Беш аз 27 миллион қарзи Нусратулло Файзуллоев ва Убайдуллоев аз андоз

© Sputnik / Стас ЭтвешСомони и доллары, архивное фото
Сомони и доллары, архивное фото  - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Корхонаи “Ресанда”, ки 75 дарсади саҳмияҳояш ба соҳибкори шинохта дар Хатлон Нусратулло Файзуллоев тааллуқ дорад, аз андоз беш аз 27 миллион сомонӣ қарздор аст

ДУШАНБЕ, 22 авг — Sputnik. Соҳиб Раҷабов, сардори Нозироти андози вилояти Хатлон, 1 сабаби аслии таъмин нагардидани нақшаи қисми даромади буҷетро қарзи бузурги корхонаи саноатии вилоят-ҶСК  “Ресанда” гуфтаст.

Фельдшер станции скорой медицинской помощи  - Sputnik Тоҷикистон
Садамаи марговар дар роҳи Кӯлоб - Душанбе се кушта барҷой гузошт

“Дар маҷмуъ қарзи андози ин корхона то ба имрӯз ба 27 млну 798 ҳазору  960 сомонӣ расидааст”, - хабар дод нашрияи СССР аз қавли сардори Нозироти андоз.

Манбаъ афзудааст, ки 75%-и ҶСК “Ресанда” ба соҳибкор Нусратулло Файзулоев ва 25 %-и он ба Суҳробҷон Убайдуллоев тааллуқ дошта, дар умум ҶСК “Ресанда” инчунин аз пардохти истифодаи об 2 000 000 сомонӣ қарздор аст. 

Қарори Рустами Эмомалӣ: роҳи мошингарди хиёбони Рӯдакӣ муваққатан баста мешавад

Абдуҷаббор Қурбонзода раиси ҷамоати деҳоти “Бохтариён”-и ноҳияи Кӯшониён дар сӯҳбат бо мухбири СССР гуфтааст, ки ҶСК “Ресанда”-и Қӯрғонтеппа масъулияти зиёда аз 4 000 га заминҳои кишоварзии ин ҷамоатро ба ӯҳда дошта, дар ин заминҳо пахта, гандум, тухми ҳаргуна маҳсулоти кишоварзӣ ва ғайра кишт мекунад.

Феълан назари худи моликони корхона дар бораи қарздориҳо маълум нест ва шарҳеро низ дар ин бора ироа накардаанд.

Лентаи хабарҳо
0