Иқтисодшиносон ҷаҳиши рекордии доллар ва евроро пешгӯӣ карданд

700
(Таҷдидшуда 18:35 09.09.2020)
Иқтисодшиносон гуфтанд, ки қурби евро ва доллар то кадом сатҳ боло меравад ва бо рубл чи хоҳад шуд

ДУШАНБЕ, 9 сен — Sputnik. Вазъи бозори асъор интизориҳои тамоми ҷаҳонро инъикос мекунад, ки меъёрҳои фоизӣ дар Иёлоти Муттаҳида муддати тӯлонӣ ҳадди ақал боқӣ хоҳанд монд, менависад Российская Газета бо истинод ба роҳбари шӯъбаи таҳлилии Бонки “Зенит” Владимир Евстифеев.

Ба гуфтаи иқтисодшинос, рубл дар муқобили доллар ва евро заиф шуда, қурбонии танишҳои геополитикӣ шуда истодааст. Ғайр аз ин, нархи нафт аз 45 то 42 доллар коҳиш ёфт.

"Рубл омилҳои пуштибонӣ камтар дорад ва муносиботи сиёсати хориҷӣ шадидтар мегирад, ки он на танҳо бо ИА, балки эҳтимолияти чораҳои нави маҳдудкунии Иёлоти Муттаҳида дар интихоботи президентии соли 2020 низ вуҷуд дорад", - чунин мешуморад коршинос.

Тибқи пешгӯии таҳлилгар, дар сурати бад шудани вазъ, қурби доллар метавонад ба 78 рубл ва қурби евро ба 91 рубл ҷаҳад.

Коршиноси бозори саҳҳомии "БКС Брокер" Дмитрий Бабин қайд мекунад, ки суботи нисбии бозори қарзи Русия аз сустшавии қурби рубл муҳофизат мекунад.

Сухан дар бораи индекси вомбаргҳои давлатии RGBI меравад, ки тавонист дар наздикии сатҳи пасттарини чаҳормоҳа, ки дар нимаи моҳи август ба даст омада буд, мӯътадил шавад.

Ба гуфтаи иқтисоддон, эҳтимоли аз 90 рубл боло рафтани қурби евро вуҷуд дорад.

Интизори беқурбшавӣ: дар тирамоҳ бо доллар чӣ рӯй хоҳад дод

Ба гуфти коршинос доллар дар бозори асъори Русия замоне ба эътидол меояд, ки евро дар бозори ҷаҳонӣ коҳиш ёбад ва дучори талаф шавад.

Дар бозори асъори Тоҷикистон низ пас аз чанде суқут доллар дигарбора боло рафт ва рублу евро коҳиш ёфтанд.

Аз болоравии доллар то коҳиши рублу евро: Бонки миллӣ арзиши асъори хориҷиро эълон кард

Тибқи нишондоди Бонки миллии Тоҷикистон имрӯз  1 рубли русӣ 0.1350 сомонӣ, 1 доллар  10.3247 сомонӣ ва 1 евро 12.1790 сомонӣ арзиш дорад.

700
Барчаспҳо:
евро, доллар, рубл, бозори асъори хориҷӣ
Сомони и рубли, архивное фото

Бонки миллӣ арзиши рубл, доллар ва евроро барои имрӯз эълон кард

409
(Таҷдидшуда 09:11 26.09.2020)
Бонки миллии Тоҷикистон арзиши сомониро нисбат ба асъори хориҷӣ барои имрӯз 26 сентябр эълон кардааст

ДУШАНБЕ, 26 сен — Sputnik. Тибқи нишондоди Бонки миллии Тоҷикистон арзиши 1 рубли русӣ барои имрӯз 0.1324 сомонӣ  нишон дода шудааст.

Коршинос гуфт, ки чигуна устувории хоҷагии қишлоқ дар Тоҷикистон ба иқтисод таъсир мекунад

Ин ниҳод қурби миёнаи фурӯши 1 доллари ИМА дар  муассисаҳои қарзии Тоҷикистонро аз 10.3288 то 10.3300 сомонӣ арзёбӣ кардааст. 

Бонки миллӣ қурби миёнаи фурӯши 1 евроро аз 12.0186 то 12.3000 сомонӣ арзёбӣ кардааст.

Ин бонк хариду фурӯши 1 рублро имрӯз аз 0.1324 то 0.1350 сомонӣ муқаррар шудааст.

Ҳамин тавр, Бонки миллии Тоҷикистон имрӯз қурби асъори хориҷиро нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон) чунин муқаррар кардааст: 1 доллари ИМА — 10.3288 сомонӣ, 1 евро – 12.0186 сомонӣ ва 1 рубли русӣ —0.1324 сомонӣ.

Дурнамои асъор: иқтисоддонҳо гуфтанд, то соли 2023 бо сомонӣ чӣ хоҳад шуд

БМТ огоҳ менамояд, ки "берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст ва риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, сабаби ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашидан мегардад".

409
Барчаспҳо:
рубл, сомонӣ, доллар, қурби асъор
Ювелирные изделия, архивное фото

Раҳмон коргоҳи заргарии "Одина"-ро ба истифода дод

149
(Таҷдидшуда 20:20 25.09.2020)
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Ховалинг бо бардоштани парда аз рӯи лавҳаи рамзӣ ба фаъолияти коргоҳи заргарии “Одина” оғоз бахшид

ДУШАНБЕ, 25 сен - Sputnik. Тибқи иттилои котиботи раисиҷумҳури Тоҷикистон, коргоҳи заргарӣ "Одина" дар мавзеи Чилчанор ҷойгир буда, ба ифтихори 30-солагии Истиқлоли давлатӣ бунёд шудааст.

Манбаъ афзуд, коргоҳи заргарии "Одина" аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Абдуқаюм Каримов бунёд гардидааст.

Иттилоъ дода шуд, ки  коргоҳи заргарӣ дар назди Кооперативи тиҷоратии “Артели заршӯии Одина” бунёд гардида, дар он ду утоқи коркарди зар ва ду мағозаи фурӯши ҷавоҳирот фаъолият мекунад.

"Дар ноҳияи Ховалинг барои ноил гардидан ба ҳадафи чоруми миллӣ - саноатикунонии босуръати мамлакат тадбирҳои судманд пеш гирифташуда, тибқи нақша то ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон боз чанд коргоҳи хурду бузурги саноатӣ сохта, мавриди истифода қарор дода мешавад", - омадааст иттилоия.

Котиботи раисиҷумҳур илова намуд, ки иншоот бо тарҳу намои хуб бунёд гардида, корҳои сохтмониро 50 нафар сокинони маҳаллӣ анҷом додаанд.

Бо бунёди сехи заргарии “Одина” наздик ба 35 нафар сокинони  маҳаллӣ, ки аксаран духтарони бешуғл ва хонашин буданд,  пас аз омӯзиши нозукиҳои ин касб соҳиби ҷойи кор ва маоши хуб гардиданд, таъкид шуд дар иттилоия.  

149
Барчаспҳо:
Ховалинг, Тоҷикистон
Покупатель в аптеке

"Авифавир" доруе, ки дар 7 рӯз вируси COVID- ро мекушад, ба дорухонаҳои Ӯзбекистон роҳ ёфт

0
(Таҷдидшуда 15:56 26.09.2020)
Ӯзбекистон аз нахустин кишварҳоест, ки Авифавир дору алайҳи маризии коронавирусро аз Русия дастрас намуд

ДУШАНБЕ, 26 сен — Sputnik. Дар дорухонаҳои кишвари Ӯзбекистон доруи "Авифавир" роҳ ёфт ва он тибқи дорухати табибон ба эҳтиёҷмандон фурӯхта мешавад.

Ӯзбекистон акнун аз нахустин кишварҳоест, ки ба ин дору дастрасӣ пайдо кард.

"Авифавир" дар Русия истеҳсол шуда, онро мутахассисони рус дар мубориза алайҳи маризии коронавирус муассир медонанд.

Маводи доруворӣ бо тамғаи иҷоратии "Авифавир" аз ҷониби Фонди сармоягузории мустақими Русия (РФПИ) ва гурӯҳи ширкатҳои "Химрар" таҳия карда шуд.

“Авифавир”: нахустин доруи зидди COVID-19 дар Русия аз сӯи Вазорати тандурустӣ тасдиқ шуд

Гуфта мешавад, "Авифавир" нахустин доруи мустақими вирусии сохти Русия аст, ки дар озмоишҳои клиникӣ самараи худро нишон додааст.

Дору ба паҳншавии коронавирус дар тамоми бадани инсон халал мерасонад.

Қаблан Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт гуфта буд, ки бидуни ваксина пандемияро комилан мағлуб кардан, имкон надорад.

" "Авифавир" на танҳо доруи антивирусӣ алайҳи коронавирус дар Русия ба қайд гирифта шудааст, балки мумкин аст, умедворкунандатарин доруи зидди COVID-19 дар ҷаҳон бошад",- гуфта буд директори генералии Фонди сармоягузории мустақими Русия (РФПИ) Кирилл Дмитриев.

Бояд гуфт, ки доруи мазкур дар бозори Русия моҳи июн пайдо шуд. Ба гуфтаи табибон, бо истифода аз ин дору, табобати сирояти коронавирус на зиёда аз як ҳафта тӯл мекашад.

0
Барчаспҳо:
маризӣ, дору, Ӯзбекистон
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон