Судебный молоток, архивное фото

Сармуҳосиби Маркази стоматологӣ ба 9 соли зиндон маҳкум шуд

565
Додгоҳи ноҳияи Ёвон Шуҳратҷон Ашӯров, сармуҳосиби Маркази стоматологии ин ноҳияро ба 9 соли зиндони низомаш пурзӯр маҳкум кардааст

ДУШАНБЕ, 3 сен — Sputnik. Тибқи иттилои Додситонии кул, Ашуров Шуҳратҷон, сармуҳосиби Маркази стоматологии ноҳияи Ёвон, аз сентябри соли 2018 то моҳи апрели соли 2020 иловатан вазифаи хазинадорро иҷро карда, дар моҳи сентябри соли 2018 як миқдор маблағро ба фоидаи худаш истифода кардааст.

“Ӯ бо ин амалҳои худ 218 ҳазору 248 сомонии ба хазина воридшударо азонихуд намуда, ба Марказ зарари махсусан калони моддӣ расонидааст”, - омадааст дар иттилоия.

Додситонӣ таъкид кардааст, ки нисбати Ашуров барои азонихудкунӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, баъди анҷоми тафтишот ба суд ирсол гардид.

Додгоҳи ноҳияи Ёвон парвандаи Ашуровро баррасӣ карда, ӯро ба мӯҳлати 9 сол равонаи зиндони низомаш пурзӯр карда, ба мӯҳлати 3 сол аз ҳаққи фаъолияти муҳосибӣ маҳрум намудааст.

Маҳкумшуда инчунин муваззаф шудааст, ки зарари расонда ба андозаи 218 ҳазору 248 сомониро ба Маркази стоматологияи ноҳияи Ёвон барқарор кунад.

565
Барчаспҳо:
барқарорсозӣ, додгоҳ, зарар, Тоҷикистон
Министр экономического развития и торговли Таджикистана Завки Завкизода

"Соҳибкор бо соҳибкор": Форуми сармоягузории Тоҷикистону Ӯзбекистон доир гардид

33
(Таҷдидшуда 18:26 29.09.2020)
Беш аз 300 нафар дар ҳамоиши сармоягузории Тоҷикистону Ӯзбекистон ширкта карда, бо фазои сармоягузорӣ дар соҳаҳои сайёҳӣ, саноат, энергетика ошно шуданд

ДУШАНБЕ, 29 сен – Sputnik. Дар доираи сафари сарвазири Ӯзбекистон ба Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, Форуми сармоягузории Тоҷикистону Ӯзбекистон бо роҳбарии вазири рушди иқтисод ва савдо Завқизода Завқӣ Амин баргузор гардид.

Бино ба гузориши Вазорати рушди иқтисод, Завқизода дар ин нишаст қайд карда, ки тайи солҳои охир бо ташаббусҳои созандаи Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ҳамкориҳои гуногунҷанбаи байни ду кишвар ба сатҳи сифатан нав баромад.

Манбаъ қайд карда, ки бо дастгирии ду кишвардор, баргузории чунин чорабиниҳо, ки ба рушди ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ, баланд бардоштани нерӯи содиротӣ, ҷалби сармояву воридоти технологияҳои муосир ва тақвияти ҳамкориҳои дуҷонибаи иқтисодию сармоягузорӣ мусоидат менамояд, ба ҳукми анъана даромадааст.

Дар Форуми мазкур беш аз 300 нафар иштирокчӣ аз ҳарду ҷониб, аз ҷумла роҳбарони мақомоти давлатӣ, корхонаву ташкилотҳои давлатӣ, сармоягузорон ва намояндагони бахши хусусии ду давлат иштирок намудаанд.

Дар доираи Форум ба иштирокчиён фазо ва имкониятҳои сармоягузорӣ дар соҳаҳои сайёҳӣ, саноат, энергетика, хизматрасонӣ ва дигар соҳаҳо муаррифӣ шуда, лоиҳаҳои муштараки ҳамкорӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.

"Пас аз анҷоми қисмати расмии Форум вохӯрии ду ҷониба - соҳибкорони ду давлат дар сиғаи "Соҳибкор бо Соҳибкор" (B2B) баргузор гардида, аз натиҷаи он санадҳои нави ҳамкорӣ мувофиқа ва ба имзо расонида шудааст", - омадааст дар хабарнома.

Иштирокчиёни Форуми сармоягузории Тоҷикистону Ӯзбекистон ба рушди муносибатҳои дуҷониба ва баимзорасонии созишномаю шартномаҳои мутақобилан судманд, ки фарогири ҳамаи соҳаҳои ҳамкориҳои иқтисодӣ мебошанд, баҳои баланд додаанд.

Манбаъ афзуда, ки тарафҳо ба мувофиқа расидаанд, ки чунин ҳамоишҳои соҳибкоронро мунтазам баргузор менамоянд.

33
Барчаспҳо:
пешниҳодот ба ҷониби Ӯзбекистон, Тоҷикистон, Форум, иқтисод, Душанбе
Газозаправочная станция, архивное фото

Мушкилӣ дар марзи Қазоқистон нархи газро дар Тоҷикистон боз боло бурд

164
(Таҷдидшуда 17:07 29.09.2020)
Арзиши гази моеъ, яке аз умдатарин маводи сӯхт дар Тоҷикистон дубора боло рафтт. Иллати гарон шудани нархи газ ба мушкилиҳо дар марзи Қазоқистон рабт дода мешавад

ДУШАНБЕ 29 сен – Sputnik. Тайи ду рӯзи охир қимати гази моеъ дар аксар нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ дар шаҳру навоҳии Тоҷикистон то 10 дарсад баланд рафта ба 4, 4 ва 4, 5 сомонӣ баробар шудааст.

Баъзе аз роҳбарони таъмингоҳҳои фурӯши сӯзишворӣ дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон сабаби гарон шудани газро ба мушкили воридот намудани он шарҳ доданд.

"Чанд рӯзи охир, ворид кардани газ аз ҳудуди давлати Қазоқистон мушкил шудааст. Ҳоло ин маводи сӯхт аз қаламрави кишвари Русия ба Тоҷикистон ворид карда мешавад. Аз ҳисоби дур будани роҳ хароҷот зиёд аст ва бинобар ҳамин, каме нархи фурӯш ҳам боло рафтааст", - гуфт ҳамсуҳбати мо.

Хадамоти зиддиинҳисорӣ ба дунболи гарон шудани гази моеъ, дар оғози моҳи сентябр хабар дода буд, ки баъзе аз ширкатҳои фурӯши сӯзишвориро ба андозаи 1,1 миллион сомонӣ ҷарима кардааст.

Он замон қимати ин маводи сӯхт то ба 4,7 сомонӣ дакка зада буд. Абдумаҷиди Мӯъминзод, сардори Хадамоти зиддиинҳосорӣ дар шарҳи ҷаримаи ширкатҳо гуфта буд, ки баъзеҳо хароҷоти изофиро ба сари воридоти газ ҳамроҳ намуда, беасос нархи фурӯши онро баланд кардаанд.

Баъд аз эълони ҷаримаи ширкатҳо дар оғози моҳи сентябр нархи газ то ба 4,2 ва 4 сомонӣ поён рафт, вале ҳоло дубора қимати он ба 4,4 ва дар беъзе фурӯшгоҳҳо то ба 4,6 сомонӣ боло рафтааст.

Баъди даҳ сол дар Суғд “бӯи” газ меояд

Дар Тоҷикистон маводи сӯхт аз хориҷа умдатан аз Русия ва Қазоқистон ворид карда мешавад.

Дар соли гузаштаи 2019 бино ба маълумотҳои омории мақомоти гумрук беш аз 430 ҳазор тон гази моеъ, қариб 180 ҳазор тон бензин ва ҳудуди 250 ҳазор тон маводи дизелӣ ба кишвар ворид шудааст.

"Фароз", "Газпром", "Газойл", "Ориё", "Роҳи Сомон нафт", "Се ганҷ" ва "Суғднефт" аз ҷумлаи ширкатҳои таъминкунандаи сӯзишворӣ дар Тоҷикистон ба ҳисоб мераванд.

164
Барчаспҳо:
қиматшавӣ, Тоҷикистон, газ, Қазоқистон, марз, мушкилӣ