Ювелирные изделия, архивное фото

Раҳмон коргоҳи заргарии "Одина"-ро ба истифода дод

181
(Таҷдидшуда 20:20 25.09.2020)
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Ховалинг бо бардоштани парда аз рӯи лавҳаи рамзӣ ба фаъолияти коргоҳи заргарии “Одина” оғоз бахшид

ДУШАНБЕ, 25 сен - Sputnik. Тибқи иттилои котиботи раисиҷумҳури Тоҷикистон, коргоҳи заргарӣ "Одина" дар мавзеи Чилчанор ҷойгир буда, ба ифтихори 30-солагии Истиқлоли давлатӣ бунёд шудааст.

Манбаъ афзуд, коргоҳи заргарии "Одина" аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Абдуқаюм Каримов бунёд гардидааст.

Иттилоъ дода шуд, ки  коргоҳи заргарӣ дар назди Кооперативи тиҷоратии “Артели заршӯии Одина” бунёд гардида, дар он ду утоқи коркарди зар ва ду мағозаи фурӯши ҷавоҳирот фаъолият мекунад.

"Дар ноҳияи Ховалинг барои ноил гардидан ба ҳадафи чоруми миллӣ - саноатикунонии босуръати мамлакат тадбирҳои судманд пеш гирифташуда, тибқи нақша то ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон боз чанд коргоҳи хурду бузурги саноатӣ сохта, мавриди истифода қарор дода мешавад", - омадааст иттилоия.

Котиботи раисиҷумҳур илова намуд, ки иншоот бо тарҳу намои хуб бунёд гардида, корҳои сохтмониро 50 нафар сокинони маҳаллӣ анҷом додаанд.

Бо бунёди сехи заргарии “Одина” наздик ба 35 нафар сокинони  маҳаллӣ, ки аксаран духтарони бешуғл ва хонашин буданд,  пас аз омӯзиши нозукиҳои ин касб соҳиби ҷойи кор ва маоши хуб гардиданд, таъкид шуд дар иттилоия.  

181
Барчаспҳо:
Ховалинг, Тоҷикистон
Ёдгор Файзов, раиси ВМКБ, акс аз бойгонӣ

Файзов гуфт, коррупсия дар ВМКБ камтар ва мубориза бо он хуб аст-видео

194
(Таҷдидшуда 14:50 23.10.2020)
Ёдгор Файзов, раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон мегӯяд, дар қаламрави вилоят фасодкорӣ нисбатан кам ба назар мерасад

ДУШАНБЕ, 23 окт - Sputnik. Тибқи иттилои котиботи ҳукумати ВМКБ, Файзов зимни машварати назоратии назди раиси ВМКБ, таъкид кард, ки гарчанде дар вилоят ҳолати коррупсионӣ камтар ба назар мерасад, мубориза бо он аз ҷониби масъулин хуб мушоҳида мешавад.

Грозин гуфт, Раҳмон бояд ба чӣ диққат диҳад: "танҳо бо шиорҳо наметавон аҳолиро сер кард"

Ёдгор Файзов афзудааст, ки одатан коррупсия ба ду категория ҷудо шуда, барои ошкор кардани категорияи дуюм, яъне ғайримақсаднок истифода кардани маблағҳои калон фаъолият рафта истодааст. Файзов ба мақомдорони ВМКБ дастур додааст, ки ба амалҳои ғайриқонунӣ роҳ надиҳанд.

Солеҳ Носирзода, сардори Раёсати назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо фасод дар ВМКБ гузориш додааст, ки тайи 9 моҳ корҳои тарғиботию ташвиқотӣ анҷом дода шуда, минбаъд низ барои пешгирӣ аз амалҳои коррупсионӣ дар ҳамаи зинаҳо чаораандешӣ хоҳанд кард.

194
Барчаспҳо:
вилоят, ВМКБ, Тоҷикистон
Таджикские сомони и рубли, архивное фото

Бонки миллӣ арзиши рубл, доллар ва евроро барои имрӯз эълон кард

287
(Таҷдидшуда 10:08 23.10.2020)
Бонки миллии Тоҷикистон арзиши сомониро нисбат ба асъори хориҷӣ барои имрӯз, 23 октябр эълон кардааст

ДУШАНБЕ, 23 окт — Sputnik. Тибқи нишондодҳои Бонки миллии Тоҷикистон арзиши 1 рубли русӣ барои имрӯз 0.1339 сомонӣ  ва дар бозори нақд бошад 0.1365 сомонӣ нишон дода шудааст.

Ин ниҳод қурби миёнаи фурӯши 1 доллари ИМА дар муассисаҳои қарзии Тоҷикистонро аз 10.3392 то 10.3400 сомонӣ арзёбӣ кардааст. 

Бонки миллӣ қурби миёнаи фурӯши 1 евроро аз 12.2251 то 12.5000 сомонӣ арзёбӣ кардааст.

Дар бонкҳои дигари кишвар, аз ҷумла "Бонки Эсхата" нишондоди асъор нисбат ба дигарон каме болотар нишон дода шудааст.

Ин бонк хариду фурӯши 1 рублро имрӯз аз 0,1390 то 0,1410 сомонӣ муқаррар кардааст.

Дар “Спитаменбонк” бошад арзиши 1 рубл аз 0.134 то 0.141 ва дар “Алифбонк” бошад 1 рубл аз 0,1340 то 0,1430 сомонӣ нишон дода шудааст.

Раиси Бонки миллӣ аз мардуми Тоҷикистон хостааст долларҳоро дар хона нигаҳ надоранд

БМТ огоҳ менамояд, ки “берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст ва риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, сабаби ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашидан мегардад”.

287
Барчаспҳо:
қурби асъор, Тоҷикистон, Бонки миллӣ
Прогулка в дождливую погоду

Дар Кӯлоб қариб 130 гектар ҷангал бунёд шуд

0
(Таҷдидшуда 14:53 23.10.2020)
Давоми соли 2020 дар хоҷагиҳои ҷангали минтақаи Кӯлоб 129,6 гектар ҷангалзори нав ва дар 13 гектар ниҳолхона бунёд карда шудааст

ДУШАНБЕ, 23 окт - Sputnik. Тайи соли равон дар минтақаи Кӯлоб инчунин ҳудуди 399,4 гектар ҷангалзор барқарор гардида, дар  ниҳолхонаҳо парвариши буттаву  дарахтони  гуногун роҳандозӣ шуд, хабар дод “Ховар”.

Ба иттилои манбаъ, ҳоло кормандони хоҷагиҳои ҷангал дар баробари омодагӣ ба мавсими сармо баҳри иҷрои нақшаи ҷамъоварии мева ва гиёҳҳои шифобахш низ кӯшиш ба харҷ дода истодаанд.

“Аз ҳисоби ҷамъоварӣ ва хушконидани меваҳо дар қитъаҳои  махсуси ҷангалзор барои ҳайвоноти ваҳшӣ ва парандагони нодир маводи хӯрокӣ барои зимистон захира карда мешавад”, - омадааст дар иттилоия.

Ба иттилои масъулин, имсол барои зимистонгузаронӣ дар хоҷагиҳои ҷангал аз нақша зиёд коҳу беда ва хӯроки серғизо захира карда шудааст. Таъкид шудааст, ки ҳифзу нигаҳдории ҳайвоноти ваҳшӣ ва парандагони нодир, ки дар ҷангалзор сукунат доранд, вазифаи аввалиндараҷаи кормандони хоҷагиҳои ҷангал мебошад.

0
Барчаспҳо:
Кӯлоб, ҷангал, ҷангалбонҳо, Тоҷикистон