Здание Национального банка Таджикистана, архивное фото

Бонки миллӣ арзиши рубл, доллар ва евроро барои имрӯз эълон кард

651
(Таҷдидшуда 11:42 04.07.2020)
Бонки миллии Тоҷикистон арзиши сомониро нисбат ба асъори хориҷӣ барои имрӯз, 23 июни соли равон эълон кард

ДУШАНБЕ, 4 июл — Sputnik.  Тибқи нишондоди Бонки миллии Тоҷикистон арзиши 0.1441 сомониро ташкил медиҳад.

Ин ниҳод қурби миёнаи фурӯши 1 доллари ИМА дар муассисаҳои қарзии Тоҷикистонро аз 10.3090 то 10.3100 сомонӣ арзёбӣ кардааст.

Бонки миллӣ қурби миёнаи фурӯши 1 евроро аз 11.5708 то 11.9000 сомонӣ арзёбӣ кардааст. Тибқи нишондоди Бонки миллии Тоҷикистон арзиши 1 рубли русӣ дар муассиcаҳои ташкилоти қарзии Тоҷикистон аз 0.1441 то 0.1490 сомонӣ арзиш дорад.

Пешбинии коршинос: арзиши доллар тобистон поён мераваду рубл боло

Ҳамин тавр, Бонки миллии Тоҷикистон имрӯз қурби асъори хориҷиро нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон) чунин муқаррар кардааст: 1 доллари ИМА — 10.3090 сомонӣ, 1 евро – 11.5708 сомонӣ, 1 рубли русӣ — 0.1441 сомонӣ.

БМТ огоҳ менамояд, ки "берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст ва риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, боиси ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашидан мегардад".

651
Барчаспҳо:
барои имрӯз, қурби асъор, Тоҷикистон
Бинои Бонки миллии Тоҷикистон, акс аз бойгонӣ

Раиси Бонки миллӣ сабаби боло рафтани қурби долларро гуфт: кори ҳаннотон маҳдуд мешавад

422
(Таҷдидшуда 14:29 30.11.2020)
Ҳоким Холиқзода, раиси навтаъйини Бонки миллии Тоҷикистон, дар парлумон сабабҳои болоравии қурби доллар дар кишварро шарҳ дод

ДУШАНБЕ, 30 ноя — Sputnik. Холиқзода зимни баррасии сиёсати пулию қарзии кишвар дар ҷаласаи ахири парлумон изҳор дошт, ки аз сабабҳои асосии баланд шудани қурби фурӯши доллари нақди ИМА дар ҷумҳурӣ, ин зиёд шудани талабот ба он, идома ёфтани тавозуни манфии савдои кишвар ва коҳишёбии вуруди пул ва сармояи хориҷӣ ба ҷумҳурӣ мебошад.

Ӯ афзуд, ки дар натиҷа пешниҳоди асъори хориҷӣ дар бозори дохилӣ кам шуда буд.

“Бинобар ин, Бонки миллии Тоҷикистон барои коҳиш додани таъсири хавфҳои асъории ҷойдошта ва аз байн бурдани фарқияти байни қурби расмӣ ва қурби фурӯши доллари нақди ИМА дар бозори дохилии асъор, ду маротиба тасҳеҳи (коррексияи) якдафъаинаи қурби расмии доллари ИМА-ро амалӣ гардонид, бори аввал 20 марти соли 2020 то 5,0 фоиз ва бори дуюм 4 ноябри соли 2020 то 9,3 фоиз”, - навишт нашрияи парлумонии “Садои мардум” аз қавли Холиқзода.

Раиси нави Бонки миллии Тоҷикистон шарҳ додааст, ки тасҳеҳи мазкур имкон медиҳад, ки воридот ва интиқоли маблағ тавассути низоми бонкии кишвар бештар гардида, манфиати интиқолдиҳандагони маблағ аз хориҷи кишвар ҳимоя гардад. Ӯ инчунин муътақид аст, ки дар пайи ин иқдом шаффофияти амалиёт таъмин шуда, фаъолияти ҳаннотон дар бозорҳои ғайрибонкии нақдӣ маҳдуд мегардад.

422
Барчаспҳо:
қурб, доллар, Тоҷикистон
Пресс-конференция председателя Комитета гражданских инициатив Алексея Кудрина

Кудрин коҳиши рушди иқтисоди Русия ва афзоиши камбизотиро пешгӯӣ кард

104
(Таҷдидшуда 14:58 28.11.2020)
Роҳбари Палатаи ҳисоби Русия коҳиши рушди иқтисодиёти кишварро пешгӯӣ кард, ки афзоиши камбизоатиро дар пай хоҳад дошт

ДУШАНБЕ, 28 ноя — Sputnik. Уфти иқтисоди Русия назар ба оне ки пешгӯӣ мешавад, бештар хоҳад буд, изҳор дошт Алексей Кудрин, роҳбари Палатаи ҳисоб зимни Анҷумани умумимиллии Русия.

Ӯ таъкид кард, ки уфти пешгӯишаванда назар ба кишварҳои Аврупо камтар мебошад, аммо нисбати рақамҳое, ки дар назар дошта шудаанд, зиёдтар хоҳад буд.

“Иқтисоди Аврупо ба андозаи 8 дарсад, ҳатто қариб 9 дарсад кам хоҳад шуд. Дар мо тавре омори расмӣ мегӯяд, ба андозаи 3,9 дарсади ММД коҳиш хоҳад ёфт. Аммо ман фикр мекунам, ки уфт бештар аз 4 дарсад, ҳатто 4,5 фоиз хоҳад шуд”, - гуфт Кудрин.

Ба гуфтаи роҳбари Палатаи ҳисоб, мушкили асосӣ дар он аст, ки дар пайи уфти иқтисод сифати зиндагии шаҳрвандон бадтар хоҳад шуд. Поинравии сифати зиндагии шаҳрвандон бо нишондоди чандсола дар маҷмуъ ҳамвазн хоҳад буд.  Ӯ афзудааст, ки теъдоди шаҳрвандони ниёзманд дар Русия афзоиш хоҳад ёфт.

“Тақрибан ба миллион нафар шумораи камбизоатҳо дар мо афзоиш хоҳад ёфт”, - илова намуд Кудрин.

Вай муътақид аст, ки пандемияи коронавирус ва дигар омилҳо имкони барқарорсозии фаврии иқтисодро нахоҳанд дод ва ин ба он маъност, ки давлат  бояд захираҳои бештарро барои дастгирии табақаҳои осебпазири ҷомеа равона кунад.

104
Барчаспҳо:
афзоиш, сатҳи камбизоатӣ, Русия

Вазорати маорифи Русия мегӯяд, ягон донишҷӯйи хориҷӣ хориҷ нашудааст

0
(Таҷдидшуда 17:44 30.11.2020)
То ҳол ба Вазорати маорифи Русия аз ҷониби донишҷӯёни хориҷӣ ягон шикоят дар мавриди хориҷшавии онҳо аз донишгоҳҳои кишвар ворид нашудааст

ДУШАНБЕ, 30 ноя — Sputnik. Вазорати маориф ва илми Русия мегӯяд, дар замони пандемия ягон донишҷӯйи хориҷӣ аз донишгоҳҳои ин кишвар ба далели ҳозир нашудан ба дарсҳо, хориҷ нашудааст, хабар медиҳад котиботи вазорати мазкур.

Ба иттилои манбаъ, то ҳол аз ҷониби донишҷӯёни хориҷӣ низ ягон шикоят дар мавриди хориҷ шудани онҳо, ворид нагардидааст.

"Ҳамаи муассисаҳои олии таълимӣ дар шаҳрҳои Маскаву Санкт-Петербург ва дигар минтақаҳо дар робита ба ҷилавгирӣ намудан аз паҳншавии маризии коронавирус, ба таҳсили фосилавӣ фиристода шуданд", - таъкид мешавад дар хабари манбаъ.

Вазорат инчунин итминон дод, ҳамаи донишҷӯёне, ки бинобар чораҳои маҳдудкунӣ ба Русия омада наметавонанд, ҷойҳои буҷетиӣ онҳо нигоҳ дошта мешавад.

Супоришҳои Исматуллозода барои баргардонидани донишҷӯёни тоҷики дар хориҷ таҳсилкарда

Инчунин хабар дода мешавад, ки Вазорати маориф ва илми Русия барои донишкадаҳои олӣ оид ба ташкили самараноки таълими фосилавӣ тавсияҳо таҳия кардааст.

Бо мақсади мусоидат дар ташкили таълими фосилавӣ, Вазорати маориф якҷоя бо Россотрудничество масъалаи бо ҷойҳои корӣ таъмин намудани донишҷӯёни хориҷиро дар идораҳои Россотрудничество ва филиалҳои донишгоҳҳои Русия дар ҷои истиқоматашон кор карда истодааст.

Инчунин дар Тоҷикистон, Вазорати маорифи ҷумҳурӣ ба донишҷӯён пешниҳод кард, ки то ба эътидол омадани вазъ муваққатан дар донишгоҳҳои маҳаллӣ таҳсил кунанд.

0
Барчаспҳо:
хориҷ, донишҷӯён, вазорати маорифи Русия