Бонки миллӣ арзиши рубл, доллар ва евроро барои имрӯз эълон кард

© Sputnik / Стас ЭтвешСомони и доллары, архивное фото
Сомони и доллары, архивное фото  - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Бонки миллии Тоҷикистон арзиши сомониро нисбат ба асъори хориҷӣ барои имрӯз, 21 июли соли равон эълон кард

ДУШАНБЕ, 21 июл — Sputnik.  Тибқи нишондоди Бонки миллии Тоҷикистон арзиши 1 рубли русӣ барои имрӯз 0.1443 сомонӣ  ва дар бозори нақд бошад 0.1465 сомонӣ нишон дода шудааст.

Сомони и доллары, архивное фото  - Sputnik Тоҷикистон
Бонки миллӣ арзиши рубл, доллар ва евроро барои имрӯз эълон кард

Ин ниҳод қурби миёнаи фурӯши 1 доллари ИМА дар муассисаҳои қарзии Тоҷикистонро аз  10.3098 то 10.3100 сомонӣ арзёбӣ кардааст. 

Бонки миллӣ қурби миёнаи фурӯши 1 евроро аз 11.8058 то 12. 0000 сомонӣ арзёбӣ кардааст, ки нисбат ба ҳафтаи гузашта гаронтар шудааст.

Дар бонкҳои дигари кишвар, аз ҷумла “Бонки Эсхата” нишондоди асъор  нисбат ба дигарон каме болотар нишон дода шудааст.

Ин бонк хариду фурӯши 1 рублро имрӯз аз 0,1450 то 0,1465 сомонӣ муқаррар шудааст.

Дар “Спитаменбонк” бошад арзиши 1 рубл аз 0.1430 то 0.1470 ва дар “Алифбонк” бошад 1 рубл аз 0,1440 то 0,1487 сомонӣ нишон дода шудааст.

Баженов: дурнамои рубли русӣ дар бозори ИДМ равшан аст

БМТ огоҳ менамояд, ки “берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст ва риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, сабаби ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашидан мегардад”.

Лентаи хабарҳо
0