Бонки марказии Русия аз интиқоли рекордии пул ба кишварҳои ИДМ хабар дод

© Sputnik / Екатерина ЧесноковаТерминал оплаты банковскими картами и денежные купюры, архивное фото
Терминал оплаты банковскими картами и денежные купюры, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Бонки марказии Русия эълон кард, ки нисбат ба соли 2018 интиқоли рекордии пул ба хориҷ аз кишвар мушоҳида шудааст

ДУШАНБЕ, 18 сен — Sputnik. Бонки марказии Русия эълон кардааст, ки нисбат ба ду соли қабл интиқоли рекордии пул ба хориҷ аз кишвар ба қайд гирифта шудааст, иттилоъ додааст рӯзномаи “Ведемости”.

Глава Нацбанка Таджикистана Джамшед Нурмахмадзода - Sputnik Тоҷикистон
Раиси Бонки миллии Тоҷикистон дақиқ гуфт, интиқоли пул чӣ қадар кам шудааст

Таъкид шудааст, ки дар моҳи июли соли 2020 шаҳрвандони Русия ба хориҷ аз кишвар 837 миллион доллар интиқол додаанд. Дар ҳамин ҳол, қисми аксари маблағ аз ҷумла 686 миллион доллар ба кишварҳои ИДМ интиқол дода шудаанд.

152 миллион доллари боқимонда ба кишварҳои хоириҷи дур интиқол дода шудааст.

Ҳангоми таҳияи омор мутахассисони Бонки марказии Русия аз маълумотҳои ширкатҳои Western Union, "Золотая корона", "Юнистрим", Contact, Blizko (то моҳи апрели соли 2020), инчунин интиқол тариқи "Почта России"-ро истифода карданд.

Ёдарс мешавем, ки ҳаҷми интиқоли пул ба хориҷ аз кишвар дар моҳи март коҳиш ёфта буд ва дар моҳи апрели 2020 ба 302 миллион доллар расида буд.

Ба коҳиш ёфтани интиқоли пул пандемияи вируси корона, басташавии марзҳо дар тамоми ҷаҳон, ҷорӣ намудани қарантина ва қатъи фаъолияти баъзе аз корхонаҳо, таъсир расонд.

Ба ҳамин хотир аксари муҳоҷирони меҳнатӣ дар Русия бекор монданд.  

Лентаи хабарҳо
0