Бонки миллӣ арзиши рубл, доллар ва евроро барои имрӯз эълон кард

© Sputnik / Стас ЭтвешСомони и доллары, архивное фото
Сомони и доллары, архивное фото  - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Бонки миллии Тоҷикистон арзиши сомониро нисбат ба асъори хориҷӣ барои имрӯз эълон кард. Бар пояи овезаҳои бонкҳои кишвар имрӯз арзиши асъори хориҷӣ нисбат ба пули миллӣ каме боло рафтааст

 

ДУШАНБЕ, 14 сен — Sputnik. Тибқи нишондоди Бонки миллии Тоҷикистон арзиши 1 рубли русӣ барои имрӯз 0.1375 сомонӣ  ва дар бозори нақд бошад 0.1410 сомонӣ нишон дода шудааст.

Доллары, рубли и евро - Sputnik Тоҷикистон
Иқтисодшиносон ҷаҳиши рекордии доллар ва евроро пешгӯӣ карданд

Ин ниҳод қурби миёнаи фурӯши 1 доллари ИМА дар муассисаҳои қарзии Тоҷикистонро аз 10.3248 то 10.3300 сомонӣ арзёбӣ кардааст. 
Бонки миллӣ қурби миёнаи фурӯши 1 евроро аз 12.2382 то 12.5000 сомонӣ арзёбӣ кардааст.

Дар бонкҳои дигари кишвар, аз ҷумла “Бонки Эсхата” нишондоди асъор  нисбат ба дигарон каме болотар нишон дода шудааст.

Ин бонк хариду фурӯши 1 рублро имрӯз аз 0,1420 то 0,1440 сомонӣ муқаррар кардааст.

Дар “Спитаменбонк” бошад арзиши 1 рубл аз 0.137 то 0.145 ва дар “Алифбонк” бошад 1 рубл аз 0,1375 то 0,1455 сомонӣ нишон дода шудааст.

Дурнамои норушан: долларро дар охири соли 2020 чӣ интизор аст

БМТ огоҳ менамояд, ки “берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст ва риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, сабаби ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашидан мегардад”.

Лентаи хабарҳо
0