Таджикские сомони и рубли, архивное фото

Бонки миллӣ арзиши рубл, доллар ва евроро барои имрӯз эълон кард

393
(Таҷдидшуда 08:07 10.09.2020)
Бонки миллии Тоҷикистон арзиши сомониро нисбат ба асъори хориҷӣ барои имрӯз эълон кард. Бар пояи овезаҳои бонкҳои кишвар имрӯз арзиши асъори хориҷӣ нисбат ба пули миллӣ каме боло рафтааст

ДУШАНБЕ, 10 сен — Sputnik. Тибқи нишондоди Бонки миллии Тоҷикистон арзиши 1 рубли русӣ барои имрӯз 0.1350 сомонӣ  ва дар бозори нақд бошад 0.1390 сомонӣ нишон дода шудааст.

Ин ниҳод қурби миёнаи фурӯши 1 доллари ИМА дар муассисаҳои қарзии Тоҷикистонро аз  10.3247 то 10.3300 сомонӣ арзёбӣ кардааст. 

Бонки миллӣ қурби миёнаи фурӯши 1 евроро аз 12.1790 то 12.5000 сомонӣ арзёбӣ кардааст.

Дар бонкҳои дигари кишвар, аз ҷумла “Бонки Эсхата” нишондоди асъор  нисбат ба дигарон каме болотар нишон дода шудааст.

Ин бонк хариду фурӯши 1 рублро имрӯз аз 0,1400 то 0,1435 сомонӣ муқаррар кардааст.

Дар “Спитаменбонк” бошад арзиши 1 рубл аз 0.135 то 0.143 ва дар “Алифбонк” бошад 1 рубл аз 0,1365 то 0,1455 сомонӣ нишон дода шудааст.

Дурнамои норушан: долларро дар охири соли 2020 чӣ интизор аст

БМТ огоҳ менамояд, ки “берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст ва риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, сабаби ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашидан мегардад”.

393
Моҳиҳо, акс аз бойгонӣ

"Форел" бо шиногоҳ - яке аз иншооти ҷашнӣ дар Хуҷанд

292
(Таҷдидшуда 18:10 27.09.2020)
Аз ҷумлаи иншооте, ки ба истиқболи 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри бостонии Хуҷанд бунёд мешаванд, тарабхонаи “Форел” дар соҳили рости дарёи Сир арзёбӣ мегардад

ДУШАНБЕ, 27 сен — Sputnik. Тибқи иттилои котиботи шаҳрдории Хуҷанд, раиси шаҳр Маъруф Муҳаммадзода бо раванди сохтмони тарабхонаи “Форел” дар соҳили Сир шинос шуд.

“Тарабхонаи “Форел” барои ҷалби сайёҳон бахусус хориҷиён нигаронида шуда, дар атрофи он барои шаҳрвандон мавзеъҳои истироҳатӣ бунёд карда мешавад. Аз ҷумла бунёди як шиногоҳ ба нақша гирифта шудааст”, - омадааст дар иттилоия.

Манбаъ афзуд, муассиси ширкати “Форел” Муҳсин Шодиев буда, иншоот аз таҳхона ва 2 ошёна иборат буда, дар масоҳат 960 метри мураббаъ сохта мешавад.

Ба иттилои котиботи шаҳрдорӣ, тарабхонаи “Форел” дар рӯзҳои таҷлили Наврӯзи 2021 мавриди истифодабарӣ қарор дода мешавад.

Зикр гардид, ки алҳол дар иншоот наздики 30 нафар фаъолият доранд ва баъди истифодадиҳии он беш аз 25 нафар шаҳрвандон соҳиби ҷойи кори доимӣ мегарданд.

Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода ба роҳбарияти ширкати “Форел” ҷиҳати суръатбахшии босифати корҳо дастуру супоришҳо дода, баҳри ободонии атрофи он, ташкили инфрасохтори сайёҳӣ машварат дод. Таъкид шудааст, ки атрофи иншоот пурра тоза карда шуда, барои мардум шароити созгори истироҳату фароғат дар соҳили дарёи Сир муҳайё гардад.

292
Доктор экономических наук, экс-замминистра сельского хозяйства и продовольствия России Леонид Холод

Холод хатари коҳиши ҳосили картошкаро дар Тоҷикистон шарҳ дод

281
(Таҷдидшуда 16:04 27.09.2020)
Коҳиши ҳосили картошка дар Тоҷикистонро доктори илмҳои иқтисодӣ, собиқ муовини вазири кишоварзӣ ва хӯроквории Федератсияи Русия Леонид Холод шарҳ дод

ДУШАНБЕ, 27 сен — Sputnik. Кишоварзони Тоҷикистон зиёда аз 227 ҳазор тонна картошка ҷамъ оварданд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта тақрибан 78 ҳазор тонна (ё 25%) камтар аст, хабар медиҳад Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ.

Коҳиш ёфтани ҳосили картошка дар Тоҷикистонро, доктори илмҳои иқтисодӣ, собиқ муовини вазири кишоварзӣ ва хӯроквории Федератсияи Русия Леонид Холод инро хабари бад номида гуфт, ҷумҳурӣ ба ин сабзавот вобастагии зиёд дорад.

Иқтисодшинос гуфт, ки чунин вазъ метавонад дар дигар кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ низ ба амал ояд, зеро шароити табиӣ тақрибан якхела буда, сатҳи кишоварзӣ низ ба ҳамин монанд аст. Дар чунин шароит, нархҳо ва имкониятҳои содиротии ҷумҳуриҳои ҳамсоя низ маҳдуд хоҳанд шуд.

"Тибқи қонунҳои муқаррарии бозор, коҳиш ёфтани истеҳсоли ватанӣ ва бад шудани шароити беруна бевосита ба болоравии нархҳо дар бозор оварда мерасонад. Зеро ҳаҷми истеъмоли маҳсулот, ки яке аз маҳсулоти асосӣ мебошад ва маҳсули талаботи сершумор аст, наметавонад хеле кам шавад”, - гуфт коршинос ба Sputnik Тоҷикистон.

Тибқи гуфтаи иқтисодшинос, коҳиши ҷиддии ҳосилнокӣ, метавонад ба бесуботии нарх дар бозор ва ҳамзамон ба воҳима оварда расонад, ки чунин ҳолат хавфнок хоҳад буд.

Ба таъкиди ӯ мақомоти давлатиро лозим аст, ки бозор ва динамикаро аз наздик назорат кунанд ва дар сурати болоравии шадиди нархҳо, диққат диҳанд ва тафтишот гузаронанд.

Илченко: Истеҳсоли картошка барои кишвар вазифаи стратегӣ аст

Номбурда гуфт, бо вуҷуди вазъи мавҷуда, мардум набояд ба вохима афтанд ва харидории зиёд кунанд, зеро дар бозор картошкаи нав пайдо мешавад, ки бояд нархҳоро устувор созад.

281
Барчаспҳо:
истеҳсол, бозор, нарх, картошка, Тоҷикистон
День 29 сентября

Ҷашнҳои рӯзи 29 сентябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

0
(Таҷдидшуда 19:26 28.09.2020)
Рӯзи бисту нӯҳуми сентябр ҳамчун Рӯзи умумиҷаҳонии дил ба ҳисоб меравад. Ҳамчунин ин рӯз ҳамчун Рӯзи байналмилалии духтури касалиҳои гӯшу гулӯю бинӣ мебошад

Рӯзи 29 сентябр дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1829 дар шаҳри Лондон бо фармони Вазири вақти корҳои дохилии ин шаҳр Роберт Пиля политсияи гражданӣ таъсис дода шуд.

День 28 сентября
© Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова Мария

Соли 1973 дар натиҷаи заминҷунбӣ дар Мексика  зиёда аз 700  нафар ба ҳалокат расиданд.

Соли 2000 марди 93-солаи австриягӣ куҳансолтарин одами дунё маҳсуб меёфт, ки мехост ҳуҷҷати ронандагӣ ба даст орад.

Рӯзи 29 сентябр дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 1926 ноҳияҳои Айнӣ, Ашт ва  Нов (ҳозира Спитамен) ташкил ёфтанд.

Соли 2011 ширкати ҳавопаймоии "Сомон Эйр" ҳавопаймои нави худ — "Боинг 737-900"-ро муаррифӣ намуд, ки он дар фазои ИДМ нав пайдо шуда буд.

 

Самолет компании Сомон Эйр, архивное фото
Самолет компании "Сомон Эйр", архивное фото

 

Соли 2013 бо иштироки Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷамоати деҳоти Шугноби ноҳияи Ховалинг мактаб-интернат барои 320 нафар хонанда бо хобгоҳ ва хонаи истиқоматӣ барои омӯзгорон мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

Соли 2015 ба будубоши дивизияи 201-уми ҳарбии Федератсияи Русия дар Тоҷикистон  70 сол пур шуд.

Ҷашнҳои рӯзи 27 сентябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Соли 2015 Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ню-Йорки ИМА дар мубоҳисоти умумии Иҷлосияи 70-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид суханронӣ ва диққати аҳли сайёраро ба ҳалли масъалаҳои ҷаҳонии умумибашарӣ ҷалб намуданд.

Соли 2016 дар Қасри Миллат Эмомалӣ Раҳмон  бо Дабири кулли Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ Николай Бордюжа мулоқот карданд.

 

Встреча Эмомали Рахмона с генеральным секретарем ОДКБ Николаем Бордюжей
Встреча Эмомали Рахмона с генеральным секретарем ОДКБ Николаем Бордюжей

 

Соли 2016 бинои нави Сарраёсати консулии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истифода дода шуд.

Соли 2016 ВАО хабар доданд, ки Тоҷикистон дар раддабандии нави Форуми байналмилалии иқтисодӣ зинаи 77-умро соҳиб шуд.

Ҷашнҳои рӯзи 29 сентябр

  • Рӯзи умумиҷаҳонии дил.
  • Рӯзи байналмилалии духтури касалиҳои гӯшу гулӯю бинӣ.
  • Рӯзи Конститутсия дар Бруней.

Рӯзи 29 сентябр дар Тоҷикистон кӣ ба дунё омадааст

Солҳои (1921-1994)  Шоир Ҳамдам Ҷура.

Соли 1925 Ҳунарманди халқии Тоҷикистон  Нисон Шоулов.

Соли 1951 Қаҳрамони олимпӣ Юрий Лобанов.

Соли 1982 Варзишгар Расул Боқиев.

0
Барчаспҳо:
ҷаҳон, ҷашн, Тоҷикистон