубл метавонад дар бозори асъор ба таври назаррас мустаҳкам шавад, гуфт раиси "Сбербанк" Герман Греф дар мусоҳиба бо ТАСС.

Доллары США - Sputnik Тоҷикистон
Ҷаҳиши боварнакардании доллар дар тобистон: пешгӯии иқтисоддонҳо

Тибқи пешгӯии Греф, дар охири сол доллар метавонад ба 60-62 рубл коҳиш ёбад.

"Арзи миллии мо бо нархи нафт зич алоқаманд аст ва пешгӯӣ кардан душвор аст. Ман ба яке аз таҳлилгарони кӯҳна ва ботаҷриба Ҳенри Грауб боварӣ дорам. Ба гуфти ӯ дар охири сол 60-62 доллар барои як баррел хоҳад буд. Ин маънои онро дорад, ки дар доираи тарҳу ҷамъ 60 рубл барои ҳар доллар хоҳад буд ",-гуфт раҳбари "Сбербанк".

Ғайр аз он, аз сабаби коронавирус, пешгӯӣ кардани вазъ дар бозорҳо душвор аст, гуфт ӯ.

"Агар мавҷи дуюм рух диҳад, рубл метавонад тағир ёбад",-огоҳ кард Греф.

Банкир илова кард, ки бӯҳроне, ки дар натиҷаи коронавирус ба вуҷуд омадааст, иқтисоди Русия назар ба пешбинишуда беҳтар пеш меравад.

Рубл дигар наметавонад: коршинос аз ҷаҳиши якбораи доллар огоҳ мекунад

Пешгӯии раҳбари “Сбербанк” дар бораи коҳиши арзиши доллар дар ҳолест, ки қаблан коршиносон ҷаҳиши онро то марзи 100 рубл арзёби карда буданд.

Сад рубл барои як доллар: таҳлилгарон дар бораи бадтарин сенарияи пандемия гуфтанд

Тибқи таҳлилҳои коршиносон агар дар ҷаҳон мавҷи дуввуми коронавирус паҳн гардад, эҳтимоли бозгашти қарантина дар кишварҳо ба миён меояд, ки он ба арзиши нафт  ва арзиши нафт ба қурби рубл таъсир мекунад.

Лентаи хабарҳо
0