Национальный банк Таджикистана

Бонки миллӣ арзиши рубл, доллар ва евроро барои имрӯз эълон кард

255
(Таҷдидшуда 08:40 29.07.2020)
Бонки миллии Тоҷикистон арзиши сомониро нисбат ба асъори хориҷӣ барои имрӯз, 21 июли соли равон эълон кард

ДУШАНБЕ, 29 июл — Sputnik. Тибқи нишондоди Бонки миллии Тоҷикистон арзиши 1 рубли русӣ барои имрӯз 0.1422 сомонӣ  ва дар бозори нақд бошад 0.1460 сомонӣ нишон дода шудааст.

Ин ниҳод қурби миёнаи фурӯши 1 доллари ИМА дар муассисаҳои қарзии Тоҷикистонро аз  10.3106 то 10.3200 сомонӣ арзёбӣ кардааст. 

Бонки миллӣ қурби миёнаи фурӯши 1 евроро аз 12.0892 то 12.3000 сомонӣ арзёбӣ кардааст, ки нисбат ба ҳафтаи гузашта гаронтар шудааст.

Дар бонкҳои дигари кишвар, аз ҷумла “Бонки Эсхата” нишондоди асъор  нисбат ба дигарон каме болотар нишон дода шудааст.

Ин бонк хариду фурӯши 1 рублро имрӯз аз 0,1450 то 0,1475 сомонӣ муқаррар шудааст.

Дар “Спитаменбонк” бошад арзиши 1 рубл аз 0.1400 то 0.1475 ва дар “Алифбонк” бошад 1 рубл аз 0,1425 то 0,1485 сомонӣ нишон дода шудааст.

Рубл дигар наметавонад: коршинос аз ҷаҳиши якбораи доллар огоҳ мекунад

БМТ огоҳ менамояд, ки “берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст ва риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, сабаби ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашидан мегардад”.

255
Барчаспҳо:
коҳиш, арзиш, доллар, рубл, сомонӣ, Бонки Миллӣ, Тоҷикистон
Сомони и рубли, архивное фото

Бонки миллӣ арзиши рубл, доллар ва евроро барои имрӯз эълон кард

371
(Таҷдидшуда 09:11 26.09.2020)
Бонки миллии Тоҷикистон арзиши сомониро нисбат ба асъори хориҷӣ барои имрӯз 26 сентябр эълон кардааст

ДУШАНБЕ, 26 сен — Sputnik. Тибқи нишондоди Бонки миллии Тоҷикистон арзиши 1 рубли русӣ барои имрӯз 0.1324 сомонӣ  нишон дода шудааст.

Коршинос гуфт, ки чигуна устувории хоҷагии қишлоқ дар Тоҷикистон ба иқтисод таъсир мекунад

Ин ниҳод қурби миёнаи фурӯши 1 доллари ИМА дар  муассисаҳои қарзии Тоҷикистонро аз 10.3288 то 10.3300 сомонӣ арзёбӣ кардааст. 

Бонки миллӣ қурби миёнаи фурӯши 1 евроро аз 12.0186 то 12.3000 сомонӣ арзёбӣ кардааст.

Ин бонк хариду фурӯши 1 рублро имрӯз аз 0.1324 то 0.1350 сомонӣ муқаррар шудааст.

Ҳамин тавр, Бонки миллии Тоҷикистон имрӯз қурби асъори хориҷиро нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон) чунин муқаррар кардааст: 1 доллари ИМА — 10.3288 сомонӣ, 1 евро – 12.0186 сомонӣ ва 1 рубли русӣ —0.1324 сомонӣ.

Дурнамои асъор: иқтисоддонҳо гуфтанд, то соли 2023 бо сомонӣ чӣ хоҳад шуд

БМТ огоҳ менамояд, ки "берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст ва риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, сабаби ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашидан мегардад".

371
Барчаспҳо:
рубл, сомонӣ, доллар, қурби асъор
Ювелирные изделия, архивное фото

Раҳмон коргоҳи заргарии "Одина"-ро ба истифода дод

145
(Таҷдидшуда 20:20 25.09.2020)
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Ховалинг бо бардоштани парда аз рӯи лавҳаи рамзӣ ба фаъолияти коргоҳи заргарии “Одина” оғоз бахшид

ДУШАНБЕ, 25 сен - Sputnik. Тибқи иттилои котиботи раисиҷумҳури Тоҷикистон, коргоҳи заргарӣ "Одина" дар мавзеи Чилчанор ҷойгир буда, ба ифтихори 30-солагии Истиқлоли давлатӣ бунёд шудааст.

Манбаъ афзуд, коргоҳи заргарии "Одина" аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Абдуқаюм Каримов бунёд гардидааст.

Иттилоъ дода шуд, ки  коргоҳи заргарӣ дар назди Кооперативи тиҷоратии “Артели заршӯии Одина” бунёд гардида, дар он ду утоқи коркарди зар ва ду мағозаи фурӯши ҷавоҳирот фаъолият мекунад.

"Дар ноҳияи Ховалинг барои ноил гардидан ба ҳадафи чоруми миллӣ - саноатикунонии босуръати мамлакат тадбирҳои судманд пеш гирифташуда, тибқи нақша то ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон боз чанд коргоҳи хурду бузурги саноатӣ сохта, мавриди истифода қарор дода мешавад", - омадааст иттилоия.

Котиботи раисиҷумҳур илова намуд, ки иншоот бо тарҳу намои хуб бунёд гардида, корҳои сохтмониро 50 нафар сокинони маҳаллӣ анҷом додаанд.

Бо бунёди сехи заргарии “Одина” наздик ба 35 нафар сокинони  маҳаллӣ, ки аксаран духтарони бешуғл ва хонашин буданд,  пас аз омӯзиши нозукиҳои ин касб соҳиби ҷойи кор ва маоши хуб гардиданд, таъкид шуд дар иттилоия.  

145
Барчаспҳо:
Ховалинг, Тоҷикистон
Гости танцуют на узбекской свадьбе

Бо 65 нафар туй гузаронидаанд: тарабхонаи "Равшан" - ро дар Хуҷанд бастанд

0
(Таҷдидшуда 15:39 26.09.2020)
Мақомоти беҳдоштии шаҳри Хуҷанд тибқи як санҷиши корӣ ҳолати аз меъёр зиёд иштирок намудани сокинон дар туйи арӯсӣ дар тарабхонаи “Равшан” - ро ошкор намуда фаъолияти онро муваққатан боз доштаанд

ДУШАНБЕ, 26 сен – Sputnik. Мақомоти беҳдоштӣ гуфтаанд, ки масъулони ин тарабхона бар хилофи тавсияи Ситоди ҷумҳуриявии мубориза бо COVID-19 дар вақти баргузории як тӯйи арӯсӣ ба иштироки 65 нафар иҷоза додаанд.

"Дар давраи пандемияи коронавирус, барои баргузор намудани тўю маъракаҳо бо 30-40 нафар рухсат шудааст, вале аз ҷониби маъмурияти қаҳвахонаи "Равшан" барои барпо намудани тўйи хонадоршавии шаҳрванд А.А. бо 65 нафар иҷозат дода, ба ин ҳол банди 6-и протоколи Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13.07.2020 сол таҳти №8 ро вайрон кардаанд", - гуфтаанд мақомоти беҳдоштӣ.

Дар рафти санҷиш масъулин чандин ҳолати риоя накардани қоидаҳои беҳдоштӣ аз ҷумла мавҷуд набудани монеаи безараргардонӣ (дизбарер), реҷаи рӯзи вижаи санитариро собит кардаанд ва ба далели ҷойдошти камбудиҳо, мақомот фаъолияти қаҳвахонаи "Равшан", - ро то замони бартараф намудани чунин камбудиҳо боздоштаанд.

Манобеъи Sputnik Тоҷикистон аз Идораи беҳдоштии Суғд гуфтанд, ки дар ҷараёни санҷиши корӣ дар самти пешгирии сирояти коронавирус ҳафтаи гузашта ба ҳисоби қаҳвахонаи "Равшан", фаъолияти 18 иншооту муассисаҳои хуроки умум аз қабили мағоза ва ошхонаю тарабхонаҳо дар қаламрави вилоятро то замони бартараф намудани камбудиҳо боз дошта, ҳамчунин дар пайи риоя накардани қоидаҳои сенитарию эпидемиологӣ беш аз 80 санади маъмурӣ бо пардохти 8700 сомонӣ ҷарима татбиқ кардаанд.

Чанде пеш ҳам Идораи санитарию эпидемилогии Хуҷанд дар зимни баргузории санҷиш, мавридҳои риоя нашудани талаботҳои беҳдоштӣ аз ҷумла ташкил накардани маҳлули антисептикӣ ва дастгоҳи ҳароратсанҷи фосилавӣ барои харидорон, бе дастпӯш савдо кардани фурӯшандаҳо дар мағозаҳоро ошкор намуда, то бартраф намудани камбудиҳои ҷойдошта фаъолияти чандин мағозаҳои бузургро муваққатан боздошта буд.

0
Барчаспҳо:
бастан, тӯй, Хуҷанд