Таджикские сомони и рубли, архивное фото

Бонки миллӣ арзиши рубл, доллар ва евроро барои имрӯз эълон кард

226
Бонки миллии Тоҷикистон арзиши сомониро нисбат ба асъори хориҷӣ барои имрӯз, 12 август эълон кард. Бар асоси нишондодҳои ахири чанд ҳафта, арзиши рубл бетағйир боқӣ мемонад

ДУШАНБЕ, 20 авг — Sputnik. Тибқи нишондоди Бонки миллии Тоҷикистон арзиши 1 рубли русӣ барои имрӯз 0.1400 сомонӣ  ва дар бозори нақд бошад 0.1430 сомонӣ нишон дода шудааст.

Ин ниҳод қурби миёнаи фурӯши 1 доллари ИМА дар муассисаҳои қарзии Тоҷикистонро аз  10.3175 то 10.3200 сомонӣ арзёбӣ кардааст. 

Бонки миллӣ қурби миёнаи фурӯши 1 евроро аз 12.3088 то 12.7000 сомонӣ арзёбӣ кардааст, ки нисбат ба ҳафтаи гузашта гаронтар шудааст.

Дар бонкҳои дигари кишвар, аз ҷумла “Бонки Эсхата” нишондоди асъор  нисбат ба дигарон каме болотар нишон дода шудааст.

Ин бонк хариду фурӯши 1 рублро имрӯз аз 0,1430 то 0,1460 сомонӣ муқаррар шудааст.

Дар “Спитаменбонк” бошад арзиши 1 рубл аз 0.141 то 0.147 ва дар “Алифбонк” бошад 1 рубл аз 0,1420 то 0,1465 сомонӣ нишон дода шудааст.

Русия ва Чин аз доллар рӯй гардонданд

БМТ огоҳ менамояд, ки “берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст ва риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, сабаби ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашидан мегардад”.

 

226
Барчаспҳо:
доллар, рубл, сомонӣ, Бонки Миллӣ, Тоҷикистон
Национальный банк Таджикистана, архивное фото

Бонки миллӣ “Тоҷиксодиротбонк” ва “Агроинвестбонк”-ро варшикаста эълом нахоҳад кард

667
(Таҷдидшуда 13:52 20.09.2020)
Бонки Миллии Тоҷикистон бо нашри баёнияе эълом кард, ки “Тоҷиксодиротбонк” ва “Агроинвестбонк”-ро варшикаста эълом нахоҳад кард

ДУШАНБЕ, 20 сен — Sputnik.  Дар баёнияи Бонки Миллии Тоҷикистон таъкид шудааст, ки бо вуҷуди дархости муқаррари сандуқи байналмилалии пул барои варшикаста эълом кардани бонкҳои “Тоҷиксодиротбонк” ва “Агроинвестбонк” то замони тасвияи ҳисоби ин ду ниҳоди молявӣ бо муштарён аз ин иқдом  худдорӣ хоҳад кард, иттилоъ додааст радиои тоҷикии Садои  Хуросон дар истинод ба сомонаи Топ Ти Ҷи.

Бояд гуфт, ки чанде пеш сандуқи байналмилалии пул дар тозатарин арзёбии хеш аз авзоъи иқтисодии Тоҷикистон, бори дигар лағви муҷаввизи ду бонки бузурги Тоҷикистонро хостор шуд.

Мақомоти Бонки Миллии Тоҷикистони гуфтаанд, ки дар ҳоли ҳозир  бадеҳии Бонки “Агроинвестбонк” ба муштарён 750 миллион сомонӣ аст ва амволу сохтмонҳои идории ин ниҳод ва “Тоҷиксодиротбонк” низ ба фурӯш гузошта шудааст.

Дар ҳамин ҳол, Илҳом  Шарифӣ иқтисоддони тоҷик таъкид доштааст, ки варшикаста эълом кардани ин ду бонк ба нафъи ҳукумати Тоҷикистон нест, зеро бахше аз саҳҳоми молии ин ду бонки буҳронзада давлатӣ асту бар асоси муқаррароти ҳукумати Тоҷикистон дар пайи эъломи варшикастагии ин ду ниҳоди молӣ маҷбур аст, ки бадеҳии муштарёнро тасвия кунад, аммо чунин маблағро дар ихтиёр надорад.

667
Барчаспҳо:
Бонки миллӣ, Агроинвестбонк, Тоҷиксодиротбонк, бонк, Тоҷикистон
Всемирный банк, офис в Вашингтоне

Зарари бесобиқаи коронавирус ба иқтисоди ҷаҳон: 5 сол барои барқароршавӣ лозим

197
(Таҷдидшуда 16:58 19.09.2020)
Бонки ҷаҳонӣ моҳи июн гузориш дод, ки соли 2020 коҳиши рекордии иқтисоди ҷаҳонро пас аз ҷанги дуввуми ҷаҳонӣ интизор аст

ДУШАНБЕ, 17 сен — Sputnik. Кармен Рейнхарт сармутахассиси Бонки ҷаҳонӣ мегӯяд, барқароршавии иқтисоди ҷаҳон аз буҳроне, ки дар натиҷаи пандемияи коронавирус ба амал омад, метавонад то панҷ солро дар бар гирад. 

"Эҳтимол, дар пасманзари лағви ҳама чораҳои маҳдудкунандаи марбут ба карантин ҷаҳиши фаврӣ ба амал ояд, аммо барқароршавии пурра то панҷ солро дар бар хоҳад гирифт", - изҳор доштааст Рейнхайтер.

Ҳамзамон Рейнхарт интизор дорад, ки пас аз буҳрон сатҳи камбизоатӣ дар ҷаҳон бори аввал дар 20 соли охир боло хоҳад рафт.

Ба гуфтаи иқтисодчӣ, буҳроне, ки дар натиҷаи пандемия ба вуҷуд омадааст, нобаробариро дар ҷаҳон афзоиш хоҳад дод, "зеро табақаҳои камбизоати аҳолӣ аз буҳрон дар кишварҳои сарватманд аз ҳама сахттар зарар мебинанд ва кишварҳои камбизоат нисбат ба сарватманд бештар хисорот хоҳанд дид", - менависад Арменпресс бо истинод ба РИА Новости.

Гуттерреш мегӯяд, коронавирус аз назорат берун омад ва ваксин ин буҳронро рафъ намекунад

Бонки ҷаҳонӣ моҳи июн гузориш дод, ки соли 2020 коҳиши рекордии иқтисоди ҷаҳонро пас аз ҷанги дуввуми ҷаҳонӣ интизор аст.

Ёдовар мешавем, Созмони ҷаҳонии беҳдошт хуруҷи сирояти нави коронавируси COVID-19-ро пандемия эълон кард. Тибқи маълумоти охирини СҶБ, дар ҷаҳон зиёда аз 29,1 миллион ҳолати сироятёбӣ ошкор гардида, беш аз 926 ҳазор нафар фавтидаанд.

197
Барчаспҳо:
иқтисод, БҶ
Зан бо телефон, акс аз бойгонӣ

Пулгирӣ тариқи эълонҳои бардурӯғ дар сомон.тҷ: боздошти Ғоибназаровҳо-видео

0
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти хоҳару бародар хабар додааст, ки дар сомонаи харидуфурӯши молу хизматрасонӣ – somon.tj ба фиребкорӣ машғул будаанд

ДУШАНБЕ, 21 сен — Sputnik. Раёсати кофтукоби ҷиноии ВУД Тоҷикистон аз дастгир шудани Ғоибназаров Ҷаҳонгири 29-сола ва хоҳарбузургаш -  Наргис Ғоибназароваи 39-сола хабар дод.

Ба иттилои манбаъ, дастгиршудагон ба қаллобӣ тариқи шабакаи интернетӣ машғул будаанд.

Манбаъ афзуд, ки муттаҳамон бо нашри эълонҳои бардурӯғ дар саҳифаи интернетии сомон.тҷ, ки гӯиё скутер, автомобил ва дучарха мефурӯшанд, мизоҷонро фиреб медодаанд.

Хотироти Раҳмон аз Раббонӣ, додани ҳукумат, музокироти Давҳа ва ибрат аз тоҷикон-видео

ВУД тавзеҳ дод, ки Ғоибназаровҳо аз ду нафар тариқи ҳамёни электронӣ маблағҳои 1600-1700 сомониро гирифта, бо хомӯш кардани телефонашон дигар ба онҳо посух надодаанд.

Дар пайи боздошт маълум шудааст, ки ин афрод дар 10 ҳолати фиребкорӣ даст дошта, зарари расондаашон беш аз 20 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Ҷаҳонгир дар гузориши ВУД мегӯяд, тариқи ҳамёни электронӣ то 60 фоизи пулро аз харидорони ҷабрдида пешакӣ мегирифтааст ва ба ҳамин восита онҳоро фиреб медодааст. Назари бевоситаи Ғоибназаровҳо дар бораи ин қазия маълум нест.

ВУД таъкид кард, ки феълан таҳқиқи ин ҳолатҳо идома дорад.

0
Барчаспҳо:
Вазорати умури дохилаи ҶТ, боздошт, Тоҷикистон