Кӣ ҳақ: Кумитаи амнияти озуқаворӣ ё Палатаи ҳисоб?

© Sputnik / Амир ИсаевСчетная палата Таджикистана. Архивное фото.
Счетная палата Таджикистана. Архивное фото. - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Кумитаи амнияти озуқаворӣ иддаои Палатаи ҳисоб дар бораи хилофкориҳои молиявӣ дар ин ниҳодро рад карда, гуфт, онро беасос медонад

ДУШАНБЕ, 16 июл — Sputnik. Муҳаммадсаид Убайдуллозода, раиси Кумитаи амнияти озуқавории назди ҳукумати Тоҷикистон, имрӯз, 16 июл, дар нишасти матбуотии ниҳодаш гуфт, маблағе, ки гуфта мешавад, дар кумитаи ӯ ҳайфу майл шудааст, ҳеҷ далели воқеӣ надорад.

Взятка, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Кадом вазорату идораҳо чӣ қадар маблағро ғайриқонунӣ аз худ кард? – омор

“Кумитаи амнияти озуқаворӣ дар пайи муттаҳид шудани чанд хадамоти пешина таъсис ёфтааст. Кумита ба онҳое, ки дар он хадамотҳо кор мекарданду дар пайи ин тағйирот кори худро аз даст доданд, ҷубронпулиҳо ҷудо кард. Аз ҳамон ҷумронипулиҳо андозҳои 5 ва 20-фоиза ситонида нашудааст. Инро вазорати молия расман таъйид кардааст. Андозҳои ҷорӣ ҳастанд, ки мо ҳар моҳ месупорем. Ин ҷо ягон маблағҳои азхуд ё тасарруфшуда нест”, - гуфт Муҳаммадсаид Убайдуллозода.

Ин радди иддао аз сӯи раиси Кумитаи амнияти озуқаворӣ дар ҳолест, ки чанд соат пеш масъулини Палатаи ҳисоби Тоҷикистон низ дар нишасти матбуотии ин ниҳод феҳристи хилофкориҳои молиявии вазорату кумита ва идораҳои давлатиро эълон карданд.

Бино ба он, дар давоми шаш моҳи соли ҷорӣ дар Кумитаи амнияти озуқавории Тоҷикистон 686 ҳазор сомонӣ азхудкунии маблағҳо ошкор шудааст.

Хуршед Калонов, сардори шӯъбаи молияи Кумитаи амнияти озуқавории назди ҳукумати Тоҷикистон гуфт, ин камбуд ба муҳосиботи Кумита аслан рабте надорад.

“Инро вазорати молия тасдиқ карда буд, аммо намояндагони Палатаи ҳисоб ҳангоми санҷиш онҳоро ҳисоб карданд. Мо розӣ шудем. Аз сӯи дигар, ин пардохтҳои ҳатмиест, ки мо аз ҳисоби маблағҳои махсусе ки ҳар семоҳа пардохт мекунем. Инро онҳо дар санадашон дарҷ карданд. Аммо ин ягон гуна тасарруф кардани маблағ аз сӯи Кумита нест”, - гуфт Хуршед Калонов.

Кумитаи амнияти озуқавории назди ҳукумати Тоҷикистон 29 декабри соли 2017 аз се хадамот ва як бозрасие, ки тобеи вазорати кишоварзӣ буданд, ҳар як Хадамоти назорати байторӣ, Хадамоти зотпарварӣ, Хадамоти назорати давлатии фитосанитарӣ ва карантини растанӣ ва Бозрасии давлатии назорати тухмӣ таъсис ёфтааст.

Лентаи хабарҳо
0