Зарфҳои шишагӣ, акс аз бойгонӣ

Оғози сохтмони корхона: дар Суғд шишаи сайқалёфта истеҳсол мешавад

179
(Таҷдидшуда 17:04 16.09.2020)
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар шаҳраки Меҳрободи ноҳияи Ҷаббор Расулов бо гузоштани санги асос ба корҳои сохтмонӣ дар корхонаи истеҳсоли шиша ва зарфҳои шишагии корхонаи “Суғд кварс” оғоз бахшид

ДУШАНБЕ, 16 сен — Sputnik. Тибқи иттилои котиботи раисиҷумҳури Тоҷикистон, аз рӯйи лоиҳа корхона аз ду хати истеҳсолӣ иборат буда, дар марҳилаи аввал хати истеҳсоли зарфҳои шишагӣ ба кор андохта мешавад, ки иқтидори он дар як шабонарӯз 100 тоннаро дар бар мегирад.

Дар ин хати истеҳсолӣ 80 номгӯи маҳсулоти шишагӣ, аз ҷумла зарфҳои ҳаҷмашон аз 250 грам то 3 литр истеҳсол мегардад. Муҳлати ба кор андохтани хати истеҳсолии мавриди назар як сол буда, он ба истиқболи ҷашни бузурги миллӣ - 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди истифода қарор дода мешавад.

Ба раисиҷумҳур иттилоъ дода шуд, ки дар марҳилаи аввал 150 нафар ва баъди ба кор андохтани хати дуюми истеҳсолии корхона боз 250 нафар, дар маҷмуъ 400 нафар бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин мегарданд.

“Иқтидори истеҳсолии корхонаи шишаи сохтмонӣ бошад, дар як шабонарӯз 15 ҳазор метрии мураббаъ, ё 150 тоннаро ташкил медиҳад. Ғавсии шишаи истеҳсолшаванда дар ин хати истеҳсолӣ аз 2 то 10 миллиметр ва паҳноии он 2,25 метр мебошад. Шишаи сохтмоние, ки дар корхонаи бунёдшаванда тавлид мешавад сайқалёфта буда, истеҳсоли он ҳанӯз дар мамлакат ба роҳ монда нашудааст”, - омадааст дар иттилоия.

Манбаъ таъкид кард, ки ҳудуди умумии коргоҳи “Суғд квартс” дар ноҳияи Ҷаббор Расулов зиёда аз 40 гектарро фаро мегирад. Корхонаи истеҳсоли шиша ва зарфҳои шишагӣ дар масоҳати беш 5 гектар бунёд карда мешавад ва дар боқимонда масоҳат иншооти ёрирасон сохта хоҳад шуд.

179
Барчаспҳо:
сохтмон, корхона, Тоҷикистон
Здание Национального банка Таджикистана, архивное фото

Бонки миллӣ арзиши рубл, доллар ва евроро барои имрӯз эълон кард

396
Бонки миллии Тоҷикистон арзиши сомониро нисбат ба асъори хориҷӣ барои имрӯз 24 сентябр эълон кардааст

ДУШАНБЕ, 24 сен — Sputnik. Тибқи нишондоди Бонки миллии Тоҷикистон арзиши 1 рубли русӣ барои имрӯз 0.1341 сомонӣ  нишон дода шудааст.

Коршинос гуфт, ки чигуна устувории хоҷагии қишлоқ дар Тоҷикистон ба иқтисод таъсир мекунад

Ин ниҳод қурби миёнаи фурӯши 1 доллари ИМА дар  муассисаҳои қарзии Тоҷикистонро аз 10.3282 то 10.3300 сомонӣ арзёбӣ кардааст. 

Бонки миллӣ қурби миёнаи фурӯши 1 евроро аз 12.0747 то 12.5000 сомонӣ арзёбӣ кардааст.

Ин бонк хариду фурӯши 1 рублро имрӯз аз 0.1341 то 0.1390 сомонӣ муқаррар шудааст.

Ҳамин тавр, Бонки миллии Тоҷикистон имрӯз қурби асъори хориҷиро нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон) чунин муқаррар кардааст: 1 доллари ИМА — 10.3282 сомонӣ, 1 евро – 12.0747 сомонӣ, 1 рубли русӣ — 0.1341  сомонӣ.

Дурнамои асъор: иқтисоддонҳо гуфтанд, то соли 2023 бо сомонӣ чӣ хоҳад шуд

БМТ огоҳ менамояд, ки "берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст ва риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, сабаби ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашидан мегардад".

396
Барчаспҳо:
евро, сомонӣ, рубл, қурби асъор, Бонки миллӣ
Денежные купюры.

Коҳиши рублу евро ва ҷаҳиши доллар: Бонки миллӣ арзиши асъори хориҷиро эълон кард

405
(Таҷдидшуда 10:02 23.09.2020)
Бонки миллии Тоҷикистон арзиши сомониро нисбат ба асъори хориҷӣ барои имрӯз эълон кард. Бар пояи овезаҳои бонкҳои кишвар имрӯз арзиши рублу евро дар бозори асъори кишвар дар ҳоли коҳишёбӣ буда, доллар боз гаронтар шудааст

ДУШАНБЕ, 23 сен — Sputnik. Тибқи нишондоди Бонки миллии Тоҷикистон арзиши 1 рубли русӣ барои имрӯз 0.1354 сомонӣ  ва дар бозори нақд бошад 0.1390 сомонӣ нишон дода шудааст.

Ин ниҳод қурби миёнаи фурӯши 1 доллари ИМА дар муассисаҳои қарзии Тоҷикистонро аз 10.3278 то 10.3300 сомонӣ арзёбӣ кардааст. 
Бонки миллӣ қурби миёнаи фурӯши 1 евроро аз 12.1300 то 12.5000 сомонӣ арзёбӣ кардааст.

Дар бонкҳои дигари кишвар, аз ҷумла “Бонки Эсхата” нишондоди асъор  нисбат ба дигарон каме болотар нишон дода шудааст.

Ин бонк хариду фурӯши 1 рублро имрӯз аз 0,1395 то 0,1415 сомонӣ муқаррар кардааст.

Дар “Спитаменбонк” бошад арзиши 1 рубл аз 135 то 143 ва дар “Алифбонк” бошад 1 рубл аз 0,1350 то 0,1440 сомонӣ нишон дода шудааст.

Бонки миллӣ “Тоҷиксодиротбонк” ва “Агроинвестбонк”-ро варшикаста эълом нахоҳад кард

БМТ огоҳ менамояд, ки “берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст ва риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, сабаби ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашидан мегардад”.

405
Барчаспҳо:
евро, доллар, сомонӣ, рубл, қурби асъор, Бонки Миллӣ

Амрико ба хотири қатъи сохтмони “Маҷрои шимолӣ-2” шарик меҷуяд

0
(Таҷдидшуда 21:15 24.09.2020)
Мақомоти Амрико эълон кардааст, ки эътилофи зидди “Маҷрои шимолӣ-2”- ро ташкил хоҳад кард

Нашрияи Die Welt  навиштааст, ки Амрико фишорашро бар зидди ширкатҳое, ки дар лоиҳаи “Маҷрои шимолӣ-2” иштирок доранд зиёд кардааст.

Вазири хорҷаи Амрико Майк Помпео, ахиран эълон кардааст, ки кишвараш барои қатъи сохтмони “Маҷрои шимолӣ-2” эътилоф ташкил хоҳад дод.

Ба гуфтаи вай, ин лоиҳа метавонад вобастагии Аврупоро аз Русия зиёд намояд ва ба амнияти Украин хатар ворид кунад. Ба ҳамин хотир амрико набояд гузорад ин лоиҳа иҷро шавад.

Бояд гуфт, ки Русия борҳо таъкид кард, ки тарҳҳои энержии ин кишвар, аз ҷумла "Маҷрои шимолӣ-2" дар Аврупо бо ҳадафҳои сиёсӣ дучори монеа шудаанд.

Лоиҳаи “Маҷрои шимолӣ-2” бунёди ду лӯлаи газ бо иқтидори умумии 55 миллиард метри мукааб газ дар як сол аз соҳили Русия тавассути баҳри Балтика то Олмонро дар бар мегирад.

Владимир Путин борҳо таъкид кардааст, ки Русия ба лӯла танҳо ба унвони як лоиҳаи иқтисодӣ ишора мекунад. Маскав даъват мекунад, ки онро ҳамчун воситаи таъсирот қабул накунед. Сохтмони “Маҷрои шимолӣ-2” аз ҷониби Олмон, Австрия ва Норвегия фаъолона дастгирӣ карда мешавад.

0
Барчаспҳо:
мақомот, ташкил, эътилоф, Амрико, Русия