Аз чангкашак то телевизор: ифтитоҳи корхонаи муштараки Тоҷикистону Ӯзбекистон дар Душанбе

© Sputnik / Евгений Одиноков / Гузариш ба медиабонкВ магазине бытовой техники, архивное фото
В магазине бытовой техники, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар Душанбе корхонаи истеҳсоли техникаи маишӣ ифтитоҳ гардид, ки чангкашак, обгармкунак, телевизор ва мошини ҷомашӯӣ истеҳсол мекунад

ДУШАНБЕ, 30 сен — Sputnik. Дар шаҳри Душанбе дар доираи сафари сарвазири Ӯзбекистон Абдулло Орипов ба Тоҷикистон корхонаи муштараки истеҳсоли техникаи маишии "Артел Авесто Электроникс" ба истифода дода шуд.

С 1 января 2019 года Россия перейдет на цифровое телевидение  - Sputnik Тоҷикистон
Дар Хуҷанд коргоҳи истеҳсоли телевизор, яхдон ва кондитсионер бунёд мешавад

Дар маросими ифтитоҳи он раиси шаҳри  Душанбе Рустами Эмомалӣ, сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва сарвазири Ӯзбекистон Абдулло Орипов ширкат намуда, бо раванди истеҳсолот дар корхонаи муштарак ошно гардидаанд, хабар медиҳад АМИТ "Ховар".

Ин корхонаи муштарак аз ҷониби ширкати Ӯзбекистон "Artel Engineering and Management" ва ширкати ватании "Авесто Гурӯҳ" сохта шудааст.

Ҳамин тавр, моҳи феврали соли 2019 корхонаи муштаркаи "Артел Авесто  Электроникс" дар шакли Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуд бо иштироки ҳиссавии байни ду ширкат  дар  ҳаҷми 50/50- фоизӣ ташкил карда шуд.

Гуфта мешавад, хати истеҳсолӣ, ки дар он 43 номгӯй таҷҳизот ва 129 комплекти мол ва ашё пешбинӣ карда шудааст, асосан аз кишварҳои Ӯзбекистон, Русия, Корея ва Чин таҳвил ва насб карда шудааст.

Дар доираи мувофиқаи шарикони тиҷоратӣ  раванди истеҳсолот  дар ду марҳила интихоб гардида, дар марҳилаи якум истеҳсоли ду намуди чангкашак ва чор намуди обгармкунак, дар марҳилаи  дуюми  истеҳсолӣ телевизор ва мошинаи либосшӯӣ истеҳсол карда мешавад.

"Алҳол марҳилаи якуми хати истеҳсолӣ ба фаъолият шурӯъ намуда, чангкашак ва  обгармкунак  истеҳсол мегарданд", - омадааст дар хабарнома.

Ба гуфтаи масъулини корхона, маҳсулоти истеҳсолшаванда  дорои муҳлати кафолати 3-сола мебошад.

Манбаъ афзуда, ки шумораи умумии кормандони корхонаи муштараки "Артел Авесто Электроникс" дар ду марҳила беш аз 100 нафарро ташкил дода, музди маоши миёна  1500 сомониро ташкил хоҳад дод.

Ҳамзамон 9 нафар  кормандони корхонаи муштарак соли 2019  зарфи як моҳ дар шаҳри Тошканд  ба таҷрибаомӯзӣ фаро гирифта шуда,  бо тартиби  идоракунии техника ва таҷҳизоти  хати истеҳсолӣ  ва истифодаи самараноки  ашёи хом  шинос гардидаанд.

Лентаи хабарҳо
0