Здание Национального банка Таджикистана, архивное фото

Бонки миллӣ арзиши рубл, доллар ва евроро барои имрӯз эълон кард

302
(Таҷдидшуда 11:35 25.08.2020)
Бонки миллии Тоҷикистон арзиши сомониро нисбат ба асъори хориҷӣ барои имрӯз, 25 августи соли равон эълон кард

ДУШАНБЕ, 25 авг — Sputnik.  Тибқи нишондоди Бонки миллии Тоҷикистон, имрӯз 1 рубли русӣ — 0.1385 сомониро ташкил медиҳад.

Ин ниҳод қурби миёнаи фурӯши 1 доллари ИМА дар муассисаҳои қарзии Тоҷикистонро аз 10.3190 то 10.3200 сомонӣ арзёбӣ кардааст.

Бонки миллӣ қурби миёнаи фурӯши 1 евроро аз 12.2249 то 12.7500 сомонӣ арзёбӣ кардааст. Тибқи нишондоди Бонки миллии Тоҷикистон арзиши 1 рубли русӣ дар муассиcаҳои ташкилоти қарзии Тоҷикистон аз 0.1385 то 0.1420 сомонӣ арзиш дорад.

Ҷаҳиши рекордии евро: Бонки миллӣ арзиши асъори хориҷиро эълон кард

Ҳамин тавр, Бонки миллии Тоҷикистон имрӯз қурби асъори хориҷиро нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон) чунин муқаррар кардааст: 1 доллари ИМА — 10.3190 сомонӣ, 1 евро – 12.2249 сомонӣ ва 1 рубли русӣ — 0.1385 сомонӣ.

БМТ огоҳ менамояд, ки "берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст ва риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, боиси ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашидан мегардад".

302
Барчаспҳо:
доллар, сомонӣ, рубл, қурби асъор, Тоҷикистон
Сомони и рубли, архивное фото

Бонки миллӣ арзиши рубл, доллар ва евроро барои имрӯз эълон кард

474
(Таҷдидшуда 09:11 26.09.2020)
Бонки миллии Тоҷикистон арзиши сомониро нисбат ба асъори хориҷӣ барои имрӯз 26 сентябр эълон кардааст

ДУШАНБЕ, 26 сен — Sputnik. Тибқи нишондоди Бонки миллии Тоҷикистон арзиши 1 рубли русӣ барои имрӯз 0.1324 сомонӣ  нишон дода шудааст.

Коршинос гуфт, ки чигуна устувории хоҷагии қишлоқ дар Тоҷикистон ба иқтисод таъсир мекунад

Ин ниҳод қурби миёнаи фурӯши 1 доллари ИМА дар  муассисаҳои қарзии Тоҷикистонро аз 10.3288 то 10.3300 сомонӣ арзёбӣ кардааст. 

Бонки миллӣ қурби миёнаи фурӯши 1 евроро аз 12.0186 то 12.3000 сомонӣ арзёбӣ кардааст.

Ин бонк хариду фурӯши 1 рублро имрӯз аз 0.1324 то 0.1350 сомонӣ муқаррар шудааст.

Ҳамин тавр, Бонки миллии Тоҷикистон имрӯз қурби асъори хориҷиро нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон) чунин муқаррар кардааст: 1 доллари ИМА — 10.3288 сомонӣ, 1 евро – 12.0186 сомонӣ ва 1 рубли русӣ —0.1324 сомонӣ.

Дурнамои асъор: иқтисоддонҳо гуфтанд, то соли 2023 бо сомонӣ чӣ хоҳад шуд

БМТ огоҳ менамояд, ки "берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст ва риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, сабаби ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашидан мегардад".

474
Барчаспҳо:
рубл, сомонӣ, доллар, қурби асъор
Ювелирные изделия, архивное фото

Раҳмон коргоҳи заргарии "Одина"-ро ба истифода дод

170
(Таҷдидшуда 20:20 25.09.2020)
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Ховалинг бо бардоштани парда аз рӯи лавҳаи рамзӣ ба фаъолияти коргоҳи заргарии “Одина” оғоз бахшид

ДУШАНБЕ, 25 сен - Sputnik. Тибқи иттилои котиботи раисиҷумҳури Тоҷикистон, коргоҳи заргарӣ "Одина" дар мавзеи Чилчанор ҷойгир буда, ба ифтихори 30-солагии Истиқлоли давлатӣ бунёд шудааст.

Манбаъ афзуд, коргоҳи заргарии "Одина" аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Абдуқаюм Каримов бунёд гардидааст.

Иттилоъ дода шуд, ки  коргоҳи заргарӣ дар назди Кооперативи тиҷоратии “Артели заршӯии Одина” бунёд гардида, дар он ду утоқи коркарди зар ва ду мағозаи фурӯши ҷавоҳирот фаъолият мекунад.

"Дар ноҳияи Ховалинг барои ноил гардидан ба ҳадафи чоруми миллӣ - саноатикунонии босуръати мамлакат тадбирҳои судманд пеш гирифташуда, тибқи нақша то ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон боз чанд коргоҳи хурду бузурги саноатӣ сохта, мавриди истифода қарор дода мешавад", - омадааст иттилоия.

Котиботи раисиҷумҳур илова намуд, ки иншоот бо тарҳу намои хуб бунёд гардида, корҳои сохтмониро 50 нафар сокинони маҳаллӣ анҷом додаанд.

Бо бунёди сехи заргарии “Одина” наздик ба 35 нафар сокинони  маҳаллӣ, ки аксаран духтарони бешуғл ва хонашин буданд,  пас аз омӯзиши нозукиҳои ин касб соҳиби ҷойи кор ва маоши хуб гардиданд, таъкид шуд дар иттилоия.  

170
Барчаспҳо:
Ховалинг, Тоҷикистон
День 27 сентября

Ҷашнҳои рӯзи 27 сентябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

0
(Таҷдидшуда 18:07 26.09.2020)
Рӯзи 27 сентябр Рӯзи байналмилалии туризм буда, дар Муғулистон – Рӯзи телевизион ва дар Русия  — Рӯзи кормандони муассисаҳои томактабӣ мебошад

Рӯзи 27 сентябр дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1791 ба яҳудиёни Фаронса шаҳрвандӣ дода шуд.

Соли 1821 Мексика аз Испания ҷудо шуда, истиқлолият ба даст овард.

День 26 сентября
© Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова Мария

Соли 1905  дар Ню-Йорк занеро барои дар дохили автомобил кашидани тамоку ҳабс карданд.

Соли 1941 Сурия давлати мустақил эълон шуд.

Соли 1953 Ҷопон қувваҳои миллии худмуҳофизатиашро таъсис дод.

Соли 1977  аввалин неругоҳи атомии Украина нахустин бор  ҷараёни барқ ҳосил кард.

Соли 1990 ИҶШС ба Интерпол ҳамроҳ шуд.

Рӯзи 27 сентябр дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Cоли 2013 шаҳрдори Душанбе мусиқии баландро дар автобус ва дигар нақлиёти мусофиркаш манъ кард.

День 25 сентября
© Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова Мария

Соли 2013 дар шаҳри Душанбе бо ибтикори Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «ВАО ва муҳоҷират» ҷамъомад баргузор гардид.

Соли 2013 дар Маҷмааи давлатии «Кохи Борбад» маросими ифтитоҳи намоиши серӯзаи молҳои содиротии ноҳияи мухтори Синзян-Уйғури Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор гардид.

Соли 2015 дар шаҳри Ню-Йорки ИМА Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии сатҳи баланд дар ҳошияи саммити СММ оид ба мавзӯи «Ҳавасмандгардонии раванди татбиқи амалӣ ва дастёбӣ ба Ҳадафҳои рушди устувор дар соҳаи об», ки бо ибтикори Тоҷикистон ҷамъ омада буданд, суханронӣ карданд.

Соли 2013 дар маркази ноҳияи Тавилдара бинои муҳташами «Кохи фарҳанг» расман ба истифода дода шуд.

Соли 2018 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев дар шаҳри Душанбе Боғи «Низомиддин Алишер Навоӣ»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Ҷашнҳои рӯзи 27 сентябр

  • Рӯзи байналмилалии туризм.
  • Дар Муғулистон – Рӯзи телевизион.
  • Дар Русия  — Рӯзи кормандони муассисаҳои томактабӣ.

Рӯзи 27 сентябр дар Тоҷикистон кӣ ба дунё омадааст

Таисия Иванова (1932) – доктори илми биолог.

Мавҷигули Зардодхон (1963-2011) – шоира.

Равшан Махсумзод (1963) – нависанда.

Боймуҳаммад Ниёзов (1927 – 2009) – сароянда, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон.

Людмила Никулина (1934) – журналист, Корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон.

Зоя Румянсева (1916-2001) – доктори илми химия, профессор, Ходими шоистаи илми Тоҷикистон.

Хуршеда (Обидова ) (1974)- шоира.

0
Барчаспҳо:
Тоҷикистон, Ҷаҳон, ҷашн
Мавзуъ
Ҷашнҳои рӯзи 20 сентябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 22 сентябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 24 сентябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 25 сентябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 26 сентябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон