Агентии омор гуфт, дар замони пандемия меҳмонхонаву тарабхонаҳо чи қадар пул кор карданд

© Sputnik / Стас ЭтвешДеньги в кошельке, архивное фото
Деньги в кошельке, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар тоҷикистон давоми шаш моҳи соли ҷори ҳаҷми хидматрасониҳои пулакӣ махсусан дар меҳмонхонаҳо ва хӯроки умумӣ ба таври назаррас коҳиш ёфтааст

ДУШАНБЕ, 8 авг — Sputnik. Бино ба иттилои Агентии омори Тоҷикистон дар шаш моҳи соли равон ҳаҷми хидматрасониҳои пулакӣ 5 миллиарду 789,5 миллион сомониро (561,5 миллион доллар) ташкил дод, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 4,8% камтар аст.

Рынок в Душанбе Корвон - Sputnik Тоҷикистон
Бозору тарабхона ва ошхонаву меҳмонхонаҳо дубора дар Тоҷикистон кушода шуданд

Ба иттилои манбъаъ, ҳиссаи  хизматрасонии пулакии корхонаҳои давлатӣ 20,3% ҳаҷми умумиро ташкил медиҳад.

Агентии омор мегӯяд, аз рӯи ҳаҷми хизматрасонӣ ба ҳар сари аҳолӣ, шаҳри Душанбе нисбат ба дигар минтақаҳо бартарӣ дорад. Ҳаҷми хидматрасонӣ дар шаҳри Душанбе аз ҳисоби миёнаи кишвар 5,2 маротиба зиёдтар аст.

Ин ниҳод мегӯяд, дар моҳҳои январ-июни соли равон гардиши хӯроки умумӣ, аз ҷумла хидматрасонии меҳмонхонаҳо ва тарабхонаҳо 523,3 миллион сомониро (50,7 миллион доллар) ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2014 20% кам мебошад.

Қаблан иттилоъ дода шуда буд, ки соли равон ҳаҷми хидматрасониҳои пулакӣ ба аҳолии Тоҷикистон беш аз 13,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст.

Афзоиши ҳаҷми хидматрасониҳои пулакӣ дар соли 2020 3,5% пешбинӣ шудааст. 

Коршиносон мегӯянд, коҳиши хизматрасониҳои пулакӣ дар қатори дигар соҳаҳо ба пандемияи коронавирус бастагӣ дорад, чун баргузории тӯйҳо маҳдуд гашт ва ё сарҳадод баста шудан, ки хориҷиён биёянду меҳмонхонаҳои мо истифода баранд.

Лентаи хабарҳо
0