Национальный банк республики Таджикистан. Архивное фото

Бонки миллӣ арзиши рубл, доллар ва евроро барои имрӯз эълон кард

424
Бонки миллии Тоҷикистон арзиши сомониро нисбат ба асъори хориҷӣ барои имрӯз, 21 августи соли равон эълон кард

ДУШАНБЕ, 21 авг — Sputnik.  Тибқи нишондоди Бонки миллии Тоҷикистон, имрӯз 1 рубли русӣ — 0.1394 сомониро ташкил медиҳад.

Ин ниҳод қурби миёнаи фурӯши 1 доллари ИМА дар муассисаҳои қарзии Тоҷикистонро аз 10.3180 то 10.3200 сомонӣ арзёбӣ кардааст.

Бонки миллӣ қурби миёнаи фурӯши 1 евроро аз 12.2217 то 12.7500 сомонӣ арзёбӣ кардааст. Тибқи нишондоди Бонки миллии Тоҷикистон арзиши 1 рубли русӣ дар муассиcаҳои ташкилоти қарзии Тоҷикистон аз 0.1394 то 0.1420 сомонӣ арзиш дорад.

Ҷаҳиши рекордии евро: Бонки миллӣ арзиши асъори хориҷиро эълон кард

Ҳамин тавр, Бонки миллии Тоҷикистон имрӯз қурби асъори хориҷиро нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон) чунин муқаррар кардааст: 1 доллари ИМА — 10.3180 сомонӣ, 1 евро – 12.2217 сомонӣ, 1 рубли русӣ — 0.1394  сомонӣ.

БМТ огоҳ менамояд, ки "берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст ва риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, боиси ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашидан мегардад".

424
Барчаспҳо:
сомонӣ, доллар, рубл, қурби асъор
Инветиционный форум между предпринимателями Узбекистана и Таджикистана

Дар Душанбе миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон 15 созишномаи нави ҳамкорӣ ба имзо расид

304
(Таҷдидшуда 15:48 30.09.2020)
Дар Душанбе Форуми сармоягузории Тоҷикистону Ӯзбекистон баргузор гардид, ки дар чаҳорчӯби он доираҳои тиҷоратии ду кишвар қарордодҳои нав ба имзо расониданд

ДУШАНБЕ, 30 сен — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон форуми мазкур дар доираи ҷаласаи 7-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ баргузор шуд.

Гуфта шудааст, ки дар форуми мазкур беш аз 300 нафар соҳибкорони ӯзбекистону Тоҷикистон, аз ҷумла роҳбарони мақомоти давлатӣ, корхонаву ташкилоти давлатӣ, сармоягузорон ва намояндагони бахши хусусии ду кишвар ширкат варзиданд.

Ҳамзамон манбаъ зикр намудааст, ки ҷониби Тоҷикистон ба меҳмонон дар бораи фазо ва имкониятҳои  сармоягузорӣ дар соҳаҳои сайёҳӣ, саноат, энергетика, хизматрасонӣ ва дигар соҳаҳо дар Тоҷикистон пурра маълумот дода шуд.

Сипас ҷонибҳо лоиҳаҳои муштараки ҳамкориро баррасӣ намуданд.

Пас аз анҷоми қисмати расмии Форум вохӯриҳои дуҷонибаи соҳибкорон дар шакли “Соҳибкор бо Соҳибкор” (B2B) доир гардида, аз рӯйи натиҷаҳои он санадҳои нави ҳамкорӣ  мувофиқа ва ба имзо расонида шуданд.

Бино ба маълумоти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон, дар доираи форум аз ҷониби субъектҳои бахши давлатӣ ва хусусии ҳар ду ҷониб 15 созишномаи ҳамкорӣ ба маблағи 50 миллион доллар созишномаҳо ба имзо расиданд, ки қариб ҳамаи соҳаҳои ҳамкории иқтисодиро фаро мегиранд.

304
Барчаспҳо:
ҳамкорӣ, созишнома, доираҳои тиҷорӣ, сармоягузорӣ, Форум, тиҷорат, Ӯзбекистон, Тоҷикистон
Национальный банк республики Таджикистан. Архивное фото

Бонки миллӣ арзиши рубл, доллар ва евроро барои имрӯз эълон кард

456
(Таҷдидшуда 10:06 30.09.2020)
Бонки миллии Тоҷикистон арзиши сомониро нисбат ба асъори хориҷӣ барои имрӯз 30 сентябр эълон кардааст

ДУШАНБЕ, 30 сен — Sputnik. Тибқи нишондоди Бонки миллии Тоҷикистон арзиши 1 рубли русӣ барои имрӯз 0.1296 сомонӣ  нишон дода шудааст.

Уфти рекордии рублу ҷаҳиши доллар: Бонки миллӣ арзиши асъори хориҷиро эълон кард

Ин ниҳод қурби миёнаи фурӯши 1 доллари ИМА дар  муассисаҳои қарзии Тоҷикистонро аз 0.3292 то 10.3300 сомонӣ арзёбӣ кардааст. 

Бонки миллӣ қурби миёнаи фурӯши 1 евроро аз 12.1000 то 12.3000 сомонӣ арзёбӣ кардааст.

Ин бонк хариду фурӯши 1 рублро имрӯз аз 0.1296 то 0.1340 сомонӣ муқаррар шудааст.

Ҳамин тавр, Бонки миллии Тоҷикистон имрӯз қурби асъори хориҷиро нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон) чунин муқаррар кардааст: 1 доллари ИМА — 10.3292 сомонӣ, 1 евро – 12.0893 сомонӣ ва 1 рубли русӣ — 0.1296 сомонӣ.

Дурнамои асъор: иқтисоддонҳо гуфтанд, то соли 2023 бо сомонӣ чӣ хоҳад шуд

БМТ огоҳ менамояд, ки "берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст ва риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, сабаби ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашидан мегардад".

456
Барчаспҳо:
евро, рубл, сомонӣ, барои имрӯз, қурби асъор, Тоҷикистон

Вазорат тасдиқ кард: дар Тоҷикистон шумори ҷонбохтагон бар асари COVID-19 афзоиш ёфт

0
(Таҷдидшуда 19:20 30.09.2020)
Вазорати тандурустии Тоҷикистон омори нави сироят, фавту шифоёбии шаҳрвандон аз маризии вируси коронаро нашр кард

ДУШАНБЕ, 30 сен — Sputnik. Шабонарӯзи гузашта 43 ҳодисаи нави бемории COVID-19 дарёфт гардида,  иттилоъ додааст дафтари матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон.

Бино бар иттилои манбаъ шаббнарӯзи гузашта 74 нафар гумонбарон зери назорати табибон қарор дошта, 41 нафар баъд аз муолиҷа ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд

Тавре манбаъ қайд кардааст дар маҷмӯъ шумораи гирифторони ин беморӣ ба  9769 нафар баробар гардидаст.

Инчунин,  таъкид шудааст, ки то санаи  30 сентябр дар мамлакат  8572  (87,7%) нафар аз бемории COVID-19 шифо ёфта,  бар асари он 76  нафар фавтидаанд.

Маврид ба зикр аст, ки Ҳукумати Тоҷикистон ҷиҳати пешгирӣ ва табобати коронавируси нави CОVID-19 тамоми тадбир ва чораҳои заруриро амалӣ намуда истодаанд.

0
Барчаспҳо:
афзоиш, вазорат, сироят, омор, вируси корона, Тоҷикистон