Сомони и рубли, архивное фото

Бонки миллӣ арзиши рубл, доллар ва евроро барои имрӯз эълон кард

416
Бонки миллии Тоҷикистон арзиши сомониро нисбат ба асъори хориҷӣ барои имрӯз 8 сентябр эълон кардааст

ДУШАНБЕ, 8 сен — Sputnik. Тибқи нишондоди Бонки миллии Тоҷикистон арзиши 1 рубли русӣ барои имрӯз 0.1358  сомонӣ  нишон дода шудааст.

Ин ниҳод қурби миёнаи фурӯши 1 доллари ИМА дар муассисаҳои қарзии Тоҷикистонро аз 10.3234 то 10.3300 сомонӣ арзёбӣ кардааст. 

Бонки миллӣ қурби миёнаи фурӯши 1 евроро аз 12.2085 то 12.5000 сомонӣ арзёбӣ кардааст.

Ин бонк хариду фурӯши 1 рублро имрӯз аз 0.1358 то 0.1390 сомонӣ муқаррар шудааст.

Ҳамин тавр, Бонки миллии Тоҷикистон имрӯз қурби асъори хориҷиро нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон) чунин муқаррар кардааст: 1 доллари ИМА — 10.3234 сомонӣ, 1 евро – 12.2085 сомонӣ ва 1 рубли русӣ — 0.1358  сомонӣ.

Дурнамои асъор: иқтисоддонҳо гуфтанд, то соли 2023 бо сомонӣ чӣ хоҳад шуд

БМТ огоҳ менамояд, ки “берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст ва риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, сабаби ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашидан мегардад”.

416
Барчаспҳо:
сомонӣ, доллар, рубл, арзиш, Бонки Миллӣ, Тоҷикистон
Доцент Московской сельскохозяйственной академии имени К.А. Тимирязева Игорь Абакумов

Абакумов дар бораи содироти пахтаи тоҷик: ин мурғест бо тухми тиллоӣ

28
(Таҷдидшуда 23:05 26.09.2020)
Чаро чунин як соҳаи умедбахш, ба монанди истеҳсоли пахта, дар Тоҷикистон ҳанӯз аз ҷиҳати иқтисодӣ ҷолиб нест, шарҳ дод Игор Абакумов, мутахассиси иқтисодиёти аграрӣ, дотсенти Академияи кишоварзии Маскав ба номи К.А.Тимирязев

ДУШАНБЕ, 27 сен — Sputnik. Дар бахши содироти маводҳои нассоҷии Тоҷикистон қисмати аслии онро нахи пахта ташкил медиҳад.

Тайи моҳҳои январ-августи соли 2020 Тоҷикистон беш аз 42,6 ҳазор тонна нахи пахта ба хориҷа ба маблағи беш аз 57,5 ​​миллион доллар фурӯхтааст.

 Фурӯши нахи пахта бо вазн нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 7,3% афзудааст.

"Содироти ашёи хом нишонаи иқтисоди рушднокарда аст. Тоҷикистон содироти пахтаи хомро афзоиш дод ва содироти матоъро коҳиш",- гуфт Абакумов ба Sputnik Тоҷикистон.

Ба ақидаи ӯ, ин аз он шаҳодат медиҳад, ки содироти матоъ дар бозорҳои хориҷӣ рақобатпазир нест ва содироти пахта ҳамеша як миқдор пул меовард. Аммо, пули бештар аз ҳисоби маҳсулоти коркардшуда ба даст меояд.

Сбор урожая хлопка в Турсунзаде
© Официальная страница пресс-службы президента РТ в Facebook.

"Содироти пахтаи хом дурнамое надорад, бозор ҳамеша ба маҳсулоти тайёр талабот дорад. Русия миқдори муайяни пахтаро дар Тоҷикистон барои мақсадҳои нассоҷӣ ва ҳарбӣ мехарад, зеро пахта ашёи хом аст", - гуфт коршинос.

Ба гуфти коршинос, Тоҷикистон бояд барои рушди соҳаи нассоҷӣ, истеҳсоли матоъҳои нав, маҳсулоти пахтагӣ сармоягузории зиёд кунад.

Ба қавли ӯ, ҳатто аз пахта метавон масолеҳи сохтмонӣ истеҳсол кард, аммо, ин хеле гарон хоҳад буд, зеро дар Тоҷикистон ҳангоми чидани пахта меҳнати дастӣ бартарӣ дорад. Дар чунин ҳолат, сифат зарар мебинад ва илова бар ин, сарбории зиёди захираҳои меҳнатӣ вуҷуд дорад.

Ба гуфтаи коршинос, ин соҳа, метавонад мурғи тухмҳои тиллоидошта бошад, ки ҳанӯз аз ҷиҳати иқтисодӣ ҷолиб нест, зеро бозор бо ашёи хоми Тоҷикистон сер шудааст.

28
Барчаспҳо:
содирот, пахта, Тоҷикистон
Сомони и рубли, архивное фото

Бонки миллӣ арзиши рубл, доллар ва евроро барои имрӯз эълон кард

481
(Таҷдидшуда 09:11 26.09.2020)
Бонки миллии Тоҷикистон арзиши сомониро нисбат ба асъори хориҷӣ барои имрӯз 26 сентябр эълон кардааст

ДУШАНБЕ, 26 сен — Sputnik. Тибқи нишондоди Бонки миллии Тоҷикистон арзиши 1 рубли русӣ барои имрӯз 0.1324 сомонӣ  нишон дода шудааст.

Коршинос гуфт, ки чигуна устувории хоҷагии қишлоқ дар Тоҷикистон ба иқтисод таъсир мекунад

Ин ниҳод қурби миёнаи фурӯши 1 доллари ИМА дар  муассисаҳои қарзии Тоҷикистонро аз 10.3288 то 10.3300 сомонӣ арзёбӣ кардааст. 

Бонки миллӣ қурби миёнаи фурӯши 1 евроро аз 12.0186 то 12.3000 сомонӣ арзёбӣ кардааст.

Ин бонк хариду фурӯши 1 рублро имрӯз аз 0.1324 то 0.1350 сомонӣ муқаррар шудааст.

Ҳамин тавр, Бонки миллии Тоҷикистон имрӯз қурби асъори хориҷиро нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон) чунин муқаррар кардааст: 1 доллари ИМА — 10.3288 сомонӣ, 1 евро – 12.0186 сомонӣ ва 1 рубли русӣ —0.1324 сомонӣ.

Дурнамои асъор: иқтисоддонҳо гуфтанд, то соли 2023 бо сомонӣ чӣ хоҳад шуд

БМТ огоҳ менамояд, ки "берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст ва риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, сабаби ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашидан мегардад".

481
Барчаспҳо:
рубл, сомонӣ, доллар, қурби асъор

Сябитова шарҳ дод, ки чаро занони рус бо муҳоҷирон издивоҷ мекунанд

0
(Таҷдидшуда 10:02 27.09.2020)
Чаро миёни издивоҷҳо дар Русия аксари домодҳо хориҷиён ҳастанд, шарҳ дод хостгор ва ровӣ Роза Сябитова

ДУШАНБЕ, 27 сен — Sputnik. Бино ба маълумоти идораҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандии минтақавии Русия аксари домодҳо шаҳрвандони хориҷа, аз қабили зодагони Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Арманистон мебошанд.

Ровии барномаи "Давай поженимся" хостгор Роза Сябитова ин тамоюлро дар сӯҳбат бо радиои "Давай поженимся" шарҳ дод.

Ровӣ як намоиши телевизиониро мисол овард ва гуфт, ки хориҷиён бештар ба наздашон меоянд.

Ҳамзамон, меҳмонони барнома саъй намекунанд, ки ба ватани худ баргарданд, балки мехоҳанд дар Русия бимонанд.

Сябитова шарҳ дод, ки барои муҳоҷирон издивоҷ яке аз роҳҳои осонтарини қонунигардонӣ дар Русия ба ҳисоб меравад.

Номбурда омилҳои иҷтимоӣ ва биологиро низ сабаби дигари издивоҷи занони рус бо хориҷиён номид.

Вай қайд кард, ки мардон аксар вақт духтарони хурдсоли синни таваллудро ҳамчун ҷуфт интихоб мекунанд ва заноне, ки мехоҳанд барои рушди хеш талош кунанд, бо гузашти солҳо таваҷҷӯҳ мемонанд.

“Бинобар шароит, заноне тасмим гирифтанд, ки барои худ карера созанд  ва барои рушди фардиву баробарии гендерӣ талош кунанд,  дар канор монданд. Аммо онҳо низ бояд издивоҷ кунанд ва бинобар ин хушбахтии занонаро аз домодҳои хориҷӣ меҷӯянд", гуфт Сябитова.

Ҳамзамон, ровии телевизион қайд кард, ки ин тамоюл комилан муқаррарист ва занон набояд аз интихоби худ шарм доранд.

0
Барчаспҳо:
издивоҷ, муҳоҷирон, Русия