Денежные купюры, архивное фото

Аз ҷаҳиши евро то коҳиши рубл: Бонки миллӣ арзиши асъори хориҷиро эълон кард

233
(Таҷдидшуда 08:49 27.07.2020)
Тибқи нишондодҳои ҳафтаи ахир ва инак навин арзиши пули сомонӣ заифтар мегардад ва асъори хориҷӣ, алалхусус евро, рӯз аз рӯз қиммат шуда истодааст

ДУШАНБЕ, 27 июл — Sputnik. Бонки миллии Тоҷикистон арзиши сомониро нисбат ба асъори хориҷӣ барои имрӯз душанбе аввалаи ҳафтаи равон эълон кард. Тибқи нишондоди он қурби 1 евроро аз 11.9853 то 12. 3000 сомонӣ арзёбӣ кардааст, ки нисбат ба ҳафтаи гузашта гаронтар шудааст.

Дар бозори нақд бошад  қурби 1 евро то 12. 4500 сомонӣ мерасад.

Бонки миллӣ қурби миёнаи фурӯши 1 рубли русиро барои имрӯз 0.1429 сомонӣ  ва дар бозори нақд бошад 0.1460 сомонӣ нишон дода шудааст, ки нисбат ба ҳафтаи гузашта каме поинтар аст.

Ин ниҳод қурби миёнаи фурӯши 1 доллари ИМА дар муассисаҳои қарзии Тоҷикистонро аз  10.3099 то 10.3100 сомонӣ арзёбӣ кардааст. 

Дар бонкҳои дигари кишвар, аз ҷумла “Бонки Эсхата” нишондоди асъор  нисбат ба дигарон каме болотар нишон дода шудааст.

Бонкдори №1: аз ҷалби миллиардҳо доллар амонатҳои шабонарӯзӣ то афзоиши ММД ва таваррум

Ин бонк хариду фурӯши 1 рублро имрӯз аз 0,1450 то 0,1475 сомонӣ муқаррар кардааст.

Дар “Спитаменбонк” бошад арзиши 1 рубл аз 0.1440 то 0.1490 ва дар “Алифбонк” бошад 1 рубл аз 0,1440 то 0,1497 сомонӣ нишон дода шудааст.

Баженов: дурнамои рубли русӣ дар бозори ИДМ равшан аст 

БМТ огоҳ менамояд, ки “берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст ва риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, сабаби ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашидан мегардад”.

233
Барчаспҳо:
евро, доллар, рубл, сомонӣ, арзиши асъор, Бонки Миллӣ, Тоҷикистон
Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон

Раҳмон аз зимистони тӯлонии оянда ва вобастагӣ аз ғизои хориҷӣ гуфт

219
(Таҷдидшуда 15:23 01.10.2020)
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар мулоқот бо фаъолони ноҳияи Рӯдакӣ аз зимистони сарду тӯлонӣ ҳушдор дод

ДУШАНБЕ, 1 окт — Sputnik. Тибқи иттилои котиботи раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот масъалаи омодагӣ ба зимистонро махсусан таъкид карда, афзуд? тибқи пешгӯии мутахассисон зимистони дарпешистода сарду тӯлонӣ меояд.

“Бинобар ин, зарур аст, ки ба масъалаи дар ҳар як оила захира кардани маводи озуқа, сӯзишворӣ ва омода намудани муассисаҳои иҷтимоӣ, шабакаҳои барқ ва роҳҳо эътибори аввалиндараҷа дода шавад”, - изҳор дошт Эмомалӣ Раҳмон.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон аз вазъи феълӣ дар ҷаҳон зикр намуда, таъкид кард, ки бояд вобастагии Тоҷикистон аз ғизои хориҷӣ коҳиш дода шавад. Ӯ зарур хонд, ки барои таъмини мардум бо озуқаи истеҳсоли худӣ чораҷӯӣ карда шавад.

“Хусусан, шароити имрӯзаи иқтисодиёти ҷаҳонӣ моро водор месозад, ки ҷиҳати ҳарчи бештар бо маҳсулоти озуқаи истеҳсоли худӣ таъмин намудани аҳолӣ ва кам кардани вобастагӣ аз воридоти маводи ғизоӣ мунтазам чораҷӯӣ намоем”, - изҳор дошт Раҳмон.

219
Барчаспҳо:
ғизо, Рӯдакӣ, Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон

 Тасмими Тоҷикистону Ӯзбекистон барои содагардонии интиқоли коло тавассути марз

301
(Таҷдидшуда 14:43 01.10.2020)
Дар Душанбе комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Ӯзбекистон оид ба ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ масъалаи мусоидат ба ҳаракати гумрукиро баррасӣ кард

ДУШАНБЕ, 1 окт – Sputnik. Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар доираи ҳамкориҳои гумрукӣ ба мувофиқа расиданд, ки барои мусоидат ба ҳаракати гумрук чораҳои зарурӣ меандешанд, хабар медиҳад АМИТ “Ховар”.

Ба иттилои манбаъ, ин ба таъмини ҳаракати бемамонияти молҳо ва воситаҳои нақлиёти кишварҳои сеюм тавассути гузаргоҳҳои сарҳадии Саразм - Ҷартеппа дахл дорад.

Манбаъ мегӯяд, дар ҷаласа ба ғайр аз дигар намояндагон, сардори Хадамоти гумруки Тоҷикистон Хуршед Каримзода ва муовини якуми раиси Кумитаи давлатии гумруки Узбекистон Анвар Асамов ширкат ва суханронӣ карданд.

Таъкид шудааст, ки Ӯзбекистон дар панҷгонаи шарикони хориҷии тиҷоратии Тоҷикистон мавқеи устувор дошта, гардиши савдо байни ин ду давлати дӯст аз 12 миллион доллари соли 2015 ба 362 миллион доллар дар соли 2019 расид. Ин нишондиҳанда 30 баробар афзудааст.

Ҳамин тавр, аз рӯи натиҷаҳои нимсолаи аввали соли 2020, тиҷорат бо Ӯзбекистон беш аз 217 миллион долларро ташкил дод, ки ин зиёда аз 7% ҳаҷми умумии савдои хориҷии Тоҷикистонро ташкил медиҳад.

Аз чангкашак то телевизор: ифтитоҳи корхонаи муштараки Тоҷикистону Ӯзбекистон дар Душанбе

Ғайр аз он, содироти молҳои Тоҷикистон ба Узбакистон дар ҳашт моҳи соли 2020 53 миллион долларро ташкил додааст, ки ин 24% ҳаҷми умумии содироти Тоҷикистонро ташкил медиҳад.

"Соҳибкор бо соҳибкор": Форуми сармоягузории Тоҷикистону Ӯзбекистон доир гардид

Дар ҳамин ҳол, воридоти молу маҳсулот аз Узбакистон 164,6 миллион долларро ташкил додааст.

301
Барчаспҳо:
коло, сарҳад, Ӯзбекистон, Тоҷикистон
Девушка за рулем автомобиля, архивное фото

Ҷазои Снежанна барои мошинронӣ бо суръати хеле баланд дар Душанбе-видео

0
(Таҷдидшуда 21:06 01.10.2020)
Раёсати умури дохилии Душанбе аз ҷаримабандии ҷавондухтаре хабар дод, ки мошинро дар хиёбони Исмоили Сомонии пойтахт бо суръати 175 километр дар як соат рондаст

ДУШАНБЕ, 1 окт — Sputnik. Тибқи иттилои манбаъ, духтар мошинронияш бо суръати 175 км/соатро ба навор гирифта, дар саҳифаи шахсияш дар Инстаграм нашр намудааст. Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ аз маъмурини милиса хостаанд, ки барои нақзи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ронанда ба ҷавобгарӣ кашида шавад.

Раёсати умури дохилӣ хабар дод, ки дар пайи санҷиш муайян шуд, ронандаи мазкур Юдинна Снежанна Руслановна, сокини 29-солаи шаҳри Душанбе мебошад, ки ҳангоми идораи мошини шахсияш “Ауди А4” ба қонуншиканӣ роҳ додааст.

Манбаъ таъкид кард, ки бо назардошти ҳолатҳои мазкур нисбати ронанда, барои бо суръати баланд идора намудани воситаи нақлиёт ва гузаштан дар чароғаки сурх санади маъмурӣ тартиб дода шуда, ҷаримабандӣ гардид.

0
Барчаспҳо:
ҷазо, ронанда, роҳ, Тоҷикистон