Пожилой человек на турнире бузкаши в Таджикистане, архивное фото

Вазорати молия: маош, нафақа ва стипендия аз 1 сентябр зиёд мешавад

679
(Таҷдидшуда 11:21 29.07.2020)
Вазорати молияи Тоҷикистон мегӯяд, сар аз якуми сентябо дар кишвар маош, нафақа ва стипендия боло хоҳад рафт

ДУШАНБЕ, 29 июл — Sputnik. Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молияи кишвар дар ин бора зимни нишасти хабарияш гуфт, ин иқдом новобаста аз мушкилиҳое, ки пандемия ба иқтисоди кишвар овард, амалӣ хоҳад шуд.

Вазир гуфт, маблағи пешбинишуда барои баланд бардоштани  маош, нафақа ва стипендия дар нақшаи солонаи буҷа пешбинӣ шудааст.

Номбурда гуфт, афзоиши маош, нафақа ва стипендия аз рӯи гуфтаи президент, ки қаблан ҳангоми муроҷиати худ ба парлумон эълон карда буд, сурат мегирад.

Бар асоси дастури Эмомалӣ Раҳмон  сар аз 1 сентябр музди меҳнати кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хизматчиёни ҳарбӣ 10%, дигар муассисаҳои буҷавӣ, инчунин нафақа ва стипендия 15% зиёд карда мешавад.

Инчунин интизор меравад, ки нафақаи маъюбони то 18-сола, инчунин гурӯҳҳои бекорон ва эҳтиёҷ ба нигоҳубин доштан бинобар маъюбб  50% афзоиш ёбад.

Дар вилояти Суғд андозаи миёнаи нафақа коҳиш ёфтааст

Дар ҳоли ҳозир андозаи миёнаи нафақа дар ҷумҳурӣ 303 сомониро ташкил медиҳад.

679

Рубл боз паст шуду доллару евро боло рафт: Бонки миллӣ арзиши асъори хориҷиро эълон кард

40
(Таҷдидшуда 00:37 29.09.2020)
Бонки миллии Тоҷикистон арзиши сомониро нисбат ба асъори хориҷӣ барои имрӯз эълон кард. Бар пояи овезаҳои бонкҳои кишвар имрӯз арзиши рубл дар бозори асъори кишвар дар ҳоли коҳишёбӣ буда, доллар ва евро гаронтар шудааст

ДУШАНБЕ, 29 сен — Sputnik. Тибқи нишондодҳои ҳафтаи равон қурби рубл нисбат ба сомонӣ қариб то чаҳор сомонӣ коҳиш ёфт.

Бонки миллии Тоҷикистон арзиши имрӯ 1 рубли русӣ барои имрӯз 0.1307сомонӣ  ва дар бозори нақд бошад 0.1350 сомонӣ нишон дода шудааст.
Ин ниҳод қурби миёнаи фурӯши 1 доллари ИМА дар муассисаҳои қарзии Тоҷикистонро аз 10.3290 то 10.3300 сомонӣ арзёбӣ кардааст. 
Бонки миллӣ қурби миёнаи фурӯши 1 евроро аз 12.0529  то 12.3000сомонӣ арзёбӣ кардааст.

Дар бонкҳои дигари кишвар, аз ҷумла “Бонки Эсхата” нишондоди асъор  нисбат ба дигарон каме болотар нишон дода шудааст.

Ин бонк хариду фурӯши 1 рублро имрӯз аз 0,1355 то 0,1375 сомонӣ муқаррар кардааст.

Дар “Спитаменбонк” бошад арзиши 1 рубл аз 133 то 137 ва дар “Алифбонк” бошад 1 рубл аз 0,1320 то 0,1400 сомонӣ нишон дода шудааст.

Дурнамои норушан: долларро дар охири соли 2020 чӣ интизор аст

БМТ огоҳ менамояд, ки “берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст ва риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, сабаби ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашидан мегардад”.

40
Барчаспҳо:
евро, доллар, рубл, сомонӣ, қурби асъор, Тоҷикистон
Моҳиҳо, акс аз бойгонӣ

"Форел" бо шиногоҳ - яке аз иншооти ҷашнӣ дар Хуҷанд

296
(Таҷдидшуда 18:10 27.09.2020)
Аз ҷумлаи иншооте, ки ба истиқболи 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри бостонии Хуҷанд бунёд мешаванд, тарабхонаи “Форел” дар соҳили рости дарёи Сир арзёбӣ мегардад

ДУШАНБЕ, 27 сен — Sputnik. Тибқи иттилои котиботи шаҳрдории Хуҷанд, раиси шаҳр Маъруф Муҳаммадзода бо раванди сохтмони тарабхонаи “Форел” дар соҳили Сир шинос шуд.

“Тарабхонаи “Форел” барои ҷалби сайёҳон бахусус хориҷиён нигаронида шуда, дар атрофи он барои шаҳрвандон мавзеъҳои истироҳатӣ бунёд карда мешавад. Аз ҷумла бунёди як шиногоҳ ба нақша гирифта шудааст”, - омадааст дар иттилоия.

Манбаъ афзуд, муассиси ширкати “Форел” Муҳсин Шодиев буда, иншоот аз таҳхона ва 2 ошёна иборат буда, дар масоҳат 960 метри мураббаъ сохта мешавад.

Ба иттилои котиботи шаҳрдорӣ, тарабхонаи “Форел” дар рӯзҳои таҷлили Наврӯзи 2021 мавриди истифодабарӣ қарор дода мешавад.

Зикр гардид, ки алҳол дар иншоот наздики 30 нафар фаъолият доранд ва баъди истифодадиҳии он беш аз 25 нафар шаҳрвандон соҳиби ҷойи кори доимӣ мегарданд.

Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода ба роҳбарияти ширкати “Форел” ҷиҳати суръатбахшии босифати корҳо дастуру супоришҳо дода, баҳри ободонии атрофи он, ташкили инфрасохтори сайёҳӣ машварат дод. Таъкид шудааст, ки атрофи иншоот пурра тоза карда шуда, барои мардум шароити созгори истироҳату фароғат дар соҳили дарёи Сир муҳайё гардад.

296