Сомони и рубли, архивное фото

Бонки миллӣ арзиши рубл, доллар ва евроро барои имрӯз эълон кард

411
(Таҷдидшуда 09:52 02.10.2020)
Бонки миллии Тоҷикистон арзиши сомониро нисбат ба асъори хориҷӣ барои имрӯз, 2 октябр эълон кардааст

ДУШАНБЕ, 2 окт — Sputnik. Тибқи нишондоди Бонки миллии Тоҷикистон арзиши 1 рубли русӣ барои имрӯз 0.1335 сомонӣ  нишон дода шудааст.

Иқтисодшиносон ҷаҳиши рекордии доллар ва евроро пешгӯӣ карданд

Ин ниҳод қурби миёнаи фурӯши 1 доллари ИМА дар  муассисаҳои қарзии Тоҷикистонро аз 10.3295 то 10.3300 сомонӣ арзёбӣ кардааст. 

Бонки миллӣ қурби миёнаи фурӯши 1 евроро аз 12.1485 то 12.3000 сомонӣ арзёбӣ кардааст.

Ин бонк хариду фурӯши 1 рублро имрӯз аз 0.1335 то 0.1360 сомонӣ муқаррар шудааст.

Ҳамин тавр, Бонки миллии Тоҷикистон имрӯз қурби асъори хориҷиро нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон) чунин муқаррар кардааст: 1 доллари ИМА — 10.3295 сомонӣ, 1 евро – 12.1485 сомонӣ ва 1 рубли русӣ — 0.1335 сомонӣ.

Дурнамои асъор: иқтисоддонҳо гуфтанд, то соли 2023 бо сомонӣ чӣ хоҳад шуд

БМТ огоҳ менамояд, ки "берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст ва риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, сабаби ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашидан мегардад".

411
Барчаспҳо:
доллар, сомонӣ, рубл, қурби асъор, Тоҷикистон
Ёдгор Файзов, раиси ВМКБ ҳангоми мулоқот бо ризокорон дар Хоруғ

Ташкили колхозу кооператив ба ҷои хоҷагиҳои оилавӣ: пешниҳоди ҳукумати ВМКБ

1548
(Таҷдидшуда 20:58 23.10.2020)
Ҳукумати Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон аз натиҷаи машварати назоратии назди раиси вилоят гузориш дод, ки хоҷагиҳои деҳқонӣ ё худ оилавӣ дар вилоят таҷдиди сохтор шаванд

ДУШАНБЕ, 23 окт - Sputnik. Ҳукумати ВМКБ теъдоди хоҷагиҳои хурди деҳқонӣ ё худ оилавиро 15 ҳазору 844 адад гуфта, фаъолияти онҳоро ноустувор ва нокифоя хондааст.

Бар асоси иттилоияи нашркардаи мақомоти ВМКБ, гузаронидани ислоҳоти соҳаи кишоварзӣ ва таҷдиди хоҷагиҳо - ташкили кооперативҳои истеҳсолию колхозҳо зарур аст. Манбаъ илова намудааст, ки инчунин зиёда аз 1300 гектар замин солҳои дароз дар зери сохтмон ҳастанд, вале ҳанӯз аз ҳисоботи омори замини кишт бароварда нашудаанд

Ин дар ҳолест, ки қаблан низ Ёдгор Файзов, раиси ВМКБ,  барои истифодаи самараноки заминҳои мавҷуда ва таъмини бозор бо маҳсулоти кишоварзӣ  ташкили ассотсиатсияҳо ва кооперативҳои деҳқониро пешниҳод карда буд.

“Хочагиҳои деҳқонии инфиродӣ имрӯз дар вилоят зиёда аз 16 ҳазор ҳастанд, вале ҳиссаи ҷамъи замин ба ҳар яки онҳо 0,10 ҳисса мерасад. Ба ин хотир ассотсиатсияҳо ё кооперативҳои хоҷагиҳои деҳконӣ таъсис додан зарур аст. Ин омил имкон медиҳад, на танҳо ҳисобу китоби фаъолият, балки тавлиди зиёди ҳосили рӯёнда ва андозбандии онҳо, ҳамзамон хизматрасониҳои дигар ба онҳо беҳтар ба роҳ монда мешаванд", - омада буд дар изҳороти Файзов, ки котиботи ҳукумати ВМКБ нашр карда буд.

1548
Барчаспҳо:
ВМКБ, пешниҳод, Тоҷикистон
Премьер-министр Таджикистана Кохир Расулзода

Баррасии таъмини барқу гармӣ дар Душанбе: Расулзода гуфт, зимистон бе мушкилӣ сипарӣ шавад

113
(Таҷдидшуда 19:39 23.10.2020)
Қоҳир Расулзода, сарвазири Тоҷикистон, бо омодагиҳо ба зимистон дар шаҳри Душанбе шинос шуда, аз Маркази барқу гармидиҳии Душанбе-2 боздид кард

ДУШАНБЕ, 23 окт - Sputnik. Барои фаъолияти Маркази барқу гармидиҳии “Душанбе-2” дар зимистони оянда бояд 1 миллиону 300 ҳазор тонна ангишт захира карда шавад, ки то имрӯз дар анборҳои Марказ беш аз 922 ҳазор тонна ангишт захира гардидааст, хабар дод “Ховар”.

Манбаъ афзуд, ки Расулзода дар Маркази барқу гармидиҳии Душанбе -2 ҷаласа баргузор карда, тақвият бахшидани ҷараёни кашонидани ангишт ва захираи онро талаб кардааст.

Расулзода ҳамчунин ҷоннок намудани фаъолияти иншооти барқу гармидиҳӣ, пайваст намудани иншооти таъйиноти гуногун бо шабакаҳои гармидиҳӣ ва дигар масъалаҳоро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор додаст.

“Барқи тоҷик”: маҳдудият нест, санҷиши профилактикӣ аст

“Барои бе мушкилот сипарӣ намудани давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2020-2021 аз  масъулони Вазорати саноат ва технологияҳои нав, Вазорати энергетика ва захираҳои об, Ширкати «Барқи тоҷик» ва дигар сохторҳо ҷоннок намудани фаъолият тақозо карда шуд”, - омадааст дар иттилоия.

Нурекская ГЭС
© Официальная страница пресс-службы президента РТ в Facebook

Манбаъ илова намуд, ки дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2020-2021 дар шаҳри Душанбе шумораи иншооте, ки бо гармӣ таъмин карда мешаванд, 2511 ададро ташкил медиҳад, ки аз ин 1269 иншоот дар ноҳияи Сино, 500 иншоот дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ, 500 иншоот дар ноҳияи Шоҳмансур ва 242 иншоот дар ноҳияи Фирдавсӣ ба қайд гирифта шудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 331 иншоот зиёд мебошад. Дар маҷмӯъ то имрӯз 98 дарсади иншооти ба қайд гирифташуда барои қабули гармӣ омода карда шудаанд.

Боз торикӣ: чаро Тоҷикистон маҳдудияти нерӯи барқро ҷорӣ кард ва он то кай идома меёбад

Таъкид шудааст, ки барои ба Шабакаҳои гармидиҳӣ пайваст намудани қариб 300 иншооти дигар корҳо идома доранд.

113

Ҳабиб урён ва Гейҷи бо ниқоб: навори вазнченкунии размикорон

0
(Таҷдидшуда 16:46 24.10.2020)
Қабл аз муҳорибаи дарпешистодаи Ҳабиб Нурмуҳаммадов а Ҷастин Гейҷӣ, маросими вазнченкунии онҳо баргузор шуд

ДУШАНБЕ, 24 окт – Sputnik. Қаҳрамони UFC дар вазни сабук Ҳабиб Нурмуҳаммадов имрӯз бори саввум барои ҳифз намудани камрбанди қаҳрамонияш талош мекунад. Қабл аз муҳориба, ҳар ду размикорро болои тарозу бароварда, вазнашонро санҷиданд.

Бар тибқи натиҷаи маросими вазнченкунӣ, Ҳабиб ва Гейҷи вазни баробар доштанд. Ҳар ду варзишгар 70 килограмму 300 грам вазн доранд.

Ҳабиб тамоман урён  болои тарозу баромад ва каме ҳаяҷонзада ҳам буд. Гейҷӣ бошад, бо ниқоби тиббӣ ва табассумкунон вазнашро санҷид.

Муҳорибаи онҳо шоми имрӯз соати 21:00 ба вақти Маскав ва 23:00 ба вақти Душанбе доир мешавад.

Ҳабиб ҳоло ҳамаи муҳорибаҳояшро бидуни мағлубият анҷом додааст. Рақиби ӯ бошад ҳамагӣ ду маротиба рақобатро бохт.

0
Барчаспҳо:
вазн, муҳориба, Ҳабиб Нурмуҳаммадов