Рубл боз паст шуду доллару евро боло рафт: Бонки миллӣ арзиши асъори хориҷиро эълон кард

459
(Таҷдидшуда 00:37 29.09.2020)
Бонки миллии Тоҷикистон арзиши сомониро нисбат ба асъори хориҷӣ барои имрӯз эълон кард. Бар пояи овезаҳои бонкҳои кишвар имрӯз арзиши рубл дар бозори асъори кишвар дар ҳоли коҳишёбӣ буда, доллар ва евро гаронтар шудааст

ДУШАНБЕ, 29 сен — Sputnik. Тибқи нишондодҳои ҳафтаи равон қурби рубл нисбат ба сомонӣ қариб то чаҳор сомонӣ коҳиш ёфт.

Бонки миллии Тоҷикистон арзиши имрӯ 1 рубли русӣ барои имрӯз 0.1307сомонӣ  ва дар бозори нақд бошад 0.1350 сомонӣ нишон дода шудааст.
Ин ниҳод қурби миёнаи фурӯши 1 доллари ИМА дар муассисаҳои қарзии Тоҷикистонро аз 10.3290 то 10.3300 сомонӣ арзёбӣ кардааст. 
Бонки миллӣ қурби миёнаи фурӯши 1 евроро аз 12.0529  то 12.3000сомонӣ арзёбӣ кардааст.

Дар бонкҳои дигари кишвар, аз ҷумла “Бонки Эсхата” нишондоди асъор  нисбат ба дигарон каме болотар нишон дода шудааст.

Ин бонк хариду фурӯши 1 рублро имрӯз аз 0,1355 то 0,1375 сомонӣ муқаррар кардааст.

Дар “Спитаменбонк” бошад арзиши 1 рубл аз 133 то 137 ва дар “Алифбонк” бошад 1 рубл аз 0,1320 то 0,1400 сомонӣ нишон дода шудааст.

Дурнамои норушан: долларро дар охири соли 2020 чӣ интизор аст

БМТ огоҳ менамояд, ки “берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст ва риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, сабаби ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашидан мегардад”.

459
Барчаспҳо:
евро, доллар, рубл, сомонӣ, қурби асъор, Тоҷикистон
Продавец в магазине считает сдачу

Кормандони бонк баландтарин маош мегиранд: пасттаринро кӣ?

286
Ожонси омори Тоҷикистон мегӯяд, баландтарин маошро дар кишвар кормандони бахши молия, бонкҳо мегиранд

ДУШАНБЕ, 23 окт - Sputnik. Маоши кормандони бахши хадамоти молиявӣ, бонкҳо 3 ҳазору 362 сомониро ташкил медиҳад, хабар дод “Авеста” бо такя ба Ожонси омори назди раисиҷумҳур.

Манбаъ афзуд, ки музди меҳнат дар бахши истихроҷи маъдан ба 2 ҳазору 414 сомонӣ баробар аст.

Маоши пасттаринро дар Тоҷикистон кормандони хоҷагии қишлоқ, ҷангал ва моҳидорӣ мегиранд, ки 553 сомониро ташкил медиҳад.

Маош дар бахши сохтмон 2 ҳазору 382 сомонӣ, соҳаи таъминоти барқу об беш аз 2 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Ҳаҷми музди миёнаи меҳнат дар Тоҷикистон ба 1 ҳазору 256 сомонӣ баробар шудааст.

Манбаъ таъкид кардааст, ки музди воқеӣ бо назардошти таваррум дар моҳи август нисбат ба июл 0,5 дарсад коҳиш ёфтааст.

286
Барчаспҳо:
баланд, Бонк, маош, Тоҷикистон
Ёдгор Файзов, раиси ВМКБ, акс аз бойгонӣ

Файзов гуфт, коррупсия дар ВМКБ камтар ва мубориза бо он хуб аст-видео

436
(Таҷдидшуда 14:50 23.10.2020)
Ёдгор Файзов, раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон мегӯяд, дар қаламрави вилоят фасодкорӣ нисбатан кам ба назар мерасад

ДУШАНБЕ, 23 окт - Sputnik. Тибқи иттилои котиботи ҳукумати ВМКБ, Файзов зимни машварати назоратии назди раиси ВМКБ, таъкид кард, ки гарчанде дар вилоят ҳолати коррупсионӣ камтар ба назар мерасад, мубориза бо он аз ҷониби масъулин хуб мушоҳида мешавад.

Грозин гуфт, Раҳмон бояд ба чӣ диққат диҳад: "танҳо бо шиорҳо наметавон аҳолиро сер кард"

Ёдгор Файзов афзудааст, ки одатан коррупсия ба ду категория ҷудо шуда, барои ошкор кардани категорияи дуюм, яъне ғайримақсаднок истифода кардани маблағҳои калон фаъолият рафта истодааст. Файзов ба мақомдорони ВМКБ дастур додааст, ки ба амалҳои ғайриқонунӣ роҳ надиҳанд.

Солеҳ Носирзода, сардори Раёсати назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо фасод дар ВМКБ гузориш додааст, ки тайи 9 моҳ корҳои тарғиботию ташвиқотӣ анҷом дода шуда, минбаъд низ барои пешгирӣ аз амалҳои коррупсионӣ дар ҳамаи зинаҳо чаораандешӣ хоҳанд кард.

436
Барчаспҳо:
вилоят, ВМКБ, Тоҷикистон
Сироджиддин Бобоев, ученый-фольклор, Института экономики и торговли Таджикского государственного университета коммерции в Худжанде

Даргузашти Сироҷиддин Бобоев, олими фолклоршиноси Донишгоҳи Хуҷанд аз “илтиҳоби шуш”

0
Сироҷиддин Бобоев, олими фолклоршинос ва ноиби декан оид ба корҳои илмии Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд дар синни 55 солагӣ дунёи фониро падруд гуфт

ДУШАНБЕ, 23 окт – Sputnik. Манобеъ аз ДИС ДДТТ бо таъйиди ин хабар ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ки Бобоев чанд рӯзи охир дар Бемористони клиникавии Суғд аз бемории “илтиҳоби шуш” табобат мегирифт, вале субҳи имрӯз фавтид.

“Имрӯз барои мо аз марги бемаҳали Сироҷиддин Бобоев хабар доданд. Шунидани ин хабар мо ҷомеаи омӯзгорони донишкадаро бе ихтиёр андуҳгин намуд”, гуфт яке аз омӯзгорони ДИС ДДТТ дар шаҳри Хуҷанд.

Бино ба иттилоъи манобеъ Бобоев Сироҷиддин аз олимони фолклоршиносе буд, ки дар шаклгирии афкори ҷамъиятии даҳҳо донишомӯзон нақши басо муассир доштааст. Бобоев Сироҷиддин Салоҳович санаи 1 январи соли 1965 дар деҳаи Куми ноҳияи Айнӣ дар оилаи коргар таваллуд шудааст.

Ӯ соли 1989 и факултети таърихи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин (ҳозира Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) ва соли 1995 аспирантураи шӯъбаи рӯзонаи ин донишгоҳ ва соли 1999 факултети иқтисодии Донишгоҳи давлатии Бухороро хатм намудааст. Фаъолияти кориаш бо роҳхати Вазорати маорифи Тоҷикистон ва Донишгоҳи миллии Тоҷикистон соли 1989 чун омӯзгори фанҳои ҷомеашиносии гурӯҳҳои навтаъсиси тоҷикии Донишгоҳи давлатии Бухоро оғоз ёфтааст.

Соли 1997 дар Институти забон ва адабиёти Академияи илмҳои Тоҷикистон дар мавзӯи «Ҷойгоҳи назми шифоҳӣ дар арӯсии тоҷикони Бухоро» рисолаи номзадӣ ҳимоя намуда, номзади илмҳои филологӣ ва соли 2004 ба унвони илмии дотсент сазовор гардида буд.

Солҳои 1999-2004 чун сармуаллими кафедраи назарияи иқтисодии Донишгоҳи давлатии Бухоро ва дар айни замон сардори кафедраи фанҳои ҷомеашиносии Донишкадаи ҳарбигардонидашудаи андози шаҳри Бухоро фаъолият дошт.

Даргузашти Муҳиддин Сангинов, мудири Театри Камоли Хуҷандӣ аз "илтиҳоби шуш"

Сипас ба Хуҷанд омад. Аз соли 2004 дотсенти кафедраи адабиёти классикии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, аз соли 2005 мудири кафедраи назарияи иқтисодӣ, менеҷмент ва фанҳои ҷомеашиносии Шуъбаи хуҷандии Донишкадаи андоз ва ҳуқуқ (ҳоло Донишкадаи иқтисодии Тоҷикистон) ва аз соли 2006 ҷонишини директор оид ба илм дар ин донишкада буд.

Номбурда аз соли 2005 устоди муштараквазифаи Комплекси ягонаи таълимии ДДТТ дар Хуҷанд (ҳоло Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ) фаъолияти пурсамар дошт. Солҳои 2010-2017 вазифаҳои мудири шуъбаи илм ва магистратура, мудири кафедраи забонҳои тоҷикӣ ва русӣ, мудири кафедраи ҷомеашиносӣ фаъолият дошт ва аз 1-уми сентябри соли 2018 муовини декан оид ба корҳои илмиро дар факултети тиҷорат, фаъолияти гумрукӣ ва ҳуқуқи Муассисаи давлатии таълимии Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷандро бар ӯҳда дошт.

Дар чандин конфронсҳои ҷумҳуриявӣ ва байналхалқӣ ширкат варзида, дар доираи барномаҳои байналмилалӣ дар донишгоҳҳои Фаронса ва Ирландия курси такмили ихтисос гузашта буд. Дар кори Шӯрои диссертатсионии назди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров низ ба сифати аъзо фаъол буд ва дар муҳокимаи рисолаҳои номзадӣ пурсамар ширкат меварзид.

Марҳум соҳибунвони “Аълочии маорифи Тоҷикистон” буда, муаллифи зиёда аз 45 асари илмӣ ва илмӣ-методӣ аст, ки назаррастарини онҳо монографияҳои “Ҷойгоҳи назми шифоҳӣ дар тӯйи арӯсии тоҷикони Бухоро” ва “Таҳаввулоти таърихии андозҳои Осиёи Марказӣ”-иянд.

Мотам дар оилаи Тураевҳо: даргузашти тоҷири маъруф, ки “илтиҳоби шуш” дошт

Бобоев Сироҷиддин Салоҳович ахиран дар вазифаи муовини декан оид ба корҳои илмии Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд фаъолияти назаррас дошт. Шуморе аз дӯстону ҳампешаҳои Бобоев, хабари даргузашти ӯро тасдиқ намуда гуфтанд, ки ба аҳли хонаводаи марҳум сабри ҷамил мехоҳанд. Қарор аст, пагоҳ ҷанозаи Сироҷиддин Бобоев бо иштироки фарзандонаш дар ноҳияи Айнӣ баргузор гардад.

0
Барчаспҳо:
даргузашт, олим, Суғд, Тоҷикистон