Сомони и доллары, архивное фото

Аз ҷаҳиши рекордии евро то уфти рубл: Бонки миллӣ арзиши асъори хориҷиро эълон кард

439
(Таҷдидшуда 09:24 04.08.2020)
Бонки миллии Тоҷикистон арзиши сомониро нисбат ба асъори хориҷӣ барои имрӯз, 4 августи соли равон эълон кард

ДУШАНБЕ, 4 авг — Sputnik. Тибқи нишондоди Бонки миллии Тоҷикистон арзиши 1 рубли русӣ барои имрӯз 0.1390 сомонӣ  ва дар бозори нақд бошад 0.1450 сомонӣ нишон дода шудааст.

Ин ниҳод қурби миёнаи фурӯши 1 доллари ИМА дар муассисаҳои қарзии Тоҷикистонро аз  10.3200 то 10.3200 сомонӣ арзёбӣ кардааст. 

Бонки миллӣ қурби миёнаи фурӯши 1 евроро имрӯз 12.0919сомонӣ арзёбӣ кардааст.

Ёдовар мешавем арзиши евро дар бозори асъори кишвар ба таври бесобиқа боло меравад ва имрӯз дар бонкҳои кишвар арзиши арзиши 1 евро аз 12,2000 то 12.6000 муаян карда шудааст.

Дар овезаҳои бонкҳои дигари кишвар, аз ҷумла “Бонки Эсхата” нишондоди асъор  нисбат ба дигарон каме болотар нишон дода шудааст.

Ин бонк хариду фурӯши 1 рублро имрӯз аз 0,1425 то 0,1450 сомонӣ муқаррар шудааст.

Дар “Алифбонк” бошад 1 рубл аз 0,1415 то 0,1480 сомонӣ ва аз ҳама нишондоди поён дар  “Спитаменбонк” мебошад, ки арзиши 1 рубл аз 0.1350 то 0.1440 ва нишон дода шудааст

Бонки миллӣ гуфт дар беқурбшавии сомонӣ ва болоравии арзиши доллар кӣ гунаҳгор аст

БМТ огоҳ менамояд, ки “берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст ва риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, сабаби ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашидан мегардад”.

439
Барчаспҳо:
коҳиш, ҷаҳиши қурб, евро, доллар, рубл, сомонӣ, арзиш, пул, Бонки Миллӣ
Инветиционный форум между предпринимателями Узбекистана и Таджикистана

Дар Душанбе миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон 15 созишномаи нави ҳамкорӣ ба имзо расид

290
(Таҷдидшуда 15:48 30.09.2020)
Дар Душанбе Форуми сармоягузории Тоҷикистону Ӯзбекистон баргузор гардид, ки дар чаҳорчӯби он доираҳои тиҷоратии ду кишвар қарордодҳои нав ба имзо расониданд

ДУШАНБЕ, 30 сен — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон форуми мазкур дар доираи ҷаласаи 7-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ баргузор шуд.

Гуфта шудааст, ки дар форуми мазкур беш аз 300 нафар соҳибкорони ӯзбекистону Тоҷикистон, аз ҷумла роҳбарони мақомоти давлатӣ, корхонаву ташкилоти давлатӣ, сармоягузорон ва намояндагони бахши хусусии ду кишвар ширкат варзиданд.

Ҳамзамон манбаъ зикр намудааст, ки ҷониби Тоҷикистон ба меҳмонон дар бораи фазо ва имкониятҳои  сармоягузорӣ дар соҳаҳои сайёҳӣ, саноат, энергетика, хизматрасонӣ ва дигар соҳаҳо дар Тоҷикистон пурра маълумот дода шуд.

Сипас ҷонибҳо лоиҳаҳои муштараки ҳамкориро баррасӣ намуданд.

Пас аз анҷоми қисмати расмии Форум вохӯриҳои дуҷонибаи соҳибкорон дар шакли “Соҳибкор бо Соҳибкор” (B2B) доир гардида, аз рӯйи натиҷаҳои он санадҳои нави ҳамкорӣ  мувофиқа ва ба имзо расонида шуданд.

Бино ба маълумоти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон, дар доираи форум аз ҷониби субъектҳои бахши давлатӣ ва хусусии ҳар ду ҷониб 15 созишномаи ҳамкорӣ ба маблағи 50 миллион доллар созишномаҳо ба имзо расиданд, ки қариб ҳамаи соҳаҳои ҳамкории иқтисодиро фаро мегиранд.

290
Барчаспҳо:
ҳамкорӣ, созишнома, доираҳои тиҷорӣ, сармоягузорӣ, Форум, тиҷорат, Ӯзбекистон, Тоҷикистон
Национальный банк республики Таджикистан. Архивное фото

Бонки миллӣ арзиши рубл, доллар ва евроро барои имрӯз эълон кард

452
(Таҷдидшуда 10:06 30.09.2020)
Бонки миллии Тоҷикистон арзиши сомониро нисбат ба асъори хориҷӣ барои имрӯз 30 сентябр эълон кардааст

ДУШАНБЕ, 30 сен — Sputnik. Тибқи нишондоди Бонки миллии Тоҷикистон арзиши 1 рубли русӣ барои имрӯз 0.1296 сомонӣ  нишон дода шудааст.

Уфти рекордии рублу ҷаҳиши доллар: Бонки миллӣ арзиши асъори хориҷиро эълон кард

Ин ниҳод қурби миёнаи фурӯши 1 доллари ИМА дар  муассисаҳои қарзии Тоҷикистонро аз 0.3292 то 10.3300 сомонӣ арзёбӣ кардааст. 

Бонки миллӣ қурби миёнаи фурӯши 1 евроро аз 12.1000 то 12.3000 сомонӣ арзёбӣ кардааст.

Ин бонк хариду фурӯши 1 рублро имрӯз аз 0.1296 то 0.1340 сомонӣ муқаррар шудааст.

Ҳамин тавр, Бонки миллии Тоҷикистон имрӯз қурби асъори хориҷиро нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон) чунин муқаррар кардааст: 1 доллари ИМА — 10.3292 сомонӣ, 1 евро – 12.0893 сомонӣ ва 1 рубли русӣ — 0.1296 сомонӣ.

Дурнамои асъор: иқтисоддонҳо гуфтанд, то соли 2023 бо сомонӣ чӣ хоҳад шуд

БМТ огоҳ менамояд, ки "берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст ва риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, сабаби ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашидан мегардад".

452
Барчаспҳо:
евро, рубл, сомонӣ, барои имрӯз, қурби асъор, Тоҷикистон
Город Эль-Кувейт

Амири нави Кувайт савганд ёд кард

0
(Таҷдидшуда 19:04 30.09.2020)
Амири нави Кувайт Ноиф Алаҳмад Аҷҷобир Ассабоҳ имрӯз дар парлумони ин кишвар савганд ёд кард

ДУШАНБЕ, 30 сен — Sputnik. Ноиф Алаҳмад Аҷҷобир Ассабоҳ ба унвони амири нави Кувайт рӯзи чаҳоршанбе дар парлумони ин кишвар савганд ёд кард, иттилоъ додааст  хабаргузории Форс.

Давлати Кувайт рӯзи сешанбе дар паи даргузашти Сабоҳ Алаҳмад Аҷҷобир Ассабоҳ амири 91 солаи ин кишвар, Ноиф Алаҳмад Аҷҷобир Ассабоҳро ба унвони ҷонишини вай таъин кард.

Ноиф Алаҳмад Аҷҷобир Ассабоҳи 84 сола, ки ба унвони амири Кувайт таъин шуда аст, аз соли 2006 то кунун валиаҳди ин кишвар буда ва пеш аз он низ чанд симати вазирӣ аз ҷумла вазорати дохила, дифо, умури иҷтимоӣ ва муовинати нахуствазирии Кувайтро бар уҳда дошта аст.

Ёдрас мешавем, ки 29 сентябри соли равон амирии Кувайт  Сабоҳ Ал-Ҳамд Ал-Ҷобир Ас-Сабоҳ  даргузашт. 

Сабоҳ Ал-Ҳамд Ал-Ҷобир Ас-Сабоҳ  дар 16 июни 1929 ба дунё омад ва рӯзи 29 сентябри 2020 дар 91 солагӣ дар бемористоне дар Амрико фавт кард.

Вай 29 январи 2006 дар Кувайт ба қудрат расид.

Бо даргузашти амири Кувайт, кишварҳои арабӣ дар паёмҳои ҷудогона зимни тамҷид аз нақши вай дар минтақа, бо мардуму ҳукумати Кувайт ибрози ҳамдардӣ карданд.

0
Барчаспҳо:
Парлумон, нав, маросими савгандёдкунӣ, савгандёдкунӣ, Амири Кувайт