Глава Антимонопольной службы Абдулмаджид Муминзод

Хайру футболи газфурӯшҳо аз ҳисоби мардум. Мусоҳибаи раиси Хадамоти зиддинҳисорӣ

1869
(Таҷдидшуда 11:30 05.09.2020)
Абдумаҷиди Муъминзод, сардори Хадамоти зиддиинҳисории назди ҳукумати Тоҷикистон, дар мусоҳиба аз таҳаввулоте гуфт, ки дар бозори гази ҷумҳурӣ ҷараён доранд

ДУШАНБЕ, 5 сен — Sputnik. Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон эълон кард, ки аз 15 ширкати газфурӯши кишвар 10 – тои онро барои ба таври сунъӣ боло бурдани нарх дар бозор муҷозот кардааст. Ба иддаои ин мақомот, дар пайи рӯи даст гирифтани тадобир қимати як литр газ дар Тоҷикистон аз 4,5 сомонӣ ба 4.20 поён омада, эҳтимол дорад нархҳо аз ин ҳам бештар поин раванд.

Аммо як таҳаввули дигар пеш омад, ки метавонад хушбиниҳои коҳиши нархи газ дар Тоҷикистонро хадшадор созад. Ду ширкат, яке дар Қазоқистон ва дигаре дар Ӯзбекистон, умдатарин кишварҳои содиркунандаи гази моеъ ба Тоҷикистон, аз аввали моҳи равон содироти газашонро ба ширкатҳои тоҷикӣ қатъ карданд.

Sputnik Тоҷикистон дар ин робита ба суҳбати Абдумаҷиди Муъминзод, сардори Хадамоти зиддиинҳисории назди ҳукумати Тоҷикистон рафт, то рӯшан созад, ки чӣ моҷаро равон аст ва дар ин бозор чӣ мегузарад.

- Ҷаноби сардор, идораи Шумо 9 ширкати фурӯшандаи гази моеъро ба маблағи 1 миллиону 100 ҳазор сомонӣ ҷарима кард. Чаро? Оё ин фишор ба соҳибкорӣ нест?

- Аввал, тибқи қарори ҳукумати Тоҷикистон аз 31 майи соли 2018 (№287) гази моеъ, дар умум маҳсулоти нафтӣ, ба “Номгӯи мол ва маҳсулоти аз ҷиҳати иҷтимоӣ зарурӣ” дохил мешаванд, ки нархҳояшон аз сӯи давлат танзим карда мешаванд. Тибқи қонунгузорӣ, назорати нархи онҳо, ки маҳсулоти истеъмолии халқанд, бар зиммаи Агентии зиддиинҳисорӣ аст. Ин на фишор, балки вазифаи қонунии мақомоти мост.

Дуюм, то ин ки кор ба ҷаримаи ширкатҳо расад, мо ду моҳ зиёд кор кардем. Кормандони мо дар ин бозор шурӯъ аз Хуҷанд то Душанбеву Хатлон мониторинг гузаронданд. Ёдатон бошад, дар оғози моҳи июн нархи як литри газ то 2,5 сомонӣ буд, аммо то охири ҳамон моҳ ба 4 сомонӣ боло рафт. Мардум мепурсиданд, чаро ва изҳори норозигӣ мекарданд. Ин суол пеши мо ҳам буд, ки чаро?

Тибқи қонунгузорӣ, нарх (тариф) – ҳо дар давоми як моҳ ҳудуди 20 фоиз бояд зиёд шаванд, аммо мавриде буд, ки дар як шабонаруз аз 35 то 60 фоиз афзуданд. Масалан, як ширкат дар шаҳри Душанбе, ки номашро намегирам, 8 июл як литр гази моеъро 3,60 сомонӣ фурӯхт ва 9 июл ин нархро ба 3,70 сомонӣ боло бурд. Ҳол он ки тибқи ҳисобу китоб ё калкулиятсияи мутахассисон, 1 литр гази моеъ он рӯзҳо бо тамоми хароҷоту фоидаҳо бояд 3,17 сомонӣ фурӯхта мешуд.

- Мутахассисони Шумо чӣ гуна ҳисобу китоб карда, ба ин натиҷа мерасиданд, ки ширкатҳо нархҳояшонро нодуруст ё ғайривоқеӣ боло мебаранд? Болоравии нархҳоро дар бозори ҷаҳонӣ ба назар намегиред? Шумо ҳам дар нишасти матбуотии охирини худ зикр кардед, ки нархи 1 тон гази моеъ аз моҳи май то моҳи август 362,7 дарсад афзудааст...

- Дастури амали мо дар ин боб аввал “Низомномаи калкулятсияи арзиши аслии маҳсулот (кору хизматрасонӣ) дар корҳонаҳо ва ташкилотҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ки бо қарори ҳукумати Тоҷикистон аз соли 1999 ба ин сӯ амал мекунад. Он ҷо возеҳу рӯшан гуфта шудааст, ки арзиши аслии маҳсулот чӣ гуна шакл мегирад. Нархи воқеии гази моеъ дар бозорҳои моро мутахассисон аз рӯи ин Низомнома ва ҳам нархҳо дар биржаи “Аргус” (Санкт – Петербург) маълум мекунанд, ки мо ҳамарӯза аз он иттилоъ ба даст меорем. Мутахассисони мо бо назардошти нархҳои ин биржа муайян мекунанд, ки ширкат, тибқи қонунгузорӣ, бояд ба кадом нарх молашро фурӯшад, то нарх ҳам одилона бошад ва манфиати мардум низ ҳифз шавад. Масалан, агар 5 феврал нархи миёнаи гази моеъ 465 доллар сари тон буд, 6 май дар айни авҷи пандемия ба 115 доллар поён омад. Тибқи ҳисобу китоби мо, дар ҳоли 200 доллар будани як тон гази моеъ як литраш бо назардошти қурби асъор, роҳкирову андоз аз арзиши иловашуда, дигар хароҷот ва ба болои ин ҳама 30% - и даромад бояд 1,73 сомонӣ ба фурӯш расад. Ҳатто моҳи май, ки қимати гази моеъ дар биржаи “Аргус” ба 115 доллар поён омад, ёд доред, ки дар Тоҷикистон як литри гази моеъ ҳатто 2 сомонӣ шуда бошад?

Харҷи футболу хайр ва иқомат дар меҳмонхонаҳои гаронарзишро ба нарх зам мекардаанд

- Не. Аммо ширкатҳо чӣ гуна нархҳои худро ба Шумо асоснок карданд, вақте мавриди тафтиш қарор гирифтанд?

- Вақте гузориши кормандонро хондам, воқеан, сахт такон хӯрдам. Ширкатҳо як гуна хароҷотеро сари нарх бор кардаанд, ки ба ақл рост намегирад. Масалан, харҷи сафари хидматиро ҳам ба нарх ҳамроҳ кардаанд. Агар як корманди ширкат ба сафари хидматӣ меравад, метавонад дар як меҳмонхонае ҷой гирад, ки кирои якшабааш, масалан, 100 сомонӣ аст. Аммо ӯ дар як утоқи чанд баробар гарон ҷой гирифта, харҷи худро бар нарх меафзояд ва амалан, аз ҳисоби мизоҷ роҳат мекунад. Қонунгузорӣ дар ин маврид маҳдудият ҷорӣ кардааст. Ё ширкатҳо ҳатто хароҷоти тими футбол ё корҳои хайрияашонро низ бар сари нархи маҳсулот задаанд, ки комилан хилофи қонун аст. Мумкин нест, ки аз ҳисоби мизоҷ ё мардум футбол бозӣ кард ё хайр намуд. Ин ба таври сунъӣ боло бурдани нарх тариқи хароҷоти беасос аст. Сармоягузории тарҳҳои иҷтимоӣ ё хайрия бояд аз фоидаи соф анҷом шавад.

- Шумо ҳоло фақат 9 ширкатро тафтиш кардаед. Агар махфӣ нест, метавонед бигӯед, ки кадомҳоянд ва дар чӣ ҳаҷм ҷарима шудаанд? Оё бақия ширкатҳо ҳам мавриди тафтиш қарор хоҳанд гирифт?

- Албатта, мо онҳоро ба хотири латма назадан ба обрӯи тиҷоратиашон фош намекунем, аммо ҳар як аз 50 то 200 ҳазор сомонӣ ҷарима шудаанд. Бақия шаш ширкат низ мавриди тафтиш қарор хоҳанд гирифт.

- Ин хабар, ки Ӯзбекистону Қазоқистон содироти газашонро ба Тоҷикистон қатъ мекунанд, зиёд нигаронкунанда менамояд. Шумо чӣ фикр доред?

- Фақат ду ширкат, яке “CNPC – Актобемунайгаз” – и Қазоқистон барои як моҳ (сентябр) ва “Узбекнефтегаз” – и Ӯзбекистон то охири сол бо ширкатҳои ҳамкори худ дар Тоҷикистон шартномаашонро муваққатан қатъ кардаанд. На тамоми ширкатҳои Ӯзбекистону Қирғизистон, ки теъдодашон ба панҷ мерасад. Дар умум, ҷое барои нигаронӣ нест.

- Сабаби қатъи шартнома чӣ аст?

- Ширкати қазоқӣ корхонаи истеҳсоли газашро таъмир мекунад. Ширкати ӯзбекӣ гуфтааст, ки талаботи дохилии кишвари худашон ба гази моеъ афзудааст, аз ин хотир, имкони содирот надоранд.

- Бубинед, аз як сӯ талоши шумо бар ин аст, ки қиматҳои одилона ва аслӣ дар бозор бошад. Аз сӯи дигар, ширкатҳои хориҷие, ки ба Тоҷикистон газ мефурӯшанд, чунин мушкил пайдо кардаанд. Оё ягон буҳронро пешбинӣ намекунед?

- Ин ҳолатҳо корӣ буда, дар фаъолияти кории мо гоҳ-гоҳ пеш меояд. Ҳукумати Тоҷикистон ин таҳаввулотро ҷиддан пайгирӣ мекунад. Аз сӯи дигар, бозигарони аслӣ худи ширкатҳои Тоҷикистонанд. Мо ҳамарӯза бо онҳо дар тамосем. Тибқи иттилои охирине, ки ба мо ирсол шудааст, ширкатҳое, ки бо ду ширкати фавқуззикр шартнома доштанд, аллакай шарикони дигарро пайдо карда, бо онҳо корро шурӯъ намудаанд. Инро ҳам бояд зикр кунам, ки ҳар ширкат талош мекунад бозорро аз даст надиҳад. Ин масъалаи бақову фано ё будану набуданаш аст.

1869
Барчаспҳо:
арзон шудани нархи гази моеъ, Хадамоти зиддиинҳисорӣ, Тоҷикистон
Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон

Раҳмон аз зимистони тӯлонии оянда ва вобастагӣ аз ғизои хориҷӣ гуфт

107
(Таҷдидшуда 15:23 01.10.2020)
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар мулоқот бо фаъолони ноҳияи Рӯдакӣ аз зимистони сарду тӯлонӣ ҳушдор дод

ДУШАНБЕ, 1 окт — Sputnik. Тибқи иттилои котиботи раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот масъалаи омодагӣ ба зимистонро махсусан таъкид карда, афзуд? тибқи пешгӯии мутахассисон зимистони дарпешистода сарду тӯлонӣ меояд.

“Бинобар ин, зарур аст, ки ба масъалаи дар ҳар як оила захира кардани маводи озуқа, сӯзишворӣ ва омода намудани муассисаҳои иҷтимоӣ, шабакаҳои барқ ва роҳҳо эътибори аввалиндараҷа дода шавад”, - изҳор дошт Эмомалӣ Раҳмон.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон аз вазъи феълӣ дар ҷаҳон зикр намуда, таъкид кард, ки бояд вобастагии Тоҷикистон аз ғизои хориҷӣ коҳиш дода шавад. Ӯ зарур хонд, ки барои таъмини мардум бо озуқаи истеҳсоли худӣ чораҷӯӣ карда шавад.

“Хусусан, шароити имрӯзаи иқтисодиёти ҷаҳонӣ моро водор месозад, ки ҷиҳати ҳарчи бештар бо маҳсулоти озуқаи истеҳсоли худӣ таъмин намудани аҳолӣ ва кам кардани вобастагӣ аз воридоти маводи ғизоӣ мунтазам чораҷӯӣ намоем”, - изҳор дошт Раҳмон.

107
Барчаспҳо:
ғизо, Рӯдакӣ, Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон

 Тасмими Тоҷикистону Ӯзбекистон барои содагардонии интиқоли коло тавассути марз

192
(Таҷдидшуда 14:43 01.10.2020)
Дар Душанбе комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Ӯзбекистон оид ба ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ масъалаи мусоидат ба ҳаракати гумрукиро баррасӣ кард

ДУШАНБЕ, 1 окт – Sputnik. Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар доираи ҳамкориҳои гумрукӣ ба мувофиқа расиданд, ки барои мусоидат ба ҳаракати гумрук чораҳои зарурӣ меандешанд, хабар медиҳад АМИТ “Ховар”.

Ба иттилои манбаъ, ин ба таъмини ҳаракати бемамонияти молҳо ва воситаҳои нақлиёти кишварҳои сеюм тавассути гузаргоҳҳои сарҳадии Саразм - Ҷартеппа дахл дорад.

Манбаъ мегӯяд, дар ҷаласа ба ғайр аз дигар намояндагон, сардори Хадамоти гумруки Тоҷикистон Хуршед Каримзода ва муовини якуми раиси Кумитаи давлатии гумруки Узбекистон Анвар Асамов ширкат ва суханронӣ карданд.

Таъкид шудааст, ки Ӯзбекистон дар панҷгонаи шарикони хориҷии тиҷоратии Тоҷикистон мавқеи устувор дошта, гардиши савдо байни ин ду давлати дӯст аз 12 миллион доллари соли 2015 ба 362 миллион доллар дар соли 2019 расид. Ин нишондиҳанда 30 баробар афзудааст.

Ҳамин тавр, аз рӯи натиҷаҳои нимсолаи аввали соли 2020, тиҷорат бо Ӯзбекистон беш аз 217 миллион долларро ташкил дод, ки ин зиёда аз 7% ҳаҷми умумии савдои хориҷии Тоҷикистонро ташкил медиҳад.

Аз чангкашак то телевизор: ифтитоҳи корхонаи муштараки Тоҷикистону Ӯзбекистон дар Душанбе

Ғайр аз он, содироти молҳои Тоҷикистон ба Узбакистон дар ҳашт моҳи соли 2020 53 миллион долларро ташкил додааст, ки ин 24% ҳаҷми умумии содироти Тоҷикистонро ташкил медиҳад.

"Соҳибкор бо соҳибкор": Форуми сармоягузории Тоҷикистону Ӯзбекистон доир гардид

Дар ҳамин ҳол, воридоти молу маҳсулот аз Узбакистон 164,6 миллион долларро ташкил додааст.

192
Барчаспҳо:
коло, сарҳад, Ӯзбекистон, Тоҷикистон
Чрезвычайный и Полномочный посол Таджикистана в России Имомуддин Сатторов

Сатторов дар бораи донишҷӯёни дар Тоҷикистон бандмонда ва даъват аз шаҳрвандон

0
(Таҷдидшуда 18:12 01.10.2020)
Бозгашти донишҷӯёни тоҷик ба таҳсил дар Русияро сафири ҷумҳурӣ дар Федератсияи Русия Имомуддин Сатторов шарҳ дод

ДУШАНБЕ, 1 окт – Sputnik. Бозгашти шаҳрвандони Тоҷикистон ба Русия, ки ҳангоми пандемияи коронавирусӣ рафтанд, мушкил боқӣ мемонад, гуфт Имомуддин Сатторов, сафири фавқулодда ва мухтори ҷумҳурӣ дар Федератсияи Русия.

Дипломат даъват кард, ки барои шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ниёзи фаврӣ надоранд, Русияро тарк накунанд.

"Дар ин бора мо тобистон, вақте ҳама фикр мекарданд, ки мераванду тез бармегарданд, сӯҳбат кардем. Асосан мо пешгӯӣ кардем, ки вазъи эпидемиологӣ ба ҳама шаҳрвандон имкон намедиҳад, ки баргарданд. Мо инчунин донишҷӯёне, ки тоза ба таътил баромадаву рафта буданд, даъват кардем, гарчанде онҳо метавонистанд дар ин ҷо мунтазир шаванд ",-гуфт Сатторов дар мусоҳиба бо Sputnik Тоҷикистон.

Сафир қайд кард, ки айни замон мақомоти Русия ва Тоҷикистон дар бораи баргардонидани донишҷӯёне, ки аз Федератсияи Русия ба ҷумҳурӣ рафтаанд, гуфтушунид доранд. Диққати махсус ба донишҷӯёни курси якум дода мешавад.

Вазири маорифи Русия гуфт, чӣ қадар донишҷӯёни хориҷӣ мунтазири омадананд

Бо сабаби пандемия, зиёда аз 100 ҳазор донишҷӯёни хориҷӣ наметавонанд ба Федератсияи Русия оянд

Ҳамзамон, ӯ илова кард, ки аз Тоҷикистон ба Русия омадаану баъдан дар хобгоҳ  тариқи фосилавӣ таҳсил кардан, маъно надорад.

0
Барчаспҳо:
донишҷӯён, сафир, Русия, Тоҷикистон