Денежные купюры.

Маъмултарин асъорҳо барои амонатгузорӣ номбар шуданд

61
(Таҷдидшуда 20:25 07.10.2020)
Коршиносони ташкилотҳои қарзӣ гуфтанд, ки маъмултарин асъорҳо барои пасандоз дар байни русҳо кадом аст

ДУШАНБЕ, 7 окт — Sputnik. Сокинони Русия тақрибан 89% пасандозҳои худро бо рубл нигоҳ медоранд, менависад РИА Новости бо истинод ба маълумоти ташкилотҳои қарзӣ.

Гуфта мешавад, ки русҳо бақияи маблағҳоро бо доллар ва евро пасандоз мекунанд ва ба асъори дигар муштариён хеле кам муроҷиат мекунанд.

Ҳамин тариқ, дар бонки "Руский стандарт" 98,6% муштариён пули худро бо рубл нигоҳ медоранд, дар "Абсолют банке" 95% пасандозҳояшонро рубл, 4% -и дигарро доллар ва 1% -ро евро ташкил медиҳанд.

Дар Газпромбонк  дороии 88,41% бо рубл, бо доллар камтар аз 10% ва евро камтар аз 2% мебошанд. Ташкилоти қарзӣ гуфтаанд. Ҳамзамон талабот ба фунт стерлинг, франки Швейтсария ва юан низ мавҷуд аст.

Иқтисоддонҳо гуфтанд, ки пасандозҳоро бо кадом асъорҳо нигоҳ доштан беҳтар аст.

Ба гуфтаи таҳлилгарон, аз ҳама фоидаовар франки Швейтсария буд, ки аз аввали соли 2020 нисбат ба рубл 30,5% ҷаҳид.

Дар айни замон, доллар ҳамчун пули шартан зараровар эътироф карда шуд, ки дар тӯли 8 моҳ танҳо 22,9% афзоиш ёфт.

Дурнамои норушан: долларро дар охири соли 2020 чӣ интизор аст

Қаблан коршиносони тоҷик ба нафароне, ки пасандоз кардан мехоҳанд тавсия дода буданд, ки бо ду-се асъор пасандоз кунанд. Зеро ба гуфти онҳо дар сурати коҳиши яке аз асъор дигаре ҷойи ӯро мепӯшонад ва амонатгузор зарар намебинад.

 

61
Барчаспҳо:
евро, доллар, рубл, пасандоз, асъор
Абдуқодир Вализода, раиси тозатаъйини шаҳри Кӯлоб

Барномаи якмиллиардии рушди Кӯлоб ҳамагӣ 55 фоиз иҷро шуд: гузориши Вализода ба Раҳмон

121
(Таҷдидшуда 12:41 28.10.2020)
Абдуқодир Вализода, раиси шаҳри Кӯлоб, дар ҷаласаи Ҳукумат таҳти раёсати Эмомалӣ Раҳмон аз ҷараёни татбиқи барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Кӯлоб барои солҳои 2015-2019, ки арзиши умумии он беш аз 1 миллиард сомонӣ мебошад, гузориш дод

ДУШАНБЕ, 28 окт — Sputnik. Тибқи иттилои котиботи раисиҷумҳури Тоҷикистон, барномаи мазкур 262 лоиҳаро ба маблағи умумии 1 миллиарду 46 миллиону 700 ҳазор сомонӣ, аз ҷумла аз буҷети ҷумҳуриявӣ 237 миллиону 500 ҳазор сомонӣ, буҷети вилоятӣ 5,8 млн сомонӣ, буҷети маҳаллӣ 23,7 млн сомонӣ, маблағҳои худӣ 187,1 млн сомонӣ, маблағҳои сармоягузориҳои дохилию хориҷӣ 592,6 млн сомониро дар бар мегирифт.

Ҷаласаи Ҳукумати Тоҷикистон
дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон

"Ин Барнома аз 5 бахш, аз ҷумла бахши иқтисодӣ -саноат, кишоварзӣ, ҳифзи иҷтимоӣ - маориф, фарҳанг, тандурустӣ, инфрасохтор - таъминот бо оби нӯшокӣ, коммуналӣ, ҳолатҳои фавқулодда ва таъминоти захиравӣ иборат буд", - омадааст дар иттилоия.

Котиботи раисиҷумҳур афзуд, дар давоми амалишавии барнома то ба имрӯз ба маблағи 578 миллиону 871 ҳазор сомонӣ корҳо иҷро гардид, ки 55,3 фоизи нишондиҳандаи барномаро ташкил медиҳад.

"Дар давраи амалишавии Барнома 17 корхона ва коргоҳҳои истеҳсолӣ сохта ба истифода супорида шуданд. Дар соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ 14 лоиҳа ба маблағи 6,9 млн сомонӣ ба нақша гирифта шуда, 4 лоиҳа иҷро, 8 лоиҳа қисман ва 2 лоиҳа иҷро нагардид. Маблағҳои лоиҳаҳои иҷрошуда 1,1 млн сомонӣ ё 15,8 фоизро ташкил дод", - илова кард дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон.

Дар давраи амалишавии барнома дар ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр 14 ҳазору 742 ҷойи кори нави доимӣ ва мавсимӣ таъсис дода шудаст.

Эмомалӣ Раҳмон ба Ҳукумати ҷумҳурӣ, роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ва дигар сохторҳои марбутаи давлатӣ дастур доданд, ки “Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Кӯлоб барои солҳои 2015-2019” босифат ва пурра дар амал татбиқ карда шавад.

121
Барчаспҳо:
рушд, барнома, шаҳри Кӯлоб, Тоҷикистон
Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон

Дастури Раҳмон барои муътадил нигоҳ доштани нархҳо

635
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, имрӯз дар ҷаласаи Ҳукумат масъалаи нарх дар бозорҳои ҷумҳуриро ба миён гузошт

ДУШАНБЕ, 27 окт — Sputnik. Тибқи иттилои котиботи раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва муътадил нигоҳ доштани нархҳо дар бозори истеъмолии кишвар назди мақомдорон вазифа гузоштааст. 

Ҷаласаи Ҳукумати Тоҷикистон
дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон

Дар ин маврид иҷрои қатъии супоришҳои Ҳукумати мамлакат вобаста ба истифодаи самараноки замин, гирифтани ду-се ҳосил аз ҳар як қитъаи он ва дар ин асос зиёд намудани майдони кишти картошка ва зироатҳои дигар, хусусан, ғалладонагиҳо, лӯбиёгиҳо, шолӣ ва ҷуворимаккаи дон ва ғайра зикр шудааст.

Эмомалӣ Раҳмон инчунин таъкид намудаст, ки самарабахш ва оқилона истифода намудани маблағҳои буҷети давлатӣ боиси рушди иқтисоди миллӣ ва баланд шудани сатҳу сифати зиндагии мардуми кишвар мегардад ва аз тамоми роҳбарони вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ масъулияти баландро талаб кардаст.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон аз мақомдорони кишвар пеш аз ҳама амалӣ намудани афзалиятҳои стратегии муҳими давлатӣ, аз ҷумла раҳоии кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ, ба даст овардани истиқлолияти энергетикӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва бехатарии давлат ва саноатикунониро талаб намудааст. 

635
Барчаспҳо:
нарх, Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон
Министр иностранных дел РФ Сергей Лавров

Лавров пас аз алоқа бо як маризи COVID - 19 хонашин шуд

0
(Таҷдидшуда 14:14 28.10.2020)
Ҳамаи вохӯриҳо ва сафарҳои вазири умури хориҷаи Русия, Сергей Лавров ба таъхир гузошта шуд. Феълан аҳволаш хуб аст

ДУШАНБЕ, 28 окт – Sputnik. Вазири умури хориҷаи Русия, Сергей Лавров пас аз суҳбат бо нафари сироятшуда аз коронавирус, хонашин шуд, хабар медиҳад ВКХ ФР.

Вазорати умури хориҷаи Русия, қайд карда, ки айни замон аҳволи вазир хуб аст.

Қайд мешавад, ки ба далели хонашинӣ, ҳамаи вохӯриҳо ва сафарҳои вазири умури хориҷаи Русия, Сергей Равров ба таъхир гузошта шуданд.

Дар баробари ин гуфта нашудааст, ки вазир кай ва бо кӣ суҳбат кардааст.

Сергей Лавров рӯзи 21 март 70-сола шуд. Ӯ аз рӯи синну сол  ба гурӯҳи хавфи баланд, дохил мешавад.

Тибқи фармони амалкунанда, ашхоси синнашон аз 65 боло бояд ба кори фосилавӣ гузаронида шаванд.

Бо вуҷуди ин, вазири корҳои хориҷии Русия фаъолона кор мекарду мулоқот бо ҳамкорон ва боздид аз дигар кишварҳоро идома медод.

Аз ҷумла, 26 октябр Лавров бо сафари расмӣ ба Юнон рафт ва аллакай рӯзҳои 28-29 октябр ӯ бояд ба Сербия сафар мекард.

0
Барчаспҳо:
алоқа, вируси корона, Сергей Лавров
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон