Деньги

Ҷаҳиши рекордии евро: Бонки миллӣ арзиши асъори хориҷиро эълон кард

395
(Таҷдидшуда 11:32 18.08.2020)
Доллари амрикоӣ ва евро дар Тоҷикистон бар пояи нишондодҳои ахир дигарбора дар муқобили асъори миллӣ боло рафтанд

ДУШАНБЕ, 18 авг — Sputnik.  Дар Тоҷикистон, тибқи нишондоди Бонки миллии кишвар, қурби евро ва доллар нисбат ба сомонӣ ба таври назаррас боло рафт.

Тибқи гузориши расмии БМТ, имрӯз, 18 август, қурби евро якбора боло рафт,  ба баландтарин нишондиҳанда то ба ҳол, расид.

Арзи пули аврупоӣ дар тӯли як шабонарӯз аз 12.1950 то 12.2325 сомонӣ барои як евро афзоиш ёфт.

Дар овезаҳои бонкҳои кишвар хариду фурӯши 1 евро аз 12 400 то 12 800 сомонӣ нишон дода шудааст.

Доллари амрикоӣ низ инчунин дар ҳоли болоравӣ қарор дорад. Имрӯз барои як доллар 10.3176 сомонӣ медиҳанд, дар ҳоле ки як рӯз қабл 10.3146 буд.

Рубли русӣ бошад тӯли чанд ҳафтаи ахир арзиши муътадили 140 сомонӣ барои ҳазор рублро нигоҳ медорад.

Ёдовар мешавем қаблан иқтисоддонҳои тоҷик дар такя ба дурнамои расмии нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2023 гуфтанд, дар се соли оянда коҳишёбии қурби солонаи пули миллӣ 3% дар назар аст.

Интизори беқурбшавӣ: дар тирамоҳ бо доллар чӣ рӯй хоҳад дод

Ҳамин тавр, ба гуфтаи коршиносон, то охири соли 2020, қурби расмӣ то 10,69 сомонӣ барои як доллар боло хоҳад рафт.

395
Барчаспҳо:
евро, доллар, рубл, сомонӣ, Бонки Миллӣ, Тоҷикистон
Национальный банк республики Таджикистан. Архивное фото

Бонки миллӣ арзиши рубл, доллар ва евроро барои имрӯз эълон кард

38
Бонки миллии Тоҷикистон арзиши сомониро нисбат ба асъори хориҷӣ барои имрӯз 30 сентябр эълон кардааст

ДУШАНБЕ, 26 сен — Sputnik. Тибқи нишондоди Бонки миллии Тоҷикистон арзиши 1 рубли русӣ барои имрӯз 0.1296 сомонӣ  нишон дода шудааст.

Уфти рекордии рублу ҷаҳиши доллар: Бонки миллӣ арзиши асъори хориҷиро эълон кард

Ин ниҳод қурби миёнаи фурӯши 1 доллари ИМА дар  муассисаҳои қарзии Тоҷикистонро аз 0.3292 то 10.3300 сомонӣ арзёбӣ кардааст. 

Бонки миллӣ қурби миёнаи фурӯши 1 евроро аз 12.1000 то 12.3000 сомонӣ арзёбӣ кардааст.

Ин бонк хариду фурӯши 1 рублро имрӯз аз 0.1296 то 0.1340 сомонӣ муқаррар шудааст.

Ҳамин тавр, Бонки миллии Тоҷикистон имрӯз қурби асъори хориҷиро нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон) чунин муқаррар кардааст: 1 доллари ИМА — 10.3292 сомонӣ, 1 евро – 12.0893 сомонӣ ва 1 рубли русӣ — 0.1296 сомонӣ.

Дурнамои асъор: иқтисоддонҳо гуфтанд, то соли 2023 бо сомонӣ чӣ хоҳад шуд

БМТ огоҳ менамояд, ки "берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст ва риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, сабаби ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашидан мегардад".

38
Барчаспҳо:
евро, рубл, сомонӣ, барои имрӯз, қурби асъор, Тоҷикистон
В магазине бытовой техники, архивное фото

Аз чангкашак то телевизор: ифтитоҳи корхонаи муштараки Тоҷикистону Ӯзбекистон дар Душанбе

111
(Таҷдидшуда 20:42 29.09.2020)
Дар Душанбе корхонаи истеҳсоли техникаи маишӣ ифтитоҳ гардид, ки чангкашак, обгармкунак, телевизор ва мошини ҷомашӯӣ истеҳсол мекунад

ДУШАНБЕ, 30 сен — Sputnik. Дар шаҳри Душанбе дар доираи сафари сарвазири Ӯзбекистон Абдулло Орипов ба Тоҷикистон корхонаи муштараки истеҳсоли техникаи маишии "Артел Авесто Электроникс" ба истифода дода шуд.

Дар маросими ифтитоҳи он раиси шаҳри  Душанбе Рустами Эмомалӣ, сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва сарвазири Ӯзбекистон Абдулло Орипов ширкат намуда, бо раванди истеҳсолот дар корхонаи муштарак ошно гардидаанд, хабар медиҳад АМИТ "Ховар".

Ин корхонаи муштарак аз ҷониби ширкати Ӯзбекистон "Artel Engineering and Management" ва ширкати ватании "Авесто Гурӯҳ" сохта шудааст.

Ҳамин тавр, моҳи феврали соли 2019 корхонаи муштаркаи "Артел Авесто  Электроникс" дар шакли Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуд бо иштироки ҳиссавии байни ду ширкат  дар  ҳаҷми 50/50- фоизӣ ташкил карда шуд.

Гуфта мешавад, хати истеҳсолӣ, ки дар он 43 номгӯй таҷҳизот ва 129 комплекти мол ва ашё пешбинӣ карда шудааст, асосан аз кишварҳои Ӯзбекистон, Русия, Корея ва Чин таҳвил ва насб карда шудааст.

Дар доираи мувофиқаи шарикони тиҷоратӣ  раванди истеҳсолот  дар ду марҳила интихоб гардида, дар марҳилаи якум истеҳсоли ду намуди чангкашак ва чор намуди обгармкунак, дар марҳилаи  дуюми  истеҳсолӣ телевизор ва мошинаи либосшӯӣ истеҳсол карда мешавад.

"Алҳол марҳилаи якуми хати истеҳсолӣ ба фаъолият шурӯъ намуда, чангкашак ва  обгармкунак  истеҳсол мегарданд", - омадааст дар хабарнома.

Ба гуфтаи масъулини корхона, маҳсулоти истеҳсолшаванда  дорои муҳлати кафолати 3-сола мебошад.

Манбаъ афзуда, ки шумораи умумии кормандони корхонаи муштараки "Артел Авесто Электроникс" дар ду марҳила беш аз 100 нафарро ташкил дода, музди маоши миёна  1500 сомониро ташкил хоҳад дод.

Ҳамзамон 9 нафар  кормандони корхонаи муштарак соли 2019  зарфи як моҳ дар шаҳри Тошканд  ба таҷрибаомӯзӣ фаро гирифта шуда,  бо тартиби  идоракунии техника ва таҷҳизоти  хати истеҳсолӣ  ва истифодаи самараноки  ашёи хом  шинос гардидаанд.

111
Барчаспҳо:
телевизор, ифтитоҳ, корхона, Душанбе